Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳезум? Як халта орд? Ё наққошие дар девор?


Асарҳои рассомони тоҷикро харидорони маҳаллӣ даҳ баробар камтар аз қиммати воқеии онҳо харидорӣ мекунанд. Рассомон мегӯянд, ин маблағҳо ҳатто барои хариди мӯқалам кифоят намекунад.

Ҷонибек Асозода, раҳбари гурӯҳи эҷодии рассомон дар Кӯлоб мегӯяд, агар ӯ барои эҷоди як тарҳи нисбатан хубтар ҳазор сомонӣ сарф кунад, ҳангоми ба фурӯш баровардан харидорӣ маҳаллӣ ба он аз сад сомонӣ бештар нарх намегузорад. Ӯ мегӯяд, ҳангоми ба намоиш гузоштани асарҳояш тамошогарони зиёд пайдо мешавад, вале бо шунидани нархи асар аз харидорӣ даст мекашад.

Ҷонибек Асозода, раҳбари гурӯҳи эҷодии рассомон дар Кӯлоб.
Ҷонибек Асозода, раҳбари гурӯҳи эҷодии рассомон дар Кӯлоб.
Асозода мегӯяд: «Нафарони зиёд харидор мешаванд, вале бовар кунед, ба нархе, ки онҳо харидор мешаванд, ба гуфти ҳамон савдогарон харҷро пур намекунад. Барои як расм даҳҳо навъ ранг, коғази хуб, чуб барои чорчуба, вақту андеша ва чанд чизи дигар сарф мешавад. Харидорон як нархе мекунанд, ки бовар кунед, ба заҳматҳои рассом таҳқир аст.»

Ин рассом мегӯяд, то ҳол ёд надорад, ки ягон сокини маҳаллӣ асари рассомиро бо нархи дилхоҳ харидорӣ карда бошад. Ин аст, ки ин рассом ва ҳамкасбони дигараш рӯзашонро бештар аз пушти тарроҳиҳои фармоишии ҳукумати маҳаллӣ ва ширкатҳои хусусё пеш мебаранд.

Албатта дар байни сокинони нафароне низ падо мешаванд, ки ошиқи наққошӣ ҳастанд ва охирин пулҳои худро дар харидории маҳсули дасти рассоме сарф мекунанд. Сангмад Дониёров, як сокини кӯҳансоли Кулоб мегӯяд, ин ки ҳунари наққошӣ ва ё суратгарӣ дар байни мардуми минтақа роиҷ нашудааст, танҳо як далел дорад: мардум нодор ҳастанд ва ҳангоми харидории расме дар ростои интихоб қарор мегиранд, ки як халта орд бигиранд ва ё расми писандидаро дар девори хона биовезанд.

Ӯ мегӯяд: «Ин корҳо аз мастӣ ва сериву пурӣ мешавад. Ҳозир дар сад, дусад сомоние, ки як сурат мехарӣ хубтараш ҳезум харидан даркор аст. Вақте ки ҳама ҷиҳата серу пур ҳастӣ он гоҳ дар фикри харидани расму дигар зебоиҳо мешавӣ. Ҳозир мардуми мо дар фикри он аст, ки аз куҷо як бурда нон барои зиндагияш пайдо кунад, куҷо расад, ба харидории суратҳо.»

Зуҳро Холова, сокини дигари Кӯлоб мегӯяд, ҳоло барои ороиши хонаҳо садҳо акси истеҳсоли Чин аст, ки онҳоро метавон бо нархи арзон харидорё кард.

Ӯ гуфт: «Ҳозир мо дар бари деворҳо акси ягон манзараро мечаспонем, ки дар бозор 20 то 50 сомонӣ нарх дорад. Инҳо акси ягон шар-шара ё ҷангалзор ҳастанд. Аз ин зиёд бо пули зиёдтар як суратро харидан бароямон номумкин аст.»

Ҷонибек Асозода, рассоми маҳаллӣ мегӯяд, афроди камбизоатро дакр мекунад, ки имкони харидории расмро надоранд, аммо афроди сарватмандро чӣ шудааст, ки ҳунарро дарк намекунанд ва ба қадри рассом намерасанд. Ӯ мегӯяд: «Сарватмандҳо зиёданд, ки барояшон харидории асари як рассом ҳеҷ мушкил надорад. Аммо онҳо завқ надоранд ва ба муҳтавои асарҳо сарфаҳм намераванд. Завқи онҳо ба чизҳои беарзиш аст. Хонаҳои чандошёна месозанд, вале тамоми хонаҳояшонро бигардӣ дар деворҳояшон як асари рассомӣ овезон нест. Ба ҷойи ин онҳо қолинҳои қимматбаҳо, корду шамшер ва дигар чизҳоро меовезанд, ки аз завқи пасташон гувоҳи медиҳад.»

Наргис Шарипова.
Наргис Шарипова.
Бо вуҷуде, ки маҳсули эҷодиёти рассомон харидори зиёд надорад, аммо ҷавононе, ки мехоҳанд, ин касбро аз бар кунанд, кам нестанд. Наргис Шарипова, ҷавондухтарест, ки ба касби рассомӣ шавқ дорад. Ӯ мегӯяд, умед дорад, ки рӯзе касби рассомӣ қадр пайдо мекунад ва расмҳои онҳо харидор пайдо мекунад.

Рассомони маҳаллӣ мегӯянд, воқеан, дар Тоҷикистон бозори фурӯши асарҳои рассомӣ вуҷуд надорад ва онҳо талош мекунанд, то барои расмҳояшон дар хориҷ аз кишвар харидор пайдо кунанд.

Дар ҳоле, ки рассомони маҳаллӣ дар пайи харидор мегарданд, вазъи ҳамтоҳои онҳо дар Душанбе беҳтар аст. Дар пойтахт пайваста намоишгоҳи рассомони шинохта баргузор мешаванд ва наққошиҳои онҳо бо қиматҳои баланд ба фурӯш мераванд.

Ҷонибек Асозода низ мехоҳад корҳои худро дар пойтахт ба намоиш гузорад. Аммо то расидан ба пойтахт бояд як миқдор пул ҷамъ кунад, то пули толорро, нашри даъватномаҳо ва эълону таблиғотро бидиҳад. Ӯ ҳоло бояд сабр кунад, то наққошӣ бар бастаи ҳезум ва ҳунар бар халтаи орд пирӯз шавад.

XS
SM
MD
LG