Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемории рӯда ва хомӯшӣ. Ҷавонони маризро кӣ ба артиш фиристод?


Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон аз мақомоти тандурустӣ интиқод кардааст, ки дар ҷараёни ҷалби ҷавонон ба артиш, ба чанд ҷавони мариз иҷозаи хидматро додаанд. Интиқод дар ҳоле садо дод, ки дар ҷумҳурӣ даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш, як маъракаи мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа ва матбуот, хотима ёфт.

Дар миёни маризиҳои ошкоршуда илтиҳоби шуш, илтиҳоби кӯррӯда, захми меъдаву хунравӣ ва ҳам хомӯшӣ ё тағйири вазъи рӯҳӣ номбар шудааст.

Баҳои 2

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, ба кори табибони комиссариатҳои ҳарбӣ баҳои ду ё ғайриқаноатбахш дода, гуфтааст, дар ҳафт ҳолат ҷавонони гирифтори бемориро ба хидмат фиристоданд. Ба қавли ӯ, вуҷуди маризӣ дар ҷисми наваскарон баъд аз қонунӣ шудани хидмати онҳо ошкор шудааст. Ин интиқод дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар рӯзи 2 декабр садо дод.

Азим Иброҳим
Азим Иброҳим

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 5 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, илова ба ин, дар ҷаласа масоили дигари марбут ба хидмат дар артиш ҳам баррасӣ шуд. Ӯ гуфт, "ин проблемаҳо вобаста ба муайян кардани шахсияти даъватшавандаҳо, сари вақт ҳозир нашудани баъзе аз ҷавонон ба коммиссияҳои даъват, бақайдгирии ҷавонон, муайян намудани теъдоди захираҳои эҳтиётӣ ва амсоли инҳо буд".

Вазорати тандурустӣ: беморӣ баъдан хуруҷ кардааст

Дар вокуниш ба изҳороти муовини нахуствазири Тоҷикистон, мақомоти тандурустӣ аз кори мутахассисонашон ҳимоят карда гуфтанд, фаъолияти имсолаи комиссияҳои тиббии даъвати артиш нисбат ба солҳои гузашта ба маротиб беҳтар буд. Насим Олимов, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд эродҳои Азим Иброҳим то ҷое асос доранд, вале 7 ҳодисаи ошкоршуда наметавонад баёнгари вазъи куллӣ бошад.

Олимов рӯзи 5 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар миёни маризиҳои ошкоршуда илтиҳоби шуш, илтиҳоби кӯррӯда ва захми меъдаву хунравӣ номбар шудааст. "Ё боз гуфтанд, ки яке аз наваскарон гӯё гирифтори бемории рӯҳӣ бошад, аммо гирифтори ин беморӣ, ки мутизм ё хомӯшӣ ном дорад, бояд дар вақти санҷиш хобаш барад. Бино ба иттилои баъзе сарчашмаҳо, наваскари гирифтори ин беморӣ тариқи "облава" ба хидмат сафарбар шудааст ва ӯ на қайди амбулаторӣ дорад, на қайди дармонгоҳӣ. Чун вақти ӯро муоина карданд, дар ҳақиқат солим баромадааст. Вале агар зина ба зина гирем, аз 7 нафар 6 нафараш метавонад пагоҳ гирифтори ин гуна бемориҳо шаванд", - шарҳ дод муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Аз 10 нафар 1 ҷавон бемор аст?

Ба иттилои Насим Олимов, имсол аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 1160 нафар наваскари солим ба хидмат ҷалб шуда, ба 106 нафар ва ё ба тахминан аз 10 як нафарашон бо сабаби доштани беморӣ иҷозаи хидмат дар артиш дода нашудааст. Дар гузашта, соли 2003 ҳам Вазорати дифоъ аз комиссариатҳои ҳарбии Кӯлоб интиқод карда буд, ки ҷавонони беморро ба артиши миллӣ сафарбар мекунад. Дар номаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ он сол аз ҳодисаи ба артиш даъват шудани 7 аскари мубтало ба марази сил изҳори нигаронӣ шуда буд.

Эмомиддин Холов
Эмомиддин Холов

Коршиносон мегӯянд, як сабаби гоҳо ба артиш роҳ ёфтани сарбозони бемор дар мушкили иҷрои нақшаи даъват ба хидмат аст. Вақте ҷавонҳои зиёд аз хидмат дар артиш бино ба сабабҳои вуҷуди меҳтарсолорӣ ва ё таъминоти заифи иҷтимоӣ "мегурезанд", мушкили иҷрои нақша пеш меояд.

Самадова: Хунукназарӣ сабаби маъюбии ду нафар шуд

Барои матбуот омори дақиқи вуҷуди беморӣ дар миёни сарбозони аз санҷиши тиббӣ гузашта дастрас нест ва созмонҳои ҷамъиятие, ки бо ин масъала кор мебаранд, мегӯянд, танҳо дар ҳолати аз онҳо кумак хостани мардум аз вуҷуди мушкил огаҳ мешаванд. Дилрабо Самадова, раиси Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, мегӯяд, дар солҳои гузашта ба созмони онҳо чандин сарбоз шикоят кард, ки дар натиҷаи беаҳамиятии табибони комиссияҳои даъватӣ саломатиашонро аз даст додаанд. Вай барои мисол аз қазияи Эмомиддин Холов – сарбозе ёдовар шуд, ки аз норасоии шадиди гурда ранҷ мебурд.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Ба қавли Дилрабо Самадова, Холовро тариқи “облава” ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда, аз муоинаи тиббӣ ҳам нагузаронидаанд, дар ҳоле ки ӯ қаблан аз бемории гурда азият мекашид. Эмомидин Холов тирамоҳи соли 2015 ба хизмати ҳарбӣ рафта, пас аз 12 рӯзи адои хизмат аз дарди гурда шикоят кард ва дар натиҷа ба бемористон афтод. Модараш донори ӯ шуд ва як гурдаашро ба ӯ пайванд карданд. Самадова афзуд, аз сабаби “хунукназарӣ”-и кормандони комиссариати ҳарбӣ, ки дидаву дониста Холовро ба хидмат гусел карданд, ду нафар, яъне ҳам писар ва ҳам модар маъюб шуданд.

"Худи ҷавонҳои бемор ҳам бояд бо санад мусаллаҳ бошанд"

Ин ҳомии ҳуқуқ, ки дар таҷрибааш бо 6-7 ҳолати хунукназарии комиссияҳои ҳарбӣ вохӯрдааст ва мегӯяд, "ин гуна ҳодисаҳо бисёранд, вале ҳодисаҳое, ки наваскарон ба бемориҳои сахт гирифтор шудаанд, 6-7 нафарро ташкил медиҳанд." Дилрабо Самадова бар он аст, ки дар чунин ҳолатҳо айб аз ду ҷониб, ҳам наваскар ва ҳам аъзои комиссияи даъватӣ мебошад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, "аз як тараф дар комиссариатҳо шароити пурра аз ташхис гузарондани сарбозон мавҷуд нест ва аз тарафи дигар худи ҷавонон қаблан аз назари пизишкон гузашта, санадҳои бемориашонро дуруст намекунанд. Агар санади беморӣ дуруст бошад, комиссияҳо аз рӯи ҳуҷҷат муайян мекунанд, ки даъватшуда қобили хидмати ҳарбӣ ҳаст, ё не."

Ҳамасола дар Тоҷикистон дар ду мавсим, даъвати баҳорӣ дар моҳҳои апрел-май ва даъвати тирамоҳӣ дар моҳҳои октябр-ноябр, ҷавонон ба артиш ҷалб карда мешаванд. Солҳои гузашта аз чандин мавриди ҷалби иҷбории ҷавонон гузориш шуда буд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG