Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз сарбозшикор. Ин бор ҷавони хидматкардаро бурданд. ВИДЕО


Алишер Қосимов мегӯяд, барои муолиҷаи меъдааш аз Русия ба Тоҷикистон баргаштааст.

Як ҷавон аз ноҳияи Шаҳринав мегӯяд, кормандони комиссариати низомии ноҳия субҳи 11-уми ноябр "ғайриқонунӣ ба хонаи онҳо даромада" ва хостаанд, ки ӯро ба артиш баранд. Алишер Қосимови 25-сола иддао дорад, ки барои муолиҷаи меъдааш аз Русия ба Тоҷикистон баргаштааст. Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи комиссариати ҳарбӣ ва шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шаҳринав натиҷа надод. Мақомоти Вазорати дифоъ мегӯянд, касеро аз роҳу бозор ва ё дар дохили хона боздошт карда, ба артиш намебаранд, "чун бар асоси қонун мумкин нест". ​

Алишер Қосимов, сокини кӯчаи Сомонии ноҳияи Шаҳринав, рӯзи 11-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чанде аз кормандони комиссариат бе иҷоза вориди хонаашон шуда, ба қавли ӯ кӯдакону занони оиларо тарсонидаанд: "Дарвоза маҳкам буд. Аз девор гузашта, ба хона даромадаанд. Ду келинро бо кӯдаконашон тарсонидаанд. Кӯдакон яксола ва дусола ҳастанд.”

Қосимов видеоеро ба Радиои Озодӣ фиристод, ки лаҳзаи даъвову кашмакаши ду занро бо кормандони милиса нишон медиҳад. Дар видео дида мешавад, занон фарёд мекашанд ва кормандони милиса як ҷавони дигарро, ки ба гуфтаи Алишер Қосимов бародараш аст, ба мошин савор карда мебаранд.

Видеоро дар ин ҷо бинед:

Даъвову кашмакаш барои ҷалби сарбоз дар кӯчаи Сомонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

Алишер Қосимов гуфт, маъмурони милиса бародарашро, ки дар артиш хидмат кардааст, баъдан ҷавоб додаанд. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, бори дувум аст, ки кормандони комиссариати низомӣ "ғайриқонунӣ ба хонаи онҳо омада, мехоҳанд, ӯро ба артиш баранд". Ӯ гуфт, бемории меъда дорад, вагарна худаш меравад ва то кунун дар Русия кор мекард.

Ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш дар забони омма бо номи "облава" ё "сарбозшикор" машҳур аст. Имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳои зиёде нашр шуд, ки дар онҳо сокинон иддао карданд наздиконашонро маҷбурӣ ба артиш бурдаанд. Мақомот пайваста вуҷуди "облава"-ро рад мекунанд.

Айни замон бар асоси қонун агар ҷавоне даъватнома ба артишро имзо карда ва ба комиссариати ҳарбӣ наравад, мақомоти интизомӣ ҳақ доранд, ӯро маҷбур ба комиссариати аҳрбӣ ҳозир кунанд.


Бадрафторӣ бо сарбозон дар артишро яке аз сабабҳои сарпечии ҷавонон аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон медонанд, ҳарчанд мақомот мегӯянд, назорат дар воҳидҳои низомӣ сахт аст ва ҳар афсар ё сарбозе, ки ба ҳамхидмат ё зердасташ бадрафторӣ мекунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Дар Тоҷикистон мавсими тирамоҳии даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ идома дорад ва моҳи декабр ба поён мерасад. Ҳар ноҳия дар кишвар нақшаи муайяни ҷалби сарбозро доранд ва бояд онро бечунучаро иҷро кунанд. Яке аз сабабҳои аз роҳу кӯчаҳо боздошт карда ва ба артиш бурдани ҷавононро талоши мақомоти интизомӣ барои иҷрои нақша медонанд.

Шикоятҳо аз ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш дар ҳоле садо медиҳанд, ки ба иттилои Вазорати дифоъ нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шудааст ва ин маърака дар муқоиса ба солҳои пеш "беҳтару хубтар роҳандозӣ гаштааст". Аммо коршиносони мустақил, ки масъалаи ҷалби ҷавонон ба артишро пайваста назорат мекунанд, мегӯянд, назар ба солҳои пеш шикояту нигарониҳои бештар дар даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии имсол ба мушоҳида расидааст.

Шарҳҳоро бинед (42)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG