Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофтанду ёфтанд. Бозёфтҳои тоза аз қасри шоҳони Ҳулбук. ВИДЕО


Қасри шоҳони Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ
Қасри шоҳони Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ

Бостоншиносон дар шаҳраки “Ҳулбук” маҳаллаи ҳунармандӣ, осори дасти онҳо ва вайронаҳои дуконҳои ҳунармандонро пайдо кардаанд. Абдулло Хоҷаев, мудири Муассисаи давлатии мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии “Ҳулбук” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ковишҳоро бостоншиносони тоҷик идома медиҳанд ва қаламрави ковишҳоро васеътар кардаанд.

Шишапораҳои пухташуда, пораҳои хумдон пайдо кардем, дар гардани як зарфи симоб бо форсӣ навишта шудааст ва ҳоло инро бояд дар вазорати фарҳанг дақиқ кунанд

“Бо бачаҳо омада, инҷоро кофтем ва хумдонҳову симобкӯза пайдо кардем. Аз бозёфтҳои таърихӣ ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш хабар додем ва ашёи пайдо шударо ба Осорхонаи Ҳулбук бурдем ва бояд солҳояшро дақиқ кунем”, гуфт, мусоҳиби мо.

Корҳои бостоншиносӣ дар харобаҳои ин шаҳри қадим аз солҳои 1950-ум шуруъ шудааст ва бостоншиносон мегуянд, қалъаи Ҳулбук аз асрҳои 9-12 мондааст. Дар солҳои истиқлол қалъаро тармим карданд, аммо ковишҳо мутавақиф шуд.

Абдулло Хоҷаев
Абдулло Хоҷаев

Абдулло Хоҷаев, гуфт, бозёфтҳои ахир нишон дод, ки дар қисмати шимолу шарқии шаҳристон маҳаллаи хунармандӣ бо дӯконҳо, хумдонҳои шишапазӣ, коркарди маснуоти филизӣ вуҷуд доштааст, чун маҳсулоти нимтаёрро дар инҷо пайдо кардаанд.

“Шишапораҳои пухташуда, пораҳои хумдон пайдо кардем, дар гардани як зарфи симоб бо форсӣ навишта шудааст ва ҳоло инро бояд дар вазорати фарҳанг дақиқ кунанд", гуфт, Хоҷаев.

Соли 2016 Муассисаи давлатии мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук ҷоизаи "Global rating nomination"-и ЮНЕСКО-Идораи фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид-ро соҳиб шудааст.

Бостоншиносон мегӯянд, талош мекунанд, баҳори имсол дуконҳои ҳунармандиро аз зери хок комилан берун оранд. Ба гуфтаи онҳо, дар шаҳристони “Ҳулбук”, ки эҳтимол маркази Хуталон будааст, даҳҳо ёдгории таърихии дигар нуҳуфтааст.

Шаҳристони “Ҳулбук” дар як километрии қалъаи шоҳнишини “Ҳулбук” дар ноҳияи Восеъ ҷойгир аст.

Кофтанду ёфтанд. Бозёфтҳои нав аз қасри шоҳони Ҳулбук
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

XS
SM
MD
LG