Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салафиҳои пушаймоншуда аз ҷавобгарӣ озод шуданд


Мақомоти додситонӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки даҳҳо тан аз пайравони пушаймоншудаи ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия"-ро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардаанд.

Мақомоти додситонӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки даҳҳо тан аз пайравони пушаймоншудаи ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия"-ро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардаанд. Муҳаммадризо Халифазода, сухангӯи Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, арфоде, ки дар дохили кишвар аз рафтори ифротгароёнаи худ пушаймон шудаанд, то ҳол рӯйхат нашудаанд, ҳарчанд, шуморашон ба даҳҳо нафар мерасад. Ба иддаои ин мақоми додситонии кишвар, наздик ба 150 шаҳрванди Тоҷикистон бо эҳсоси пушаймонӣ аз ҷангҳои Сурия ва Ироқ ба ватан баргаштаанд, ки аксаран аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданд.

Аммо, ба гуфтаи Халифазода, шеваи аз ҷавобгарӣ озод кардани онҳое, ки дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд, аз пайравони ҷараёнҳои ифротӣ дар хоки Тоҷикистон фарқ мекунад: “Онҳое, ки дар дохили Тоҷикистон пайрави кадом гурӯҳе ҳастанд, қабл аз он ки мақомот онҳоро ошкор кунанд, бояд ихтиёран ба Вазорати

корҳои дохилӣ ё дигар ниҳодҳои дигар муроҷиат кунанд ва ошкоро бигӯянд, ки дар фалон гурӯҳ аъзо буданд ва ихтиёран аз узвияти он даст кашиданд. Ин шеваи эътирофи ихтиёрӣ барои пайравони гурӯҳҳои ифротӣ дар дохили кишвар ба назар гирифта шудааст. Аммо моддаи 401, нишони 1, ки иштироки шаҳрвандон дар задухӯрди воҳидҳои муссалаҳона дар хориҷи кишварро дар назар дорад, дигар аст. Тибқи ин модда, агар нисбат ба шаҳрванд парванда низ боз шуда бошад, пас аз бозгашт аз ҷанг аз хориҷи кишвар ва сидқан пушаймон шуданаш, он нафар аз ҷавобгарӣ озод мешавад”, - шарҳ дод сухангӯи Додситонии кулли кишвар.

Ҷавобгарӣ аз пайгарди қонун барои пайравони гурӯҳҳои ифротӣ, ки ба гуфтаи мақомот аз кирдори худ пушаймон шудаанд, дар пайи тағийру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2014 амалӣ мешавад.

Мустафо намедонист, ки салафӣ шудааст

Мустафо Абдураҳимов, сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат аз ҷумлаи ҷавононест, ки як муддат бо "салафиҳо" рафту омад дошт ва баъдан бо изҳори пушаймонӣ дар назди мақомот аз таъқиби додгоҳӣ раҳо шуд. Пас аз боздошти чанд тан аз наздиконаш бо иттиҳоми "салафигароӣ" дар Роғун, Мустафо бо тақозои падараш ба бинои пулис рафта ва ба мақомот гуфт, агарчи рафторҳои ӯ ба рафтори ҳамнишинонаш монандӣ дорад, аммо ӯ аз рӯи нофаҳмӣ ба онҳо тақлид кардааст. Мустафо дар як сӯҳбати телефонӣ рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чанде қабл барои кӯмак ба хешовандони падараш ба шаҳри Роғун рафт ва он ҷо ҳамроҳ бо ҷавонони дигар масҷид рафта, тарзи дигари намозгузориро аз онҳо омӯхтааст.

Мустафо мегӯяд, ҳеҷ гоҳ намедонист, ки риши бемӯйлаб, эзори кӯтоҳ ва тарзи намогузории нав марбут ба салафиҳост. Вай гуфт: "Бачаҳо гуфтанд, ки дар вақташ пайғамбар ҳамин хел мекардааст. Баъде, ки бачаҳоро қапиданд ва ман фаҳмидам, ки ин кори хато ҳаст, ришамро кӯтоҳ кардам. Падарам гуфт, ки пеш аз оне, ки милисаҳо ба сари ту меоянд, бояд худат рафта гӯӣ, ки бо он бачаҳо ҳамроҳ будӣ. Як хеши

милисаамон ҳам гуфт, ки рафта иқрор шав, касе ба ту кор надорад. Рафтам, гуфтам, ки ман як моҳ бо фалон бачаҳо будам, ки ҳоло дар маҳбасанд. Чанд бор бо ман сӯҳбат карданд ва диданд ва ҷавобам доданд", - гуфт Мустафо.

Ахиран, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам дар посух ба пурисши шаҳрвандон дар сомонаи расмиаш эълон кардааст, ки “тибқи банди 307, нишони 2, 307, нишони 3 ва 401, нишони 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони пушаймоншудаи ҳаракатҳои «Салафия», «Таблиғ», «Бародарони мусулмон», «Ансоруллоҳ» ва «Давлати исломӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод хоҳанд шуд.

“Салафӣ шудан ибтидои роҳ ҳаст”

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ мегӯяд, ки аксари пайравони ҷараёни "Салафия" эҳсос намекунанд, ки дар асл салафӣ ҳастанд ва баръакс фикр доранд, аз исломи асл пайравӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, салафӣ шудан ибтидои роҳ ба сӯи пайвастан ба гурӯҳҳои тундраве мисли “Ансоруллоҳ” ва “Давлати исломӣ” аст. Вай гуфт: “Салафӣ шудан ибтидои роҳ аст. Вақте одам салафӣ мешавад, аз нигоҳи ақидавӣ барои ворид шудан ба ҷамоатҳои ифротӣ омода

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

мешавад. То лаҳзаи ворид шудан ба ҷамоатҳои ифротӣ ӯ салафӣ будани худро намедонад. Фикр мекунад, ки ин роҳи ҳақ аст, ки меравад. "Салафия" як ҳаракате аст, ки барои созмонҳои ифротӣ одамонро мағзшӯӣ мекунад. Инсон вақте салафӣ шуд, дигар шомил шуданаш ба “Ҳаракати исломии Ӯзбакистон”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷабҳат-ан-нусра” ва гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” хеле осон мешавад.”

Ҳодизода мегӯяд, танҳо дар сурате ин афрод аз ақидаи худ бармегарданд, ки аз ҷониби ҳамақидаҳои дигари худ зулм бинанд ва ё дар муҳити комилан дигар ба мӯҳлати тӯлонӣ мағзҳояшон дубора поккорӣ шавад.

Ҷараёни "Салафия" аз соли 2009 расман дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст. Бошандагони Тоҷикистон аксаран мусалмонҳои Ҳанафӣ ҳастанд ва мақомот ҳузури мазҳабҳои дигарро, ба истиснои Исмоилия барои амнияти кишвар хатарзо мешуморанд ва аз вуҷуди онҳо дар кишвар пешгирӣ мекунад. Додситони кулли Тоҷикистон чанде пеш гуфт, ки дар солҳои охир беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” шудаанд. Мақомот мегӯянд, ин афрод қабл аз сафар ба Сурия ва Ироқ аз ҷараёни мамнӯи Салафия пайравӣ мекарданд. Давоми соли гузашта наздик ба ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони пайравӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ дар кишвар боздошт шудаанд, аммо шумораи онҳое, ки ихтиёран худро ба мақомот ошкор кардаанд, аз даҳ як нафарро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG