Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси марз ин навбат дар Душанбе хоҳад гузашт. Дар аввалҳои март


Бишкек гуфтааст, Душанберо аз мавқеи худ дар робита ба масъалаҳои матраҳшуда дар музокироти ҳайатҳои ду ҷониб, бо каналҳои дипломатӣ ва дар наздиктарин фурсат огоҳ хоҳад кард.

Ҳарчанд ки то кунун дар мавриди натоиҷи музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумоти зиёде пахш нашудааст, аммо хабаргузории расмии Тоҷикистон –«Ховар» имрӯз, 15-уми феврал дар робита ба нишасти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон навишт, ҷонибҳо масъалаи истифодаи роҳҳо ва заминҳои манотиқи наздимарзиро мавриди баҳс қарор дода ва мушкилоти гузаргоҳҳои марзиро баҳс кардаанд.

Манбаъ меафзояд, ки ҷониби Тоҷикистон хостаҳои худро ба ҷониби Қирғизстон пешниҳод намудааст. Бишкек гуфтааст, ки Душанберо аз мавқеи худ дар робита ба масъалаҳои матраҳшуда, бо роҳҳои дипломатӣ ва дар наздиктарин фурсат огоҳ хоҳад кард. Даври навбатии музокироти миёни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар авоили моҳи март дар Душанбе баргузор мешавад.

Мулоқоти ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи ҷумъа дар Бишкек ва пушти дарҳои баста сурат гирифт. Ин гуфтугӯҳо дар қароргоҳи ҳукуматии Ало-Арча таҳти раҳбарии нахуствазирони ду кишвар Тоқон Мамитов ва Муродалӣ Алимардон баргузор шуд ва то кунун дар мавриди натоиҷи рӯзи музокирот, хабари расмие нашр нашудааст.

Мавзӯи меҳварии гуфтугӯҳо дар ин нишаст масоили марбут ба иҷрои тавофуқоти дар мулоқоти 30-31 январ дар шаҳри Бишкек дар паи тирандозии марзӣ ҳосилшударо мебошад. Ҳарду ҷониб ҳам талош доранд аз фош шудани ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо худдорӣ кунанд.

Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки нишаст идома дорад ва ҳайатҳо танҳо дар поёни он хулосаҳои худро роҷеъ ба ҷараёни кори имрӯзаашон дастраси матбуот хоҳанд кард. "Маълум нест, ки ин нишаст амалан кай анҷом мешавад. Шояд баъд панҷ дақиқа, шояд баъди ду соат, мо намедонем", гуфт масъули дафтари матубот.

Ҷараёни музокирот таҳти раҳбарии Тоқон Мамитов, муовини нахуствазири Қирғизистон мегузарад. Ба навиштаи хабаргузории давлатии "Ховар", ҳайати ҳукумати Тоҷикистон субҳи 14-уми феврал дар раъси Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири кишвар ба Бишкек сафар кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, имрӯз бар пояи мувофиқатномаҳои қаблӣ ҷаласаи корӣ доир мешавад ва зимни он ҷонибҳо амалишавии созишҳоеро, ки дар гуфтугӯҳои қаблӣ ба он даст ёфта буданд, баҳс хоҳанд кард. "Ховар" менависад, бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ба рӯзномаи корӣ ҳамчунин масъалаи барқарор намудани фаъолияти гузаргоҳҳои назоратӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 11 январи соли 2014 якҷониба қатъ гардид, дохил шудааст.

Як тирандозии миёни марзбонон дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар таърихи 11 январ боиси ҷароҳат бардоштани 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз шуд. Бишкек дафъатан баъди ин қазия марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва сафирашро барои машварат аз Душанбе фаро хонд. Моҷарои марзӣ бар сари сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой сар зад, ки ба бовари мақомоти Тоҷикистон, дар қаламравҳои баҳсии марз сохта мешуд. Бишкек иддао дорад, ки ин қаламрав моли Қирғизистон аст.

Мамитов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Қирғизистон аз талошҳояш барои ҳифзи манофеи миллӣ даст намекашад ва ҳар коре дар ин самт анҷом мешавад, ба манфиати мардуми ин кишвар аст.

Субҳи панҷшанбе вазири нақлиёт Хайрулло Асозода дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дар музокироти рӯзи 14 феврал, аз ҷумла созишномаи нави байниҳукуматии истифодаи заминҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон имзо хоҳад шуд. Тибқи иттилои вазир, матни ин созишнома, қарор аст, рӯзи ҷумъа дар мулоқоти Бишкек баррасӣ шавад. Ҳайати Тоҷикистонро дар нишасти Бишкек муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон раҳбарӣ хоҳад кард. Инчунин ба ин ҳайат раҳбари гуруҳҳои корӣ Шералӣ Хайруллоев, ёвари президенти кишвар оид ба масоили амнияту дифоъ ва Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси ҳукумати вилояти Суғд барои баррасии натиҷаи тафтишоти се комиссияи корӣ шомил шудааст.

Намояндагони ҳайатҳои музокиракунанда тасмим гирифтаанд, то анҷоми гуфтушуниди Бишкек аз ҷузъиёти тафтишоти дуҳафтаинаи худ оид ба масъалаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ ва сохтмони роҳи мошингард дар минтақаҳои мавриди баҳс, ҳамчунин оид ба Тоҷикистон додани қитъаи замин дар мавзеъи Ворух, ба матбуот худдорӣ кунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун кишварҳои болооб ва маҳрум аз манобеъи нафту гази минтақа дар аксари баҳсҳои доғи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бар сари шеваи тақсими манобеи об ва сохтани нирӯгоҳҳои азим мавқеъи ҳамсон доштанд, вале тайи 22 соли истиқлоли хеш натавонистаанд раванди таъйин ва аломатгузории марзҳояшонро бидуни мушкил ба поён баранд. То имрӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 505 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Вале ин раванд дар нуқоти баҳсии марзи ду кишвар ба кундӣ пеш меравад ва аз соли 2006 ба ин тараф Тоҷикистону Қирғизистон дар амри аломатгузории марзи муштаракашон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.
XS
SM
MD
LG