Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Аҳмадзай ба Э.Раҳмон: Тавони муқобила бо ҷангиёнро дорем


Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон дар сӯҳбат бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон амнияти вилоятҳои шимолии ҳаммарз бо Тоҷикистонро замонат додааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон ҷузъиёти мулоқоти рӯзи панҷшанбеи Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури он кишвар бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро нашр кардааст. Ин нахустин дидори раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон пас аз интихоб шудани Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба унвони раисиҷумҳури он кишвар мебошад.

Дар ин мулоқот, ки 9 июл дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Уфа баргузор шуд, оқои Аҳмадзай гуфтааст, ки "мехоҳем сарҳад миёни Афғонистон ва Тоҷикистон ба намоди ҳамкорӣ ва дӯстӣ мубаддал шавад, то кишварҳои дигар аз он тақлид намоянд."

Манбаъ мегӯяд, ки дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон бо Ашрафғанӣ амнияти марзи муштарак миёни ду кишварро матраҳ намуда ва хостори ҳамкории муштарак дар ин замина шудааст, раисиҷумҳури Афғонистон ба ҳамтои тоҷикаш дар бобати таъмини амният дар марзҳои вилоятҳои шимолӣ ва ҳамсарҳад бо Тоҷикистон итминон додааст. Ӯ гуфтааст, нерӯҳои амниятии афғон омодагӣ ва тавони мубориза бо ҷангиёнеро, ки гуфта мешавад дар вилоятҳои шимолии Афғонистон гирд омадаанд, доранд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, садҳо ҷангӣ дар шимоли Афғонистон таҷаммӯъ кардаанд ва ба амнияти минтақа таҳдид мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо дар мавриди таҳдидҳои гурӯҳи Давлати исломӣ низ сӯҳбат кардаанд, ва раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки яке аз манбаъҳои пулии ин гурӯҳ, маводи мухаддир аст. Ин аст, ки ду тараф хоҳони муборизаи муштарак бо ин гурӯҳ шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот гуфтааст, ки нияти Тоҷикистон дар баробари Афғонистон "пок" аст ва ин кишвар аз назари ҷуғрофиёӣ барои Тоҷикистон ҳамчун дарвозаи баҳр аст ва аз ин рӯ амният дар Афғонистон барои Душанбе аҳамияти вижа дорад.​

Масъали мубориза бо гурӯҳҳои ифротгаро, ки дар Афғонистон мустақар ҳастанд, аз ин қабл дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва доктор Абдуллоҳ Абдулоҳ низ дар Душанбе баррасӣ шуда буд. Тоҷикистон ки бо Афғонистон марзи 1400-километра дорад, ҳамвора аз ҳузури ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳои худ нигаронӣ кардааст. Тибқи иттилои мақомоти тоҷик, дар марзҳои ин кишвар ҳудуди 1500 ҷангии хориҷии таҷаммӯъ кардаанд, ки таҳдид ба амнияти ин кишвар ба шумор мераванд.

Дар нишасти ахири Шӯрои раҳбарони марзбонии кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон гуфт, дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав қарор доранд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ин замина гуфт, ”моро бахусус вазъ дар Тахор, Кундуз ва Бадахшони Афғонистон, ки ҳамммарз бо Тоҷикистонанд, нигарон кардааст, зеро дар ин вилоятҳо аз моҳи апрел ба ин сӯ задухӯрдҳо қатъ намешаванд. Мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон пайваста бо ҳам дар марвиди вазъи минтақаҳои марзӣ табодули иттилоъ доранд ва дар ин замина ҳамкориҳои густардаро ба роҳ мондаанд.”

Вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Кундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд, аз чанд моҳ ба ин тараф шоҳиди даргириҳои сангин миёни Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон мебошанд.

XS
SM
MD
LG