Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи нашри виза барои хориҷиён дар фурудгоҳи Душанбе


Мақомоти давлатӣ мегӯянд, ба иллати вайрон шудани дастгоҳи нашри виза дигар ба меҳмонони хуриҷӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе виза дода намешавад.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, вайрон шудани дастгоҳи нашри виза дар Бюрои консулгарии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе додани раводид ба меҳмонони хориҷӣ қатъ шудааст. Сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ-и Тоҷикистон, Абдулфайз Атоев, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло дар пайи тармими ин дастгоҳанд ва бояд ба зудӣ фаъол шавад." Ҷаноби Атоев гуфт, чунин дастгоҳ дар фурудгоҳ танҳо яктост.

Бино бар иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", аллакай дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зиёда аз 80 шаҳрванди хориҷӣ натавонистанд виза гиранд ва ақиб фиристода шуданд. Ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ дастур дода шудааст, ки раводиди сафари мусофиронро тафтиш кунанд ва онҳоеро, ки раводиди сафар надоранд, ба ҳавопаймо роҳ надиҳанд. Бархе аз хонандагони торнамои Радиои Озодӣ менависанд, дар консулгариҳои дигари Тоҷикистон низ гирифтани раводиди сафар ба Тоҷикистон мушкил шудааст. Шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида, раиси Доираи Исломии Амрикои Шимолӣ Муҳаммад Наим Бег мегӯяд, вай ва чанд нафари дигар барои раводид ба Сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон муроҷиат карда ва аммо посухи рад гирифтаанд. Аз ҷумла ба Обид Аюб, мушовири Барномаи Рушди Байнулмилалии Иёлоти Муттаҳида дар умури кишварҳои исломӣ низ дар Вашингтон визаи Тоҷикистон дода нашудааст.

Раҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мушкилоти марбут ба раводиди сафар ба Тоҷикистонро иқдоме барои пешгирӣ аз ҳузури меҳмонони хориҷӣ дар ҷашни 40-солагии ин ҳизб медонанд. Намояндаи ин ҳизб мегӯяд, ба ин ҷашн, ки қарор аст, рӯзи 27-уми апрел баргузор шавад, 200 меҳмони хориҷӣ даъват шудаанд. 170 нафари онҳо изҳори омодагӣ ба сафари Тоҷикистонро кардаанд, вале имкон дорад, камтар аз сеяки онҳо тавонад дар ҷашни ҲНИТ ширкат кунад.

Бархе аз хонандагони торнамои Радиои Озодӣ менависанд, дар Исломобод, Қоҳира ва Кобул низ бо мушкили раводиди рӯбарӯ шудаанд. Чанде аз онҳо рӯзҳои 15 то 20-уми апрел барои дарёфти виза ба консулгариҳои Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, аммо дар посух ба онҳо гуфта шудааст, ки барои дарёфти виза дар аввали моҳи май муроҷиат намоянд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 19-уми апрел корманди Косулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Муҳаммадшариф Ҳафизов, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин хабарҳо воқеият надорад ва консулгариҳои Тоҷикистон дар ягон кишвари хориҷӣ додани визаро қатъ накардаанд.
XS
SM
MD
LG