Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвати кишоварзони Ҷайҳуну Хуросон "хушк мешавад" ВИДЕО


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Теъдоде аз кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун мегӯянд, камбуди об дар ҳавои тафсони тобистон, сабаби аз рушд мондани пахтазорҳои зиёди онҳо шудааст ва мумкин аст, киштзорҳояшон ҳосил надиҳад.

Маҳмадқул Элмуродов, кишоварзи 40-сола, аз деҳаи Озодӣ дар ҷамоати “Қумсангир” ба Радиои Озодӣ видеоеро фиристод, ки дар он пахтазори васеъе дида мешавад, ки заминаш комилан хушк шудааст ва ниҳолҳояш аз беобӣ қад накашидаанд. Ӯ мегӯяд, даҳҳо гектар аз беобӣ месӯзад, вале касе нест, масъалаи камбуди обро ҳал кунад: “Замини зиёд дорам, 20 гектар замини пахтаам сӯхтааст. Деҳқонони зиёде зарар дидаанд. Намедонем, чӣ кор кунем, ба куҷо муроҷиат кунем. Нуриҳои зиёди минералӣ дар заминам сарф кардам, вале ҳоло беоб монд. Зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ зарар дидам. “

Сабаби беоб мондани заминҳо ба гуфтаи ӯ, аз кор мондани насосҳои обкашӣ дар ноҳияи Панҷ аст, ки об аз онҷо меояд. Мақомот дар ноҳияи Ҷайҳун ба Радиои Озодӣ мушкили камбуди обро тасдиқ карданд, вале аз ин бештар масъаларо шарҳ надоданд. Аммо на танҳо кишоварзони Ҷайҳун, балки аз ноҳияи Хуросон ҳам айни мушкилро доштаанд. Баъзе аз онҳо шикоят доранд, ки аз моҳи май ба ин тараф ба сахтӣ барои обёрии заминҳояшон об пайдо мекунанд.

Заҳмати кишоварзони Ҷайҳуну Хуросон барбод меравад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:25 0:00

Ҳоҷӣ Иззат Валиев, кишоварзе аз ҷамоати деҳоти “Ғалаобод”-и ноҳияи Хуросон мегӯяд, ки 20 гектар замини пахтааш об надорад. Ӯ афзуд, ки пахтазорҳояш хушк мешаванд ва мумкин аст, даҳҳо ҳазор сомонӣ зарар бинад. Ӯ гуфт: “Дар ҷамоат мардум об надоранд, мақомот кӯмак намекунанд. Якуним гектар тарбуз кишт кардам. Хушк шуд, як дона тарбуз нагирифтам. Касе ба додамон намерасад. Баҳонаи зиёд доранд, ҳукумати ноҳия наметавонад, ки ба идораи об фармон диҳад. Пули обро пешакӣ пардохт мекунам.»

Дар ҷамоати деҳоти “Ғаллаобод” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки 90 хоҷагии кишоварзӣ мушкили об доранд ва ба ҷойи фоида аз зарар хабар медиҳанд. Як масъули ҳукумати ноҳияи Хуросон гуфт, дар воқеъ аз ин мушкилот огаҳ ҳастанд ва сабаб ҳам вайрон будани насосҳои обкашӣ аст.

Раҳматулло Бобомуродов, коршинос дар умури кишоварзии Хатлон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамарӯза даҳҳо арзу шикояти деҳқонон дар бораи камбуди обро мешунавад: “Деҳқонон бо хоҷагиҳои об шартнома доранд, ки бояд обро таъмин кунад. Гуфта шудааст, ки хоҷагии об ӯҳдадор аст, обро таъмин кунад. Ҳатто 40 дар сади пули обро пешакӣ мегиранд, вале ба онҳо кӯмак намекунад, деҳқонон зарар мебинанд, зироятҳояшон хушк мешавад. “

Меҳнатулло Сироҷов, як масъули идораи кишоварзии вилояти Хатлон гуфт, ки мушкили об ҳаст, вале на дарозмуддат, ки боиси талафоти ҳосил шавад. Ба қавли ӯ, норасоии об дар муддатҳои кӯтоҳ ҳаст, вале барои таъмини барои як соат ё муддати кӯтоҳ аст, чун насосҳои обкашӣ таъмир мешаванд.” Хатлон бузургтарин вилояти кишоварзӣ ва ҳам бузургтарин вилояти пахтапарвари Тоҷикистон аст. Ҳар сол ба сабаби насосҳои фарсудаи обкашӣ ва обёрии нодуруст садҳо гектар замини пахта ё камҳосил ва ё беҳосил мешаванд.

XS
SM
MD
LG