Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷаммуи ҳамсарони басеҷшудаҳо дар назди Вазорати дифои Русия


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳамсарон ва наздикони даҳҳо русиягие, ки ба ҷанги зидди Украина басеҷ шудаанд, рӯзи душанбе дар назди бинои Вазорати дифои Русия дар шаҳри Маскав ҷамъ шуданд.

Таҷаммуъгарон мулоқот бо вазири дифои Русия Андрей Белоусовро талаб карданд ва гуфтанд, то ин талаби онҳо иҷро нашавад, пароканда нахоҳанд шуд.

Ба гуфтаи шоҳидон, пулис рӯзноманигорон ва онҳоеро, ки ба хотири дастгирии эътирозгарон ба назди Вазорати дифои Русия рафтанд, боздошт кардааст.

Фаъолони рус гуфтанд, дар Русия 8 июл ҳамасола Рӯзи оила таҷлил мешавад ва онҳо низ маҳз дар ин рӯз таҷаммуъ карданд. Таҷаммуъгарон аз мақомоти Русия талаб карданд, ки писар, шавҳар ва бародарони онҳоро аз ҷанг баргардонанд.

Ҳамсарони шаҳрвандони басеҷшудаи Русия тақрибан як сол мешавад, ки бо талаби баргардонидани шавҳаронашон аз ҷанг таҷаммуъ мекунанд. Онҳо мегӯянд, Вазорати дифои Русия бояд шавҳарони онҳоро баргардонида, ба ҷои онҳо афроди дигарро фиристад.

XS
SM
MD
LG