“Муҳоҷироне, ки ба ин рӯйхат шомил мешаванд, дигар ҳаққи идораи мошин, истифода аз хадамоти бонкӣ, сабти амвол, бастану бекор кардани никоҳ, сабтиноми кӯдакон ба мактаб ё кӯдакистонро нахоҳанд дошт,” – шарҳ додааст ӯ.
Маълум нест, ин феҳрасти онлайнӣ кай таҳия шуда, мавриди иҷро қарор мегирад. Горовой гуфтааст, аз 1-уми декабри соли 2024 дар фурудгоҳҳои Маскав ба таври санҷишӣ қоидаи нави гирифтани акс ва изи ангушти хориҷиёнро ҷорӣ мекунанд.
“Ин фақат озмоишӣ аст. Пас аз санҷиш ҳукумат якҷоя бо ҳамкорон аз ФСБ масъалаи роҳандозии ин қоидаро дар тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ баррасӣ мекунанд,” – таъкид кардааст мансабдори Русия.
Ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир 6 миллиону 174 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар Русия кору зиндагӣ доштаанд.
Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Беларус, Украина, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Чину Туркманистон дар даҳгонаи кишварҳое ҳастанд, ки теъдоди зиёди шаҳрвандонашон дар Русия кору зиндагӣ доранд.
"Агар дар масъалаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ гап занем, онҳо шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷон ҳастанд. Онҳо дар умум 739 ҳазор нафар ё 9 дарсадро ташкил медиҳанд,” – гуфтааст Александр Горовой, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия.