Дар шаҳри Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ, рӯзи 16-уми сентябр аввалин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор шуд.
Панҷ президенти Осиёи Марказӣ, аз як минтақаи саршор аз захираҳои нафту газ ва дигар маъданҳои нодир намояндагӣ карданд. Ва тарафи дигар аз як кишвари аз лиҳози фанновариҳои нав пешрафта. Шаш раҳбар, ба навиштаи хабаргузории Рейтерс, роҳҳои густариши ҳамкориҳо дар тиҷорат, сармоягузорӣ, энерегетика, истихроҷи маъданҳои нодир ва шабакаҳои таъминотиро матраҳ намуданд.
Кореяи Ҷанубӣ сар аз соли 2017 ба истилоҳ "Сиёсати шимолӣ " таҳия намуда, талош дорад, ки аз ҳисоби таҳкими равобити иқтисодӣ бо мамолики Осиёи Марказӣ камбуди энергетикиро ҷуброн намуда, сарчашмаи таъминоти энергетикашро васеътар кунад. Ли Ҷай Мюнг, президенти Кореяи Ҷанубӣ дар ин нишаст гуфт: "Имрӯз ҷаҳон як давраи таҳаввули амиқро аз сар мегузапронад. ки дар он иқтисод ва амнияти кишварҳо дар саросари шабакаҳои таъминотӣ, энергетикӣ, бозорҳои молӣ ва фанновариҳо ба таври рӯзафзун бо дахолат мувоҷеҳ аст. Ман бовар дорам, ки агар ҳамкориҳои мо фаротар аз кишварҳои алоҳиба ба сатҳи минтақаӣ расад, мо роҳи муштараки рушду шукуфоиро фарохтар хоҳем кард."
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми суханронии худ аз тақвияти ҳамкориҳо бо ин кишвари Осиёи Шарқӣ ситоиш намуд ва онро “василаи муҳими таҳкими пайвастагии технологии Осиёи Марказӣ бо иқтисоди пешрафтаи Корея" номид.
Президенти Тоҷикистон “ҳифзи сулҳу субот”-ро масъалаи авлавиятнок номида, ба зарурати муборизаи муштарак бо таҳдидҳои замони муосир ва ҳалли мушкилиҳои ҷаҳонию минтақаӣ, аз қабили тағйири иқлим, камбуди оби тоза, обшавии пиряхҳо таъкид кард.
Дар ҳошияи ҳамоиши панҷ ҷамъи як Эмомалӣ Раҳмон бо президент ва сарвазири Кореяи ҷанубӣ дидору гуфтугӯ дошт. Дар поёни ҷаласаи дуҷонибаи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Корея 15 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаи ҳамкории сохторҳои гумрукӣ ва идораҳои масъули бехатарии кор дар саноат ва кӯҳистон имзо шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Узбекистон ва Қазоқистон, ки бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкории тӯлонӣ доранд, низ чандин санади нав имзо кардаанд. Дар нишасти Қазоқистону Корея 80 созиш ба маблағи 19 миллиард доллар тасвиб шудаааст. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи сешанбе гуфт, кишвараш тасмим дорад, ба маблағи 4 миллиард доллар 120 тарҳи истихроҷи маъданҳои нодирро дар Узбекистон роҳандозӣ намуда, ҳамкорӣ бо Эксим Бонки Кореяи Ҷанубиро то ҳашт миллиард доллар афзоиш диҳад.
Анҷумани рушди ҳамкориҳои Осиёӣ Марказӣ-Кореяи ҷанубӣ соли 2007-ум таъсиси ёфта, нишастҳои панҷ ҷамъи як чанд соли охир ба ҳукми анъана даромадаанд. Ин формат таъкид бар он аст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ Осиёи Марказиро ҳамчун як маҷмӯаи муҳим дидан мехоҳанд ва ба захоири имконияти онҳо таваҷҷуҳи хос доранд.