Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбар дар қатли афсари милиса боздошт шуд


Бахтиёр Нарзуллоев
Бахтиёр Нарзуллоев

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сокини Истаравшанро ба иттиҳоми даст доштан дар куштори як афсари милиса боздошт кардааст.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯяд, ки сокини шаҳри Истаравшан Зариф Ботуров ба иттиҳоми даст доштан дар куштори майори милиса Бахтиёр Нарзуллоев боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 16 июл бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни бурдани корҳои тафтишотӣ сокини ноҳияи Истравшан Зариф Ботуров боздошт карда шудааст, ки аз хусумати шахсӣ бо ин афсари милиса, ӯро бо 5 зарби корд ба қатл расонидааст.

Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, Зариф Ботуров шаби 12 ба 13-уми июл ин афсари милисаро дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ-Хуҷанд бо баҳонаи вайрон шудани автомашинааш манъ намуда, аз ӯ балони эҳтиётӣ ва асбоби борбардор (домкрат) мепурсад ва вақте ки Бахтиёр Нарзуллоев аз бағоҷи мошин ба ӯ домкрат доданӣ мешавад, аз пушт ӯро бо зарбаи корд ба қатл мерасонад. Сипас ӯ ҷасадро дар автомашинаи худи милиса ба курсии паси ронанда гузошта, бо мақсади тоза намудани изи ҷиноят, 6-7 километр дуртар ба ҷои пастхамӣ бурда ва оташ мезанад.

Манбаъ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир, Зариф Ботуров дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва аз рӯи ин ҳодиса додситонии ноҳияи Шаҳристон тибқи моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст ва тафтишот идома дорад.

Дар таърихи 13-уми июли соли 2015, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ҷасади майори милитсия Бахтиёр Нарзуллоев, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Шаҳристон, нозири калони ШВКД дар шаҳри Истаравшан, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Майори милитсия Бахтиёр Нарзуллоев дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1997 ба ин тараф ва дар вазифаи нозири калони ШВКД-и шаҳри Истаравшан аз моҳи январи соли 2015 кор мекардааст.

Қаблан генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои таҳқиқи ин ҳамла як гуруҳи фаврии ҷустуҷӯӣ таъсис шудааст. Як намояндаи ҳукумати шаҳри Истаравшани вилояти Суғд аз ин қабл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин афсари милисаи маҳаллӣ ар натиҷаи сӯиқасд кушта шудааст. ​

Истаравшан, воқеъ дар 75-километрии ҷанубуғарби Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, яке аз марокизи умдаи иқтисодиву тиҷоратии шимоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин шаҳр, ки то соли 2000 Ӯротеппа ном дошт, 60 000 аҳолӣ ба сар мебарад. Ҷамъи аҳолии Истаравшан бо 10 ҷамоати атрофаш қариб 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Истаравшан ҳамеша аз манотиқи аз нигоҳи амниятӣ ороми Тоҷикистон маҳсуб мешуд, вале дар солҳои охир аз ин гӯша низ дар бораи фаъол шудани гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ гузоришҳо ба даст мерасанд.

XS
SM
MD
LG