Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар як корхонаи коркарди нафт дар Волгоград


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як мансабдори маҳаллӣ дар Волгоград гуфт, ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишине, ки эҳтимол ба Украина тааллуқ дорад, сабаби сӯхтор дар коргоҳи истеҳсоли нафт дар ҷануби ин вилояти Русия шудааст.

Андрей Бочаров, волии Волгоград, рӯзи 12-уми май дар Телеграм навишт, ки “оташ хомӯш карда шуд, талафот нест.”

Ин ҳамла чанд соат пас аз он рух дод, ки президенти Украина Владимир Зеленский дар паёми видеоӣ шаби 11-уми май вазъро дар вилояти Донетск "махсусан муташанниҷ" номид.

Вай изҳор дошт, ки "амалиёти дифоӣ" дар вилояти Харков ҷараён дорад ва нерӯҳояшро сутуд, ки "ҷасурона аз мавқеъҳои худ ҳимоят мекунанд".

Русия дар моҳи феврали соли 2022 бедалел ба Украина ҳамла кард ва даргирии ду тараф аз он замон то ҳоло идома дорад.

XS
SM
MD
LG