Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Подполковники 49-солаи тоҷик худкушӣ кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Зафар Сафаров, подполковники милиса ва муовини раиси Иттиҳодияи автомобилчиёни ноҳияи Шаҳритус, худкушӣ кардааст. Ҷасади Сафарови 49-соларо субҳи 28-уми сентябр дар шохи дарахти чормағзи хонааш дар ҷамоати ба номи Рӯдакии ноҳияи Вахш овезон пайдо намудаанд.

Рӯзи душанбе ба кор мерафт ва шоми ҷумъа ба хона бармегашт. Вақти истироҳат бо хонавода буд

Дар идораи ташхиси додгоҳии вилояти Хатлон рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Зафар Сафаров худовезӣ кардааст, аммо то ба ҳол сабабҳои худкушии подполковник маълум нест. Мақомот гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад ва ба зудӣ сабабҳои худкуширо дақиқ мекунанд.

Зафар Сафаров соҳиби ҳафт фарзанд буда, даҳ сол боз дар ноҳияи Шаҳритус фаъолият дошт. Ҳамсояҳояш мегӯянд, ки ӯ сари чанд вақт ба хонааш дар ноҳияи Вахш меомад.

Умед Сафаров, бародари Зафар Сафаров гуфт, ки ӯ пулиси собиқадор буд. "Аввал дар идораи Бозрасии Давлатии Автомобилии ноҳияи Кӯшониён (Бохтари собиқ) кор карда, сипас, фаъолиятро дар Иттифоқи автомобилчиёни ноҳияи Шаҳритус идома дод. Рӯзи душанбе ба кор мерафт ва шоми ҷумъа ба хонааш бармегашт. Рӯзҳои истироҳати ҳафта ҳамеша бо хонавода буд", - гуфт ӯ.

Сафаров гуфт, ки ҳафтаи гузашта бародараш рӯзи панҷшабе ба хона омад ва субҳи ҷумъа ҷасадашро дар чормағзи рӯи ҳавлӣ ёфтаанд. Ӯ ҳам гуфт, ки чунин рафтори бародараш онҳоро дар ҳолати "шок" қарор дод ва то ба ҳол ба ин суол ки чаро худкушӣ кард, ҷавоб наёфтаанд.

Муҳибулло Ҷӯрақулов, ҳамкори Зафар Сафаров, рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ӯ афсурдагиро надида буданд ва аз чизе ҳам шикоят надошт. "Аз соли 2008 боз дар Иттиҳодияи автомобилчиёни ноҳияи Шаҳритус кор мекард. Хабари худкушиаш моро ошуфта кард", - афзуд ӯ.

Дар гузашта, соли 2015 Саидаҳмад Гулов, полковники 47-солаи тоҷик дар шаҳри Душанбе даст ба худкушӣ зада буд. Вай шоми 9-уми май дар маҳаллаи маъруф ба “Гардиши фурудгоҳ” худро аз бинои баландошёна ба замин партофт. Он вақт бархе аз манобеъ гуфта буданд, ки ӯ аз бемории руҳӣ ва бехобӣ ранҷ мебурд.

Тафсилот ба зудӣ дар ҳаминҷо нашр мешавад

Шумо агар дар ин бора хабар ваё аксу видео доред, ба мо аз тариқи ИМО, Вотсапп, Вайбер ва Телеграм ва ба ин рақам +420 724 053 959бифристед.

XS
SM
MD
LG