Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Тӯй муборак” – худкушии сарбози тоҷик баъди дидор бо волидон


Мақомоти интизомии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон худкушии сарбозеро таҳқиқ доранд, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Қурбон ба дидорбинии волидонаш омада, қарор буд, дар тӯйи бародараш ҳам иштирок кунад. Ин тӯй бояд рӯзи 2-юми сентябр баргузор шавад.

Бародарам чизе намегуфт. Ҳатто шикоят накард. Дар гузашта дар ноҳия дӯстдухтар надошт. Ин ҳолат нигаронии моро бештар кардааст.

"Ҷасадашро яке аз ҳамсояҳо дид"​

Аваз Набиеви 22-сола, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон хидмат мекард. Ӯ моҳи майи соли 2017 ихтиёрӣ ба хидмати сарбозӣ рафта буд.

Наздиконаш гуфтанд, ки Аваз Набиев рӯзи 20-уми августи имсол ба ноҳия омад ва ҳамагӣ ду рӯз ҳамроҳи онҳо зист. "Субҳи 22-юми август худашро ба дор овехтааст. Ҷасадашро яке аз ҳамсояҳо аз назди трансформатори назди бино ёфта, моро хабардор кард. Ҳамон шаб дар хона ҳамроҳи дигар аъзои оила хоб буд. Чӣ гуна субҳ хеста ва ба ин кор даст задааст, рӯшан нест", - гуфт яке аз наздикони Аваз Набиев рӯзи 23-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Нома: "20-уми август рӯзи хуб набуд"

Бинои ҳукумати ноҳияи Вахш
Бинои ҳукумати ноҳияи Вахш

Ҳамсуҳбати мо гуфт, то ба ҳол сабаби худкушии Аваз Набиев ба онҳо маълум нест. Аммо ин сарбози тоҷик дар рӯи хок, дар маҳалле, ки худро куштааст, аз падару модар узр пурсида ва тӯйро ба бародараш табрик гуфтааст.

Танҳо чизе, ки оиларо нигарон кардааст, ишораи Аваз Набиев аст. Ӯ гуфтааст, "20-уми август рӯзи хуб набуд". Ин ҳамон рӯзест, ки сарбоз ба дидорбинии волидонаш аз ноҳияи Ишкошим ба Вахш омад ва ҳанӯз маълум нест, манзураш чӣ буд.

"Хулосаи ташхисро интизорем"

Дар ҳукумати ноҳияи Вахш худовезии як сарбозро тасдиқ карданд. Абдусаттор Амирхонов, як масъули ҳукумати Вахш, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои таъзия ба хонаи сарбоз рафт, вале ҳанӯз хулосаи тафтишот эълон нашудааст.

"Ҳама мақомоти интизомӣ дар онҷо ҳузур дошт. Пизишкон ва кормандони комиссариат ҳам буданд. Хулосаро интизорем. Ҷасадро ташхис карда, баъд ба хок супурданд", - афзуд ӯ. ​

Умед Набиев, бародари Аваз Набиев, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бародараш хушҳол ба назар мерасид ва ба гӯшаи хаёлашон намеомад, ки ӯ қасди худовезӣ дорад. "Бародарам чизе намегуфт. Ҳатто шикоят накард ва ин ҳолат нигаронии моро бештар кардааст. Дар гузашта дар ноҳия дӯстдухтар надошт ва баъди барои хабаргирӣ омаданаш ҳам дар робита бо духтаре чизе нагуфтааст", - афзуд ӯ.

Аваз Набиев моҳи майи соли 2017 ихтиёрӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастааст. Қарор буд, моҳи майи соли 2019 муҳлати хидматаш ба охир бирасад.

"Аз артиш шикоят надошт"

Дар гузашта “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон гуфта буд, дар 3 соли охир ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст. Дар чанд маврид додгоҳҳои Тоҷикистон ҳамхидматон ё афсаронро барои ба худкушӣ расондани сарбозон муҷозот карда буданд.

Аммо хонаводаи Набиевҳо дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мегӯянд, фарзандашон аз ҷараёни хидмат дар артиш шиквае надошт, аммо дар рӯзҳои хурсандӣ дар ба дидорашон омада, худро кушт.

XS
SM
MD
LG