Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни арӯсии оғушта ба хун. Ҳалокати 63 нафар дар Кобул. ВИДЕО


Саҳнаи таркиши рӯзи 7-уми август дар шаҳри Ҳирот.
Саҳнаи таркиши рӯзи 7-уми август дар шаҳри Ҳирот.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи бомбгузории маргталабона дар як ҷашни арӯсӣ дар Кобул 63 нафар кушта шуданд ва 182 тани дигар захм бардоштанд.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамлаи хунин ба ҷашни арӯсӣ дар Кобулро ҳамлаи барбарона номида ва ба шиддат маҳкум кард. Дар ин бомбгузории маргталабона дар шоми 17-уми август, 63 нафар кушта ва 182 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ӯ ҳамчунин ҷаласаи фавқуллодаи мақомоти амниятиро даъват кард, то роҳҳои пешгирӣ аз чунин ҳодиса дар он баррасӣ шавад. Гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ масъулияти бомбгузориро бар ӯҳда гирифт, ҳарчанд дар гузашта бардурӯъ масъулияти ҳамлаҳои дигарро ҳам бар дӯш гирифтааст. Ашраф Ғанӣ рӯзи 18-уми август дар Твиттер навишт, ки “Ман ҳамлаи ғайриинсонӣ ба толори арӯсӣ дар шаби гузаштаро маҳкум мекунам.

Фоҷиа шоми 17-уми август ба вуқӯъ пайваст. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки дар миёни маҷрӯҳон занону кӯдакон ҳам ҳастанд. Гуруҳи Толибон гуфт, ки дар ин ҳамлаи хунин даст надорад. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бо ирсоли паёме аз тариқи Вотсапп ба Хабаргузории Олмон, бобмгузорӣ дар ҷашни арӯсиро маҳкум кардааст.

Ҷашни арӯсиро дар Кобул ба хун оғушта карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Ин ҳамла, ки хунинтарин дар имсол ба ҳисоб меравад, дар замоне ба вуқуъ пайваст, ки Амрико саъй дорад ба ҷанги 18 сола бо Толибон дар Афғонистон хотима бидиҳад ва бино ба гузоришҳо тарафҳо дар ин замина ба созиш наздик шудаанд. Ҳеҷ гуруҳи дигар масъули бомбгузории маргталабонаро бар ӯҳда нагирифтааст, ҳарчанд дар гузашта Толибон ва гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” асосан ба шиамазҳабон дар Афғонистон ҳамла кардаанд.

Аҳмад Умед, аз хешовандони домод ба хабаргузории “Ассосиэйтед Пресс” гуфтааст: “Тақрибан 1200 меҳмон ба арӯсӣ даъват шуда буданд. Ман бо домод дар як утоқи дигаре будем, ки садои таркиш расид ва баъди ин касеро пайдо карда натавонистам. Ҳама рӯи фарши толор афтода буданд.” Таркиш дар толори арӯсии “Дубай Сити” дар як гӯшаи Кобул сурат гирифтааст, ки онҷо асосан шиамазҳабон барои истироҳат меоянд. Дар Афғонистони ҷангзада, ба ҷашнҳои арӯсӣ меҳмони зиёде даъват мекунанд. Ҳамлаи хунин чанд рӯз баъд аз Иди Қурбон ва дар остонаи таҷлили 100-умин солгарди истиқлоли Афғонистон ба вуқӯъ пайваст.

Аз ин пештар дар рӯзи 7-уми август дар натиҷаи таркиши мошини бомбгузоришуда дар ҳамин гӯшаи Кобул 14 нафар ба ҳалокат расиданд ва 145 тани дигар, аксаран занону кӯдакон ҷароҳат бардоштанд. Дар ин ҳамла зоҳиран нерӯҳои амниятӣ ҳадафи асосӣ будаанд. Субҳи 18-уми август, дар натиҷаи таркиши бомби канори роҳ дар ноҳияи Давлатободи вилояти Балх кушта шуданд. Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон мегӯяд, ки дар натиҷаи ҳамлаву бомбгузориҳо дар Афғонистон дар 6 моҳи гузашта 3800 нафар куштаву маҷрӯҳ шудаанд.

Рӯзи 16-уми август Ҳафиз Аҳмадулло бародари яке аз раҳбарони Толибон дар натиҷаи таркиши бомбе дар як масҷид дар Покистон кушта шуд. Ҳайбатулло Охунзода худи раҳбари Толибон дар замони таркиш дар масҷид набудааст. Намояндагони ин гуруҳ гуфтаанд, ки қатли Ҳафиз Аҳмадулло монеи музокироти онҳо бо Амрико намешавад. Яке аз намояндагони гуруҳ аз ҷойи номаълуме ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, “агар касе фикр мекунад, ки бо куштани раҳбаронамон, моро аз ҳадаф дур месозад, хато мекунад.” Ин мақоми Толибон бо ишора ба гуфтугуҳо бо Амрико гуфтааст, “Мо ба ҳадаф наздик шудаем.”

Ҷанг бо Толибон, ки соли 2001 бо раҳбарии Амрико аз ҳукумат барканор шуданд, дарозтарин ҷанг дар таърихи Иёлоти Муттаҳида ба ҳисоб меравад. Дар он сол баъд аз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр, Иёлоти Муттаҳида амалиётеро ба зидди Толибон, ки ба созмони Ал-Қоида паноҳгоҳ дода буд, шурӯъ кард. Бо вуҷуди суқут Толибон ба ҷангу хунрезӣ дар Афғонистон поён надоданд ва манотиқи васееро зери назорат доранд.

XS
SM
MD
LG