Гурӯҳе аз мутахассисони созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукумат бо дархости Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон муайян кардаанд, ки бар асари барфу хунукии 10 то 12-дараҷаии рӯзҳои 29 ва 31 марти соли ҷорӣ дарахтони зардолуву бодом, ангур ва себзорҳои вилояти Суғдро сармо задааст ва барои дубора сабзидани баъзе аз ин боғзорҳо аз 2 то 3 сол лозим мешавад. Хулосаи арзёбиро дафтари Созмони Милал дар Душанбе нашр кард.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Суғд, ки худаш боғҳои сармозадаро дидааст, мегӯяд, оқибатҳои бедодгарии табиат дар бисёре аз гӯшаҳои вилоят дида мешавад: "Ҳоло дар Ашт ҳастам ва кӯҳансолон мегӯянд, ки бори аввал мебинанд ки сафедорҳои хунукзада ҳанӯз ҳам барг набаровардаанд. Чормағзу тут низ ҳамингуна ҳастанд. Хавфи ин ҳаст, ки баъзе аз дарахтон комилан хушк шаванд. Мардум мегӯянд, имсол дигар умеде барои ҳосил гирифтан надоранд."
Ба гуфтаи мақомот, сармо заминҳои васеи ғалладонаи кишоварзонро низ нобуд кардааст ва ҳоло онҳо дар ташвишанд, ки имсол чӣ гуна зиндагиашонро пеш мебаранд. Бар асоси арзёбиҳои мақомот, тақрибан 7 ҳазор гектар киштзори сабзи ғалладона дар вилоят ба нестӣ рафтааст. Аз ин рӯ, мумкин аст, ҳосили кишти зимистонаи гандум ва дигар ғалладонаи вилояти Суғд аз 35 то 40 дарсад кам шавад ва ба некӯҳаҳволии мардум ва вазъи иқтисодӣ таъсир гузорад.
Бар асоси арзёбиҳои пешакии мутахассисони созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳукумат, хисороти мустақими расида аз сармои бесобиқа 200 миллион сомониро ташкил медиҳад, ҳарчанд идораи кишоварзии вилояти Суғд охири моҳи апрел гуфт, аз хунукии нобаҳангоми аввали баҳор, вилоят 90 миллион доллар, баробар ба 550 миллион сомонӣ, зиён дидааст.
Хоҷагиҳои кишоварзии вилоят, ки ба вазъи ногуворе афтодаанд, умедворанд, дар ин соли сахт ҳукумати Тоҷикистон дасташонро мегирад ва ё ҳадди ақалл сабукиҳое медиҳад, аммо то кунун ваъдаи қотеъе дар ин бора аз мақомот нашунидаанд. Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори мо дар ин бора гуфт: "Мардуми Исфара, Ашт ва Конибодому дигар ноҳияҳо, ки телевизионҳои Узбакистону Қирғизистонро низ мебинанд, шунидаанд, ки мақомоти он кишвар ба кишоварзоне, ки мисли онҳо аз сардӣ хисорот дидаанд, ваъда додаанд, аз баҳри пардохту қарзҳои деҳқонон мегузарад. Деҳқонон дар Суғд ҳам умедворанд, ки ҳукумат бо назардошти рӯзҳои сахте, ки ба сари онҳо омадааст, аз баҳри андоз аз замин, андоз аз ҳосили талафшудаву дигар пардохтҳо мегузарад."
Боғпарварӣ як бахши асосии кишоварзӣ дар Суғд ба шумор меравад ва ҳудуди 50 ҳазор боғи дарахт, аз ҷумла зардолуву ангур дорад. Ҳар сол аз ин минтақаи шимолии кишвар беш аз 80 ҳазор тонна меваи хушк ба Русия содир мешавад, ки қисми асосии он зардолуи хушк аст.
Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳам хостааст, ки миқёси воқеии хисорот дар вилоят барои расонидани кумакҳои молии эҳтимолӣ ба деҳқонон маълум карда шавад. Азбаски пули муҳоҷирони корӣ аз Русия имсол камтар шудааст ва даромад ба буҷаи Тоҷикистон ҳам кам аст, мутахассисон мегӯянд, мумкин аст, кумаке ҳам агар ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонон бирасад, басанда бошад ва тавонад барои ба по хестани онҳо мусоидат кунад.
Сардии нобаҳангоми нимашаби 29-уми март ва бориши барфу боронҳои сард қисмати умдаи Осиёи Миёна ва бахусус водии Фарғонаро фаро гирифт ва 4 шабонарӯз давом кард. Дар он шабу рӯзҳо ҳаво дар Суғд то 12 дараҷа сард шуд ва гулу муғчаву барги дарахтони мева ях баст. Деҳқонони солдида мегӯянд, чунин сармои шадидро, ки ёд надоранд, аммо шунидаанд, ҳудуди 110 сол пеш низ чунин сармои сахт дар баҳор дарахтони меваро нобуд кардааст.