Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуроти ҷавонони тоҷик аз як соли таҳсили ройгон дар Амрико


Ҷавононе, ки тибқи барномаҳои мухталифи ҳукумати Амрико як сол ба таври ройгон дар муассисаҳои таълимии ин кишвар таҳсил ва зиндагӣ кардаанд, мегӯянд, ин як сол зиндагии онҳоро хеле тағйир дод.

Вақте ба Сӯҳроб, як ҷавони тоҷик аз ноҳияи Рӯдакӣ занг зада, аз пирӯз шуданаш дар озмуне барои таҳсил дар Амрико хабар медиҳанд, ба гӯши худ бовар намекунад. Ӯ сӯи маркази интернетӣ медавад ва вақте номаи табрикотии масъулони барномаро дар эмайлаш мебинад, аз шодӣ дар курта нагунҷид.

Сӯҳроб Нуриддинов, донишҷӯи бахши меъмории донишгоҳи дехникии Тоҷикистон баъди чанд соли талошу кӯшишҳо билохира дар соли 2012 тавонистааст бо ширкат дар барномаи Глобал Уграйд, барномаи омӯзишии созмони IREX, имкони таҳсили ройгон дар Амрикоро пайдо кунад. Ӯ як сол бо ихтисоси меъморӣ дар яке аз коллеҷҳои фаннии Амрико таҳсил кардаву ба гуфтаи худаш, «дар ин муддат ду забон - англисиву испаниро аз худ кардам, бо донишҳои муосири меъморӣ ба кишвар баргаштам, технологияи меъмориро омӯхтам, ва ин донишҳоям, албатта, дар ҷараёни таҳсил ва кор дар ширкатҳо имрӯз бароям бисёр кӯмак мекунанд.»

Холмати Холиқ, донишҷӯи дигари тоҷик, аз ноҳияи Конибодоми Суғд ҳам, ки дар бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад, соли гузашта аз Амрико баргашт. Холмат яке аз ғолибони дигари барномаи Глобал Юград (Global Ugradе)-и Амрикост ва соли 2013 дар бахши муносибатҳои байналмилалӣ дар Амрико таҳсил кардааст. Холмат мегӯяд, ҳадафи ӯ аз ширкат дар ин барнома омӯзиши сиёсати ҷаҳон ва сиёсати байналмилалии Амрико буд.

Холмат ба ин ақида аст, ки дар шароити феълӣ бояд ҳар як ҷавон ба ҷуз аз забони модарии худ 2 ё 3 забони дигарро ҳам бояд балад бошад: «Бисёр мехостам назари амрикоиҳо ва мардумони дигар кишварҳоро оид ба муносибатҳои байналхалқӣ бифаҳмам ва он ҷо ман аз ҳар гӯшаи ҷаҳон ҳамсабақ доштам ва имкони хубе доштам барои фаҳмидани назарҳои мухталифи ин ҷавононро ба сиёсати ҷаҳонӣ бифаҳмам ва ин сафар имкон дод, ки донишамро дар муносибатҳои байналхалқӣ мустаҳкам кунам ва бо сиёсати давлатдории Амрико аз наздик шинос шавам.»

Холмат ва Сӯҳроб, ду ҷавоне, ки бахт ба рӯяшон хандидаву имкон ёфтаанд, дониши худро бо ихтисоси дилхоҳашон дар низоми маорифи Амрико васеъ кунанд, мегӯянд, ин як сол донишу фикрронӣ ва ба сурати умум, зиндагии онҳор аз бисёр ҷиҳат тағйир дод.

Барои донишҷӯёне, ки мисли Холмат ва Суҳроб орзуи таҳсил дар Амрикоро доранд, ширкат дар барномаи Глобал Юград беҳтарин шонс аст, мегӯяд Иброҳимҷон Рустамов, ҳамоҳангсози барномаҳои таълимии ташкилоти байналмилалии IREX дар Тоҷикистон. Созмони мазкур ахиран барои ширкат дар ин барнома барои солҳои 2014- 2015 озмун эълон кардааст. Довталабон бояд то 28 феврал асноди заруриро пешниҳод кунанд. Иброҳим Рустамов мегӯяд, ҳар донишҷӯе, ки забони англисиаш хуб асту донишу фикрронии хуб дорад, шонси бештари комёб шудан дар ин барномаро дорад.

Ӯ афзуд: «Озмун аз 3 давр иборат аст. Даври аввал аз супурдани ҳуҷҷат ва пур кардани анкета, навиштани 3 иншо иборат аст. Баъди санҷиши иншову ҳуҷҷатҳо онҳое, ки ба даври дуввум барои сӯҳбат ва баъдан барои супурдани барномаи TOEFL даъват мешаванд. Аз рӯйи санҷиши байналмилаллии TOEFL, ки ду навъ аст довталаб бояд аз 80 то 550 хол гирад. Яъне барои таҳсил дар донишгоҳи Амрико сатҳи дониши донишҷӯ ҳам нутқи хаттиву ва ҳам шифоҳӣ дар сатҳе бошад, ки бо устодони донишгоҳҳо муомила карда тавонад. Агар донишҷӯ дар ин 3 давр муваффақ шуд^ ӯ моҳи август барои таҳсил ба Амрико сафар хоҳад кард. Хароҷоти таҳсил ва зиндагии яксолаи донишҷӯ пурра ба ӯҳдаи ҳукумати Амрико аст.»

Барномаи Глобал Юград, яке аз барномаҳои омӯзишии ҳукумати Амрико аст, ки аз ҷониби конгресси Амрико маблағгузорӣ мешавад. Барнома барои донишҷӯёни то курси 4-уми донишгоҳҳо пешбинӣ шудааст ва ба онҳо имкон медиҳад, то як сол донишҷӯи донишгоҳҳои Амрико бошанд. Тибқи ин барнома, ки ба донишҷӯёни бахши ғоибонаи донишгоҳҳо ҳам чунин имконро фароҳам меорад, ҳамасола аз Тоҷикистон 6 ё 7 нафар барои таҳсил ба Амрико мераванд ва дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Иброҳим Рустамов, дар беш аз 8 соли ахир ҳудуди 100 ҷавони тоҷик аз тариқи ин барнома донишҳои соҳавии худро дар мактабҳои олии Амрико тавсеа додаанд.

Иброҳим Рустамов, ҳамоҳангсози барномаҳои таълимии созмони Айрекс мегӯяд, дониши довталабон аз ҷониби намояндагони сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва ҳукумати Амрико санҷидаву баҳогузорӣ мешавад. Аз Иброҳим Рустамов ҳамоҳангсози барномаҳои таълимии созмони ҷаҳонии Айрекс мепурсем, ки ба кадом гурӯҳи ҷавонон дар ин барнома бартарӣ дода мешавад?

«Дар ин барнома бештар ба ҷавононе бартарӣ дода мешавад, ки аз пойтахт берун зиндагӣ мекунанд. Ҳоло дар барнома бештар ҷавонон аз минтақаҳои Суғду Бадахшон фаъол ҳастанд ва мо хеле мехоҳем, ки аз ҷануби Тоҷикистон низ дар ин барнома ширкат кунанду фаъол бошанд,» - гуфт ӯ.

Аммо яке аз шартҳои аслие, ки аз ширкатдорони барномаи Глобал Юград талаб мешавад ин аст, ки онҳо бояд ҳатман пас аз 1 соли таҳсил дар Амрико ба давлати худ баргашта ду сол ин ҷо фаъолият баранд. Иброҳим Рустамов мегӯяд, аксар хатмкардаҳои барномаи ройгони таҳсил дар донишгоҳҳои Амрико имрӯз дар Тоҷикистон дар ширкатҳои мухталифи бонуфуз фаъолият доранд ва қисмате ҳам ҳанӯз дар донишгоҳҳои пайи таҳсилу илмомӯзианд.

Холмати Холиқ, яке аз хамткунандаҳои барномаи Глобал Югрейд, ки дар факултаи равобити байналмилалии яке аз донишгоҳҳои Амрико таҳсил кардааст, имсол айни факултаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм мекунад. Холмат мегӯяд, аксар ҳамсолони донишманду забондони ӯ ояндаи худро дар хориҷ аз кившар мебинанд ва мехоҳанд барои кору фаъолият берун аз Тоҷикистон раванд, аммо худи ӯ нақшаи дигар дорад

Холмат дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: «Мехоҳам дар вазорати корҳои хориҷаи кишвар фаъолият кунам ва дар Донишгоҳи миллӣ ба ҷавонон дарс гӯям. Нафаре, ки ба худ ва дониши худ бовар дорад, дар Тоҷикистон ҳам метавонад барои худ зиндагии арзандае бисозад. Аммо вақте одам фикр мекунад, дар ин ҷо барои мо имконият нест ва кори хубе наметавонем пайдо кунем, ҳамин хел мешавад. Вақте одам пеши худ дигар мақсад мемонад ва ба пеш ҳаракат мекунад, албатта, муваффақ мешавад. Ман мехоҳам дар Тоҷикистон монам ва ба манфиати ин кишвару миллатам кор кунам ва бовар дорам, ки дар ҳамин ҷо ба мақсадам мерасам.»

Масъулони барномаи Глбал Юград дар Тоҷикистон мегӯянд, сол то сол таваҷҷӯҳи ҷавонони тотҷик ба ин барнома бештар шудаву барои як ҷой тақрибан 10 нафар рақобат мекунанд. Зимнан аксар ҷавононе, ки аз ин барнома огоҳӣ доранд ва ё дар он ширкат кардаанд, аз кам будани теъдоди квота ё ғолибони озмун шикоят мекунанд.

Аврангзеб, ҷавоне, ки мехоҳад дар ягон донишгоҳи Амрико ё ҷумҳурии Чех таҳсили худро идома диҳад мегӯяд, барномаҳои омӯзишие, ки аз ҷониби созмонҳои байнламилаллӣ муаррифӣ мешаванд, ба як теъдоди хеле хурди ҷавонон имкони сафар ва таҳсил дар хориҷро фароҳам меорад. Ӯ меафзояд: «Ягон 20 дарсад агар барои истифода аз ин барномаҳо имкон пайдо кунад, дигар тарғибу эълон мекунанд аз ҷавонон даъвати ширкат мекунанд, вале дар асл бубинӣ, барои таҳсил дар хориҷ квотаи хеле кам доранд ва аксари ҷавонон ноумед мешаванд.»

Иброҳим Рустамов, ҳамоҳангсози барномаи Глобал Юград мегӯяд, онҳо ҳам аз ҷониби ҷавонон муроҷиату пешниҳодҳои зиёде барои васеъ кардани ин барнома мегиранд, аммо оқои Рустамов мегӯяд, ҳукумати Амрико феълан барои теъдоди маҳдуди ҷавонон маблағ ҷудо мекунад. Аммо хатмкардаҳои барномаи омӯзишии Глобал Юград Холмат ва Сӯҳроб аз таҷрибаи худ мегӯянд, барои ғолиб омадан дар чунин як озмуни серрақобат ҷавононро мебояд хуб омода шаванду омӯзанд ва агар дар воқеъ чунин хоҳиш ва ҳадаф доранд, ҳатман ба он дастёб хоҳанд шуд.

Ҳар сол макотиби миёнаи Тоҷикистонро тақирбан 150 000 нафар хатм мекунанд. Солона аз миёни онҳо то 37 ҳазор нафар ба донишгоҳҳои худи Тоҷикистон шомил мешаванд. Бақия умдатан роҳи муҳоҷират ба Русияро пеш мегиранд.
XS
SM
MD
LG