Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Омад ба сарам, аз он чӣ метарсидам" Фирор... аз Фархор ба Сурия


Акси Насим Наботов
Акси Насим Наботов

Насим Наботов -- сокини 28-солаи ноҳияи Фархор, ки замоне донишҷӯи донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи Ломоносов будааст, ҳоло ба тахмини волидонаш дар Сурия қарор дорад.

Насим Наботов, сокини 28-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро чанд сол пеш падараш аз таҳсил дар донишгоҳи Ломоносови шаҳри Маскав маҳрум карда, ба Тоҷикистон овард, то роҳи ифротӣ шудани ӯро бигирад. Аммо наздиконаш мегӯянд, вақтҳои охир ӯ бештар аз "ҷиҳод" сӯҳбат мекард ва 22 рӯз қабл ба таври ногаҳонӣ "ғайб зад" ва ба эҳтимоли зиёд дар Сурия қарор дорад. ​

Абдулмаҷид Наботов, падари Насим, рӯзи 27 март ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро соли 2009 аз Маскав ба Тоҷикистон оварда буд, то барояш ба оҳистагӣ фаҳмонад, ин ҳарфҳое, ки аз "ҷиҳод" мегӯяд, иштибоҳанд. Наботов мегӯяд, эҳсос мекард, дар Маскав писараш тасмими ба Сурия рафтан дорад ва ҳоло ба ҳолате гирифтор шудааст, ки масали "омад ба сарам аз он чи метарсидам"-ро мемонад.

"Вай соли 2007 ба донишгоҳи Ломоносов дохил шуд ва дар бахши молия ва иқтисод мехонд. Он вақт дар Маскав масҷид аб масҷид гашта, ба кадом гурӯҳҳои ифротӣ равуо доштааст ва ман тавассути баъзе ҳамдиёрон ӯро ба ин ҷо оварда будам. Ӯ интернетро хуб медонист ва кор мекард. Вақте мегуфтам, чӣ кор мекунӣ, мегуфт, сураи Қуръон азёд мекунад. Лекин ба корҳои ӯ сарфаҳм намерафтам,"-афзуд ӯ.

Видеои Наботов, ки мегӯяд, писараш ба Сурия рафтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00

Дар пайи фирори Насим Наботов пайвандонаш аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб иттилоъ гирифтаанд, ки ӯ шоми 5 марти соли ҷорӣ бо ҳавопаймо ба самти Маскав рафтааст. Вале то ҳоло бо онҳо дар тамос нашуда, аз ҷои будубоши худ низ иттилоъ надодааст.

Як ҳамсинфи Насим, ки нахост номаш зикр шавад, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ӯ дар давраи мактабхонӣ хелe фаъол буд. Ба қавли ҳамсинфаш, якбора феълу атвори Насим тағйир карда ва бисёриҳоро дар ҳайрат гузоштааст: "Баъди аз Маскав омаданаш суханҳояш дигар хел шуда буд. Бештар аз равияҳои гуногун сухан мекард. Баъдан милиса ӯро боздошт кард, аммо бегуноҳ, ки буд озодаш карданд."

Дар ҳоли ҳозир раёсати умури дохили Кӯлоб нисбат ба 11 ҷиҳодии зодаи ин минтақа парванда боз кардааст. Аммо Сафаралӣ Тағойзода, сардори шуъбаи умури дохилии ноҳияи Фархор, мегӯяд, ҷавононе, ки аз ин ноҳия дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд, ду нафаранд ва аз онҳо Сангак ва Сайфиддин Қосимовҳо ном бурд. Вай гуфт, ин ду нафар моҳе пеш замони бозгашт дар марзи Туркия дар як даргирӣ ҳалок гардидаанд.

Ин дар ҳолест, ки волидайни Убайд Наимов, як ҷавони 30-солаи дигар аз Фархор мегӯянд, мақомот ба назди онҳо омада, аз ҳузури писарашон дар ҷангҳои Сурия хабар додаанд. Ба қавли онҳо, Убайд дар Санкт-Петербурги Русия кор мекард, вале ду моҳ боз ному нишонаш нест.

Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиён аз ин кишвар дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқро то 300 нафар мегӯянд. То имрӯз дар бораи ҳалокати то 60 нафар аз зодагони Тоҷикистон гузориш шудааст.

Дар ҳамини ҳол раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, дар як баромади худ бо фаъолони Кӯлоб шумораи ҷангиёни минтақаи Кӯлобро дар "Давлати исломӣ" 25 нафар ҳисоб кард.

Тахминзаниҳо дар бораи фирори Насим Наботов аз Фархор ба қадси иштирок дар ҷангҳои Сурия дар ҳолест, ки мақомоти Туркия аз боздошти гурӯҳе хабар доданд, ки мехост, ба Сурия равад. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд.

XS
SM
MD
LG