Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотил ё "барраи қурбонӣ"? Эътироз аз ҳукми абади Амирхон


Волидайни ду донишҷӯи донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз додгоҳ хостанд, муттаҳами куштори писари онҳоро, ки ҳукми абад гирифтааст, аз ҷавобгарӣ озод кунад. Онҳо иддао доранд, дар қатли фарзандонашон на ин ҷавон, балки шахси комилан дигар даст дорад.

Додгоҳи Кӯлоб Амирхон Ҳотамов -- донишҷӯи донишгоҳи давлатии ин шаҳрро ба ҷурми қатли ду ҳамсабақаш ба ҳабси абад маҳкум кард. Аммо волидайни донишҷӯёни кушташуда мухолифи муҷозоти муҷрим баромада ва гуфтанд, аз рӯи ин ҳукми додгоҳ ба раиси ҷумҳур шикоят мебаранд.

Аскаралӣ Амонзода, додраси ин парванда аз раёсати коллегияи судии парвандаҳои ҷиноии додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, айбдоршаванда бо моддаи 104, қисми 2, банди “а”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне куштори барқасдона ҳукми абад гирифтааст. Ӯ гуфт, айбдоршаванда даҳ рӯзи дигар фурсат дорад, то аз болои ҳукми додгоҳ ба зинаи баландтари додгоҳӣ шикоят бубарад, дар ғайри он ҳукми додгоҳ ба иҷро хоҳад даромад.

Ҷасади донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Кӯлоб - Наврӯзи Саидаҳмад ва Ҳокимхон Назаров шаби 21 ба 22 ноябри соли гузашта дар назди биное ёфт шуд, ки Амирхон Ҳотамов дар он зиндагӣ мекард. Ӯ ҳамон шаб бо иттиҳоми куштор боздошт гардид. Наврӯзи Саидаҳмад ва Ҳокимхон Назаров, донишҷӯёни соли саввуми факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, аз ҷамоати деҳоти Даҳанаи Кӯлоб буданд.

Дар видео: волидайни Наврӯз ва Ҳотамхон

Аммо волидайни Наврӯз ва Ҳокимхон даст доштани Ҳотамовро дар куштори фарзандони худ рад мекунанд. Ин ду хонавода бо як овоз иддао доранд, ки кушторро ҳамсабақи дигари кушташудаҳо содир кардааст, ки ҳоло дар ин қазия ҳамчун шоҳид ворид шудааст. Волидони кушташуда мегӯянд, қотили аслӣ пуштибон дорад ва ҷавоне, ки ҳукми абад гирифт, “барраи қурбонӣ” шудааст.

Арафамоҳ Мирзоева
Арафамоҳ Мирзоева

Арафамоҳ Мирзоева, модари Ҳокимхон Назаров, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ӯ ҳеҷ гоҳ Амирхонро гунаҳкор намешуморад. Ӯ мақомоти тафтишотро ба пинҳонкорӣ муттаҳам кард ва гуфт, аз болои онҳо ба раисиҷумҳур шикоят мекунад, то "мӯйро аз хамир" ҷудо кунад.

"Дар Кӯлоб адолат вуҷуд надорад. То замони суд сар шудан ягон корманди мақомот ба дари хонаи ман наомад ва напурсид. Ҳозир бошад, омада одами бегуноҳро як ҳаёт аз озодӣ маҳрум карданд,"-гуфт Арафамоҳ Мирзоева.

Хурсаной Раҳмонова, модари муҷрим Амирхон Ҳотамов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писару ягона духтарашро бе падар ба воя расонидааст. Ба қавли ӯ, Амирхон ягона такягоҳ ва парастори модар будааст ва агар медонист писараш дар воқеъ қотил ва ҷинояткор аст, худаш ба дастонаш оварда ба мақомот таслим мекард.

"Ман ҳамроҳи ӯ дар маҳбас сӯҳбат кардам. Вай гуфт, "оча ман фиреб хӯрдам". Маълум мешавад, дар ин ҳодиса касе даст дорад. Ягона

Амирхон Ҳотамов
Амирхон Ҳотамов

такягоҳам писарам буд, худам дар 30-солагӣ бевазан мондам. Агар писари ман қотил мешуд, то ҳозир ҳамдарсонаш ба ман пул дода ва аз аҳволам хабар намегирифтанд,"- гуфт модари Ҳотамов.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар зиёфат шаби 21 ба 22 ноябри соли гузашта Амирхон аз нӯшокиҳои спиртӣ истифода карда, дар сари мастӣ даст ба ҷинояти одамкушӣ задааст. Аммо Раҳмоналӣ Раҷабов, ҳимоятгарӣ Амирхон ба Озодӣ гуфт, тибқи ташхиси тиббӣ зерҳимояааш маст набуд, балки дар ҳоле беҳушӣ қарор дошт. Ӯ мегӯяд, ҳоло онҳо аз болои додгоҳи Кӯлоб ба додгоҳи кассатсионӣ шикоят мебаранд.

Дар пайи ин ҳодиса, деканҳои ду факултаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз симаташон барканор шуданд. Масъулони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб сабаби барканории Ҷамила Юлдошева, декани факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва Рӯзибек Боқиев, декани факултаи таъриху ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ дар иҷрои вазифа унвон карданд. Ҳоло тасмими шикоят аз болои додгоҳ ва мақомоти тафтишотӣ то куҷо меравад, маълум нест, вале дар таҷрибаҳои Тоҷикистон додгоҳҳо дар аксар маврид ҳукми ҳамтоҳои худро бидуни тағйир мегузоранд.

XS
SM
MD
LG