Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корпартоии коргарони маҳаллии ширкати Чин дар роҳи Восеъ - Ховалинг (ВИДЕО)


Корпартоии як гурӯҳи роҳсозон дар сохтмони роҳи Восеъ - Ховалинг бо талаби боло бурдани маош ва беҳтар кардани шароити коргарон 4 рӯз боз идома дорад.

Зубайдулло Саидов, яке аз коргароне, ки бо нишони эътироз ба кор набаромадааст, рӯзи 4-уми март ба Радиои Озодӣ иброз дошт, ки онҳо бинобар паст будани маош ва таъмин нашудан бо хӯроки нисфирӯзӣ корпартоӣ кардаанд. Ӯ мегӯяд, даҳҳо нафар аз роҳсозон ба ин эътироз пайвастаанд.

Ба гуфтаи ӯ, новобаста аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима оид ба таҷрибаи кориаш роҳбарони ширкати чинии «Синоҳидро Тоҷикистон CO», ки масъули бозсозии ин роҳ аст, маошашро зиёд накарданд. Саидов гуфт, барои як рӯз ба ӯ ҳамагӣ 27 сомонӣ маош медиҳанд ва ӯ то имрӯз бо умеди ин ки маошаш дар оянда зиёд мешавад, кор мекард.

Зубайдулло Саидов
Зубайдулло Саидов
Аммо кор ва фаъолияти хуби ӯ то имрӯз ба назар гирифта нашудааст ва ӯ мехоҳад кори худро идома диҳад ва маошаш баланд шавад. Саидов дар ҳар сурат умедвор аст, ки корпартоии онҳо ширкати Чинро дар баробари хостҳои коргарони маҳаллӣ масъултар хоҳад кард ва шароити кор хеле беҳтар ва маоши онҳо ҳам назар ба 700 сомоние, ки дар маҷмӯъ дар як моҳ ба онҳо медиҳанд, як андоза болотар хоҳад шуд.

Раҷабалӣ Мӯсоев, як коргари дигар мегӯяд, барои як рӯз ба ӯ ҳам 27 сомонӣ маош таъин кардаанд. Раҷабалӣ мегӯяд, барои танаффуси нисфирӯзӣ ба онҳо 1 соат вақт муайян шудааст, то хӯроки нисфирӯзӣ хӯрда, камеи дигар истироҳат кунанд, аммо: «Як соати ҷудошуда барои пухтани хӯрок намерасад. Ва чанд маротиба аз сабаби дер мондан ҷарима низ шудем.»

Хуан Зуфа
Хуан Зуфа
Хуан Зуфа, намояндаи ҶДММ «Синохидро Тоҷикистон CO» ба Озодӣ гуфт, «аз рӯзҳои авали корӣ мо барои кормандони худ хӯроки нисфирӯзӣ ваъда накардаем, зеро хӯрокҳое ки мо омода мекунем, барои мусулмонон раво нест. Аз ин рӯ, мо шароитро омода кардем, то кормандон худашон маҳсулоти хӯрокаашонро биоранд ва ошпазон ба онҳо хӯрок пухта диҳанд.»

Як гурӯҳи дигари кормандони техникӣ иброз доштанд, ки онҳо ба ин шароит одат кардаанд ва хӯрокҳои бо худ овардаашонро дар дохили мошин тановул мекунанд. Ба гуфти ин коргарон, ба онҳо ваъда доданд, ки дар рӯзҳои наздик сарулибоси корӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва дигар шароити корро таъмин мекунанд.

Ба иттиллои кормандони ҶДММ «Синохидро Тоҷикистон CO», новобаста ба корпартоии як қисми кормандон, корҳои бозсозӣ дар роҳи Восеъ -Ховалинг идома дорад ва ҳамарӯза то 100 корҷӯ ба корхонаи онҳо муроҷиат мекунанд.

Фирдавс Саидов
Фирдавс Саидов
Як ронандаи мошини боркаш, ки худро Фирдавс Саидов муаррифӣ кард, иброз дошт, ки онҳо мошинҳои боркашро аз дигар ноҳияҳои кишвар оварданд ва мебоист ба онҳо иловатан маош медоданд, аммо вақти маошгирӣ ба онҳо ҳамон 700 сомонӣ доданду халос. Фирдавс мегӯяд, боре ба сабаби чапа шудани мошинаш, ки дар ҳолати нохуб қарор дошт, 500 сомонӣ ва як маош ҷарима шудааст. Ҳарчанд, меафзояд ӯ, дар чаппа шудани мошин гунаҳкор ӯ набуд. Фирдавс низ то имрӯз корпартоӣ кардааст ва умед дорад, ки хоҳишаш қабул шуда, дубора ба кор бармегардад.

Қарордод миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд барои таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Ховалинг - Восеъ моҳи декабри соли 2013 ба тасвиб расидааст. Барои анҷоми ин тарҳ Бонки осиёӣ 70 миллион доллар ва ҳукумати Тоҷикистон 19 миллион доллар ҷудо кардаанд.

Навори видеоии тақдими ҷоиза ба Бобоназароваро дар саҳифаи Озодивидео дар Ютюб бубинед:

https://www.youtube.com/watch?v=cd3IBXpNzIg&feature=c4-overview&list=UUyTDJHSzuKZ2JZO41c5Do1A


XS
SM
MD
LG