Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози бозсохти роҳи Восеъ - Ховалинг


Расми оғози тармими роҳи Восеъ - Ховалинг
Расми оғози тармими роҳи Восеъ - Ховалинг

Рӯзи 29 сентябр дар як маросими вижа иҷрои тарҳи бозсохти роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг расман оғоз ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 29 сентябр дар расми оғози таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Восеъ –Ховалинг гуфт, «маблағи умумии лоиҳа 425 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 350 миллионашро Бонки осиёии рушд ва қариб 40 миллион сомонии онро ҳукумати Тоҷикистон ҳиссагузорӣ мекунанд.»

Бонки осиёии рушд ахиран эълон кард, ки барои тармиму таҷдиди 88 километр роҳи Сайрон - Қарамиқ, қитъае аз шоҳроҳи Душанбе - Ҷиргатол - сарҳади Қирғизистон, ва 87 километр роҳи Восеъ - Ховалинг 70 миллион доллар кумаки билоиваз ҷудо мекунад. Ин тарҳ, ки 19 миллион долларашро бояд худи давлати Тоҷикистон пайдо кунад, бозсохти 30 километр аз роҳҳои дохилӣ дар навоҳии Восеъ ва Ховалингро низ дар бар мегирад.

Ин лоиҳа як бахши тарҳи бузурги CAREC(ҳамкории иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ) буда, қарор аст, ҳамзамон иртиботи нақлиётиро бо се коридори байналмилалӣ, аз ҷумла ба воситаи ноҳияи Тавилдара ба коридори 3, яъне шоҳроҳи Душанбе – Ҷиргатол - сарҳади Қирғизистон, ба воситаи шаҳри Қӯрғонтеппа ба коридорҳои 5 ва 6(шоҳроҳи Душанбе – сарҳади Афғонистон) ва тавассути шаҳри Кӯлоб ба шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Мурғоб – Кулма – шоҳроҳи Қароқурум таъмин кунад.

Ба бовари Эмомалӣ Раҳмон, баъди бозсозии роҳи Восеъ - Ховалинг имконе фароҳам меояд, ки ҳаракати осону бемамониати воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди ин минтақа ва ҳам робитаи нақлиётӣ бо се давлати ҳамҷавор – Афғонистону Қирғизистон ва Чин таъмин карда шавад. Оқои Раҳмон ба ин далел аз мақомоти кишвараш хост, дар ҷараёни тармими роҳ а сифати кор ва масолеҳи сохтмон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, зеро «ин роҳ аҳамияти минтақавӣ дошта, бояд ба наслҳои имрӯзу фардо хизмат намояд.»

Бонки Осиёии Рушд аз ҳамкорони умдаи давлати Тоҷикистон маҳсуб шуда, аз соли 1998 ба ин сӯ ба иқтисоди ин кишвари фақири пасошӯравӣ ба сурати умум беш аз 5 миллиард сомонӣ, муодили беш аз 1 миллиард доллар қарзу кумакҳои фанниву билоиваз ихтисос додааст. Таъмини молии тарҳҳои вижа дар риштаи энержӣ ва тармиму бозсохти шоҳроҳҳо яке аз умдатарин арсаҳои ҳамкории Бонки осиёии рушд бо Душанбе ном бурда мешавад. Тармиму бозсозии шоҳроҳи Душанбе –Ҷиргатол – сарҳади Қирғизистон ва ҳамин тавр, роҳи Айнӣ -Панҷакент бо кумакҳои молии ҳамин ниҳоди молӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG