Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзохӯҷа Аҳмадов – деҳқоне дар водии шубҳаҳо


Аз миёни ҷангсолори пешини Тоҷикистон, кам касоне тавонистаанд мисли Мирзохӯҷа Аҳмадов аз талотумҳои зиёд ҷон ба саломат баранд.

Боздиди президенти Тоҷикистон аз водии Рашт ва мулоқот бо яке аз шахсиятҳои зиддунақизи ин минтақа, фармондеҳи собиқи мухолифин Мирзохӯҷа Аҳмадов дар сари замини картошка аз назари тамошобинони телевизиони давлатӣ дур намонд. Мирзохӯҷа Аҳмадов дар бораи муваффақиятҳои хоҷагии оилавии деҳқониаш дар рустои Белгӣ маълумот дод ва аз ҷониби президент вазифадор шуд, ки ятимхонаи Нурободро бо ду тонна картошкаи баландсифат таъмин кунад. Дар зеҳни тамошобин тасаввуре ҳосил шуд, ки собиқ ҷангии маъруф, ки исмаш ҳанӯз бо ҳодисаҳои хушунатбори соли 2011 ва гурӯҳҳои Алоуддин Давлатову Мулло Абдулло пайванд дода мешуд, силоҳро бо бел табдил карда ба ҳаёти мулкӣ рӯ овардааст.


Мулоқот бо президент

Мирзохӯҷа Аҳмадов дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ дар робита бо мулоқоти рӯзи 25 сентябр бо президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин вохӯрӣ то ҷое ногаҳонӣ буд ва миёни онҳо ҳеҷ сӯҳбати хоссае сурат нагирифт.

- Ин як сафари кории ҷаноби олӣ буд. Ба хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо дар деҳаи Белгӣ ҳам омад, картошкакорҳоро миннатдорӣ кард, тамом. Ягон сӯҳбати хосса надоштем. Мо ду сол шуд, ки деҳқонӣ мекунем, - гуфт ӯ.


Симои ҳафта: Мирзохӯҷа Аҳмадов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим



Ба гуфтаи Аҳмадов, дар канори хоҷагӣ ба пешвози меҳмонони баландпоя як кате бо дастурхони ороста таҳия шуд. “Мо ба президенти мамлакат гуфтем, ки ба замини мо ташриф овардед ва дуо додед, ки корҳои мо хуб шаванд, илтимос, агар шароит бошад, як пиёла чой гиред. Он кас дар ҷавоб гуфтанд, ки “агар ба
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз боғҳои ноҳияи Нуробод дар рӯзи 26 сентябр. Акс аз сайти президенти Тоҷикистон
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз боғҳои ноҳияи Нуробод дар рӯзи 26 сентябр. Акс аз сайти президенти Тоҷикистон
ман чой доданӣ бошӣ, ба интернати шаҳраки Навобод картошка медиҳӣ.

Бидон, ки ту ба ман гӯсфанд куштӣ ва ман аз замин то осмон миннатдор мешавам”.

Ба гуфтаи Аҳмадов, баробари ҷамъоварии ҳосили картошта, вай ният дорад супориши президентро иҷро кунад.

Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, ҳосили имсолаи картошка беҳтар аз соли гузашта хоҳад шуд. Порсол деҳқонон Аҳмадовҳо тавонистаанд 10 тонна ҳосил ба даст оваранд.

Сайти президенти Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр хабар дод, ки зимни боздид аз деҳаи Белгии ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо, ки раҳбарии онро собиқ фармондеҳи неруҳои мухолифин дар минтақа Мирзохӯҷа Аҳмадов ба уҳда дорад, дидан кард.

"Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо дорои 3 гектар замин буда, имсол дар як гектари он кишти картошка ва қитъаҳои дигар боғи нав бунёд намудаанд. Деҳқонони хоҷагӣ азм доранд, ки аз кишти картошка зиёда 400 сентнер ҳосил ба даст биёранд".



Аз ҷабҳаи ҷанг ба мазраи кишт

Мирзохӯҷа Аҳмадов 55 сол дошта, ба унвони ҷангсолори собиқи нирӯҳои мухолифон дар водии Рашт шинохта шудааст. Соҳиби 8 фарзанд ва 5 набера аст. Ду писараш дар Русия – яке бо таҳсил дар риштаи фанноварҳои компютерии донишгоҳи шаҳри Томск, дигаре бо кор машғул аст. Писари дигараш аз рӯи квотаи президентӣ дар Донишгоҳи варзиши Душанбе таҳсил мекунад. Се сол пеш ҳамсараш даргузашт ва ӯ дубора издивоҷ кард. Фарзанди хурдиаш Мустафо шашмоҳа аст.

Аҳмадов мегӯяд, ки аз зиндагии имрӯзааш хушнуд аст, чун бо кори кишоварзӣ машғул аст. “Ҳар кас профессор ё духтуру низомӣ шуда наметавонад. Ҳазор маротиба шукр, мо деҳқонем. Бо супориши ҷаноби олӣ ба мо замин доданд, мо кор мекунем. Аз хоҷагиҳои деҳқонии дигар қарз гирифта корро пеш мебарем”, мегӯяд вай. Ӯ мегӯяд, ки мисли тамоми дигар мардуми водии Рашт танҳо дар фикри ободиву сулҳи диёр аст, чун, ба бовари ӯ, “силоҳ ба касе нон намедиҳад”. Вай мегӯяд, ҳоло вазъи Рашт хеле босубот шудааст ва ба эътимоди ӯ, ҳеҷ таҳдиде аз гурӯҳҳои эҳтимолии ҷангӣ дар ин атроф вуҷуд надорад.

Охирин ҳодисаи ҷиноии пурсарусадое, ки дар минтақа рух дод, куштори бераҳмонаи раҳбари кони ангишти “Назарайлоқ” Нуриддин Темиров дар оғози моҳи сентябр дар Ҳоит мебошад. Тафтишот ҳамоно идома дорад ва дар миёни нафароне, ки барои бозпурсӣ даъват шуда буданд, исми фармондеҳони собиқи нируҳои мухолифин - Шоҳ Искандаров (муовини сардори Раёсати корҳои дохилии Рашт), Мирзохӯҷа Аҳмадов ва афроди наздик ба онҳо бурда мешавад. “Агар мо медонистем, ки ин кушторро кӣ кардааст, барвақт худамон бурда месупордем”, мегӯяд Аҳмадов.

Вай дар сӯҳбаташ овозаҳои моҳе пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахшшударо оид
Мирзохӯҷа Аҳмадов, соли 2011. Акс аз сомонаи Азия-Плюс
Мирзохӯҷа Аҳмадов, соли 2011. Акс аз сомонаи Азия-Плюс
ба соҳиби вазифа шуданаш дар сохтори Вазорати дифои Тоҷикистон рад кард ва гуфт, ки ин ҳама сӯҳбатҳо асос надорад ва ӯ аз ҳисоби деҳқонӣ рӯз мегузаронад.

Мирзохӯҷа Аҳмадовро яке аз шахсиятҳои зиддунақиз меноманд, ки исмаш дар робита бо чандин ҳодисаи пурсару садо зикр мешавад, вале айни замон, вай тавонистааст аз ҳамаи ин ҳодисаҳо ҷон ба саломат бубарад. Дар соли 2008 Аҳмадов ва зердастонаш ба қатли Олег Захарченко, муовини фармондеҳи ОМОН, як воҳиди вижаи вазорати умури дохила, айбдор шуд, ки ба иддаои мақомот, барои ширкат дар ҷаласаи шӯъбачаи Аҳмадов, ва ба иддаои ӯву тарафдоронаш, барои боздошти онҳо ба Рашт омада буд. Ӯ, ки аз оғоз ба бегуноҳии худ таъкид кардааст, имрӯз мегӯяд, ки идомаи тафтиши қазияро бояд аз органҳои тафтишотӣ суол кард. Дигар мавриди олуда шудани исми Аҳмадов марбут ба зуҳури гурӯҳи шӯришиёни ҷангии Рашт дар тирамоҳи соли 2010 зери раҳбарии Алоуддин Давлатов (маъруф бо лақабҳои Белгӣ ва Алии Бедакӣ) мебошад.

Гурӯҳи Давлатов бо раҳбарии худи ӯ оғози моҳи январи соли 2011 ва дар моҳи маи он сол ҷангсолори дигари мухолифин Абдулло Раҳимов кушта шуданд. Ин афрод дар куштори бераҳмонаи 26 низомии вазорати дифоъ дар дараи Камароб моҳи сентябри соли 2010 айбдор дониста шуданд. Дар шабу рӯзи амалиёти нирӯҳои давлатӣ Аҳмадов ҳам дар миёни афроди гумонбар ёд мешуд, манзили ӯ ба оташ рафт, вале баъдан, тибқи иттилои манобеи мустақил, дар нобуд шудани гурӯҳи Алии Бедакӣ бо ҳукумат ҳамкорӣ нишон дод.

Ҳоло Мирзохӯҷа Аҳмадов намехоҳад дар ин бора сӯҳбат кунад ва вуҷуди муомилот бо ҳукуматро шадидан рад мекунад. Вай гуфт, дар ҳар ҳолате, ки болои номи ӯ соя афтодааст, “тафтишот бегуноҳ будани ӯро собит кардааст” ва ҳамин аст “танҳо гуноҳи ӯ”.



Водии Рашт: макони мардуми сулҳхоҳ, вале мавриди шубҳа?

Рашт аз он минтақаҳои Тоҷикистон аст, ки солҳо баъд аз имзои созишномаи сулҳ дар байни ҳукумат ва мухолифини исломӣ аз назорати ҳукумат берун буд. Агарчи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон расман дар соли 1997 ба поён расид, вале акси садои он солҳо дар минтақаи Қаротегин ба гӯш мерасид. Танҳо баъд аз соли 2000-ум дар ин минтақа ҳудудан се амалиёти густардаи нирӯҳои ҳукуматӣ алайҳи груӯҳҳои мусаллаҳ анҷом шуд, ки баъзеи онҳо дар хориҷи кишвар тамрин дида буданд. Дар ҳоле, ки ҳукумат ҷангсолорони худиро дар якчанд соли баъди анҷоми ҷанг аз байн бурд, барои аз байн бурдани ҷангиён дар ин водӣ солҳои зиёдеро сарф кард.

Ба эътимоди коршиносони мустақил, ки таҳаввулоти водии Раштро бевосита аз дохил медонанд, ҳоло дар ин минтақаи муҳофизакори Тоҷикистон вазъ онгуна нест, ки ду соли пеш буд. Мардум дар фикри кору зиндагии ҳамарӯза аст ва аз худо мехоҳад, ки дигар хуни касе рехта нашавад. Вале он чи ки ба осонӣ аз байн намеравад, ин вуҷуди шубҳаву нобоварӣ ба садоқати мардум, ба вижа
Боздошти Алоуддин Давлатов, муттаҳам ба ташкили ҳамла ба нирӯҳои давлатӣ тирамоҳи соли 2010
Боздошти Алоуддин Давлатов, муттаҳам ба ташкили ҳамла ба нирӯҳои давлатӣ тирамоҳи соли 2010
шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ нисбати ҳукумати марказии Душанбе аст.

Олим Одилов, яке аз шахсони наздики Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯяд, ҳоло дар ин қаламрав нафаре нест, ки сулҳро нахоҳад ва пуштибони ҳукумат набошад. “Азбаски ду-се соли охир вазъи минтақа ноором шуд ва ҳоло вазъ мӯътадил ҳам, ки бошад, нобоварӣ мемонад. Вале ман медонам, ки ҳамаи мардум тарафдори сулҳанду сиёсати давлату ҳукуматро тарафдорӣ мекунанд. Мардум хеле самимона президентро пешвоз гирифта гусел карданд”, гуфт ӯ.

Коршиноси низомӣ Маҳдии Собир мегӯяд, водии Раштро на танҳо мардумаш, ки дар баробари кор дар сохторҳои мухталифи давлатӣ, ҳамчунин дар соҳаи савдову муҳоҷират пешқадамтар назар ба мардуми дигари манотиқи кӯҳдомани Тоҷикистон кардааст, макони ҷуғрофиву мустаҳкам будани ақидаҳои мазҳабиаш хос мекунад. “Минтақаи Ғарм як минтақаи муҳими стратегӣ аст. Аз ин минтақа ҳам ба самти шимол, ба ноҳияи Масчоҳ ва аз он ҷо ба вилояти Суғд, ҳам ба водии Фарғона, ба вилоятҳои Ошу Ботканди Қирғизистон ва аз самти дигар, ба тарафи Мурғобу Афғонистон ҳаракат кардан мумкин аст”.

Бо истифода аз ин, мегӯяд вай, дар солҳои ҷанги дохилии солҳои 1990-ум баъзе ҷангсолорони маҳаллӣ талош мекарданд мақоми гурӯҳҳои ҷиҳодии худро ҳифз кунанд ва афроди ҷангҷӯву ҷинояткорро аз манотиқи дигари ҷумҳурӣ паноҳгоҳ медоданд.

Вай мегӯяд, баъзе аз ин ҷангсолорон дар солҳои 2000-ум фикр карданд, ки метавонанд ба ҳукумат фишор оваранд ва бо ин роҳ ҳукумат кунанд. Вале дар аввалин лаҳзаи хатар, боз ба тарафи ҳукумат гузашта, ҷангиёни худро фурӯхтанд. “Аз ин хотир, онҳо ҳоло онҳо набояд ба унвони як қувваи сиёсӣ ё хатаре арзёбӣ шаванд, чунки дар миёни мардум пуштибонӣ надоранд”, гуфт Маҳдии Собир.
XS
SM
MD
LG