Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арӯси тоҷик - барои ситораи варзиши Русия


Шоҳзод Худодагӣ Ғуломзода то кунун чандин ҷоиза ба даст овардааст.
Шоҳзод Худодагӣ Ғуломзода то кунун чандин ҷоиза ба даст овардааст.

Шоҳзоди 23-сола нахустин қаҳрамони тоҷики Бозиҳои сурдолимпист, вале ин бозигари бадминтон дар мусобиқоти байналмилалӣ таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекунад.

Ситораи 23-солаи варзиши бадминтони Русия Шоҳзод Худодагӣ Ғуломзода барои худ аз Тоҷикистон арӯс меҷӯяд ва ҳамзамон ба Бозиҳои сурдолимпӣ (Deaflympics)-и навбатӣ, ки моҳи июли соли 2017 дар Самсуни Туркия доир мешаванд, омодагӣ мегирад.

Ҳадафи ин варзишкори тоҷик дар мӯътабартарин мусобиқаҳои байни варзишкорони қобилияти шунавоияшон суст ҳифзи мақоми қаҳрамониест, ки Шоҳзод соли 2013 дар Сурдолимпиадаи қаблӣ дар София, пойтахти Булғористон ба даст овард.

Евгений Исаков, узви Шӯрои Федеросиюни бадминтони шаҳри Маскав рӯзи 6 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Шоҳзод Ғуломзода ба унвони яке аз умедҳои асосии тими Русия ном бурд ва изҳори итминон кард, ки Шоҳзод аз Самсун низ бо нишони тило бармегардад: “Шоҳзод баҳову натиҷаҳои хеле баланд дорад. Ӯ аз варзишкорони ояндадори шаҳри Маскав аст ва мо бовар дорем, ки Шоҳзод дар Сурдоолимпиадаи соли 2017 барои Русия боз медал хоҳад овард ва умедворем, ки ин медал медали тило бошад.”

Шоҳзод Ғуломзода соли 2013 дар Бозиҳои сурдоолимпӣ дар София дар сабқати бадминтон байни мардон нишони тило гирифт ва бар илова, дар сабқати ҷуфтҳои омехта ҳамроҳ бо Олга Штайгер соҳиби медали нуқра шуд. Вазири варзиши Русия Виталий Мутко баъди ин ду дастовард билофосила ба Шоҳзод Ғуломзода унвони “Устоди шоистаи варзиши Русия”-ро дод.

Худододагӣ Ғуломов рӯзи 6 июн дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, онҳо то замони кӯчидан ба Маскав ҳатто намедонистанд, ки Шоҳзод мушкили шунавоӣ дорад: “Танҳо вақте ки ӯро дар инҷо ба мактаб супурдем, як омӯзгораш ба мо гуфт, ки Шоҳзод дар шунидан мушкил дорад. Вагарна ҳарф мезанад ва ба тоҷикӣ ҳатто дашном ҳам медиҳад. Аммо афсӯс, ки аз вуҷуди ин дардаш дер хабар шудем ва дигар имкони муолиҷааш намонда буд.”

Арӯси тоҷик - барои ситораи варзиши Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00
Линки мустақим

Аммо чаро Шоҳзод таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекунад? – мепурсам аз падари ӯ. Худодагӣ Ғуломов гуфт, мутаассифона, шароите, ки дар Русия барои як варзишгари умедбахш муҳайё мекунанд, назар ба Тоҷикистон мисли замину осмон фарқ мекунад:

“Шоҳзод ҳама унвонҳову нишонҳои баландашро дар ҳаминҷо ба даст овард. Беш аз 10 маротиба қаҳрамони бадминтони Русия шуд, дар 16-солагиаш қаҳрамони ҳам Аврупо ва ҳам ҷаҳон шуд. 19-сол дошт, ки дар Олимпиада ғолиб омад ва Мутко дар ҳамон ҷояш дар Булғористон ба сари синаи Шоҳзоди ман нишони “Устоди шоистаи варзиши Русия”-ро зад. Ҳам стипендияаш медиҳанд дар Русия, ҳам нафақаи маълулӣ. Дар Тоҷикистон варзишгар ин хел соҳиб надорад.”

Ба гуфтаи падараш, мақомоти Русия барои Шоҳзод Ғуломзода шароити лозимро муҳайё кардаанд, ки ӯ битавонад бидуни кадом мамониат ба мусобиқаҳо омодагӣ бинад: “Ҳамин ҳоло сӯҳбат кардем ва Шоҳзод гуфт, дар байни мусобиқаҳояш чанд ҳафта фосила пеш омадааст ва ӯ барои истироҳат дар ин рӯзҳо ба Таиланд меравад. Ба варзишгар дар Русия арҷ мегузоранд. Дар мо – чӣ? Бозиҳои олимпӣ неву сурдоолимпӣ ҳам бошад, Шоҳзод нахустин нафаре аз Тоҷикистон буд, ки дар ин мусобиқаҳо ҷойи аввалро гирифт. Вале ду сол пеш, вақте баъди пирӯзиаш дар Бозиҳои Сурдоолимпӣ ва қаҳрамонии ҷаҳон ба Ватан рафтем, ба ӯ на дар Душанбе ягон арҷгузории расмӣ шуд, на дар зодгоҳи худи мо – Дарвоз. Танҳо бобояш, ки 11 сол боз набераашро надида буд, пеши пои набераи қаҳрамонаш буқаи панҷсолаашро кушту мардумро нон дод.”

Бо ин вуҷуд, Шоҳзод Ғуломзода мегӯяд, ки худро қалбан тоҷик мешуморад ва ҳатто зери парчами Русия ҳамчун як тоҷик ба майдон мебарояд. Худодагӣ Ғуломов, падари Шоҳзод мегӯяд: “Бубинед, ҳатто вақте масъалаи издивоҷашро матраҳ кардем, Шоҳзод шартамон гузошт, ки танҳо аз Тоҷикистон ва духтари тоҷикро ба занӣ мегирад. Хеле муҳаббату алоқа дорад ба Тоҷикистону ба мардуми тоҷик.”

XS
SM
MD
LG