Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шридевӣ ҳунарпешаи маҳбуби Ҳинд даргузашт. ВИДЕО


Шридевӣ

Шридевӣ Капур, яке аз маъруфтарин ҳунарпешаҳои Ҳинд, ки дар аҳди шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳам маъруф буд, дар синни 54-солагӣ даргузашт.

Ӯ бар асари сактаи қалбӣ дар шаҳри Дубай рӯзи якшанбе 25-уми феврал ҷон додааст. Ҳунарпеша ҳамроҳи шавҳару духтараш барои ширкат дар ҷашни арӯсии ҷиянаш ба Дубай рафта будааст.

Марги ҳунарпеша, дӯстону наздикон ва мухлисони ӯро бисёр ғамгин кард. Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд ба хешовандони Шридевӣ изҳори ҳамдардӣ кард.

Приянка Чопра , ҳунарпешаи ҳиндӣ баъди шунидани ин хабар дар Твиттер навиштааст: “Ман лол мондаам, ба ҳамаи онҳое, ки Шридевиро дӯст медоштанд, изҳори ҳамдардӣ мекунам. Имрӯз рӯзи сиёҳест“.

Ман лол мондаам, ба ҳамаи онҳое, ки Шридевиро дӯст медоштанд, изҳори ҳамдардӣ мекунам. Имрӯз рӯзи сиёҳест.

Шридевӣ, ки номи комили замони кӯдакиаш Шрӣ Амма Янгер Аяпан буд дар аёлати ҷанубии Тамил Наду ба дунё омада ва аз 4-солагӣ ба саҳнаи синамо қадам ниҳодааст. Чиҳил сол боз дар Ҳинд нақш иҷро мекард. Баъди кор дар киностудияҳои минтақавӣ соли 1979 ба Болливуд роҳ ёфт.

Пункеҷ Кҳарбанда, менеҷери собиқаш ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки ҳангоми марг шавҳараш сари болини ӯ будааст. Ҳунарпешаи маъруфро бештар аз ҳама бо филмҳои “Чандӣ”, “Мистер Индиа”, “Мавалӣ” ва “Тӯҳфа” мешиносанд, ки ҳаводорони зиёде дошт. Нақши ӯ дар филми “Садма” дар соли 1982 таҳсини зиёде шунидааст. Ӯ дар ин филм, нақши занеро иҷро мекунад, ки хотираашро гум кардааст ва аз он ранҷ мекашад.

Маъмурони пулис дар назди хонаи Шридевӣ дар шаҳри Бомбай сафарбар шудаанд, то издиҳоми бузурги мардумро назорат кунанд. Интизор меравад, ки бисёриҳо инҷо мунтазири ҷасади ӯ бимонанд, ки қарор аст, рӯзи 25-уми феврал ба Ҳинд биёранд ва баъдан бар тибқи ойинҳои мардуми онҷо бисӯзонанд.

Яке аз мухлисонаш ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки Шридевӣ барояш мисли Амитабҳ Бачан, ҳунарпешаи бузурги дигари Ҳинд маҳбуб аст. Вимал Хандакада гуфтааст, “Ман мухлиси ҳамешагии ӯ будам ва иҷрои ӯро бисёр дӯст медоштам. Ман инҷо мемонам, ки бо ӯ видоъ кунам.”

Шридевӣ ҳунарпешаи маъруфи Ҳинд даргузашт
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:27 0:00

Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки кӯдакии беғаму ғусса надошт, чун якбора ба саҳна кашида шуд. Ба қавли ӯ “Шумо агар мехоҳед, чизеро ба даст биёред, бояд аз чизи дигаре маҳрум шавед.”

Шридевӣ барои саҳмаш дар арсаи синамои Ҳинд ҷоизаи Падма Шри, чаҳорумин ҷоизаи бузург дар кишварашро ба даст овардааст. Ӯ дар 300 филм нақш иҷро кардааст ва қарор буд, ки нахустин ҳунарнамоии духтари калониаш Ҷанвиро дар Болливуд бубинад.

Раҷив Масанд, мунтақиди синамо гуфтааст, ки ёди Шридевӣ дар хотираҳо мемонад. Ӯ афзудааст, ҳеҷ гоҳ чунин инсони шармгинеро надида буд, ки дар назди камера ҳунари зотиашро ба таври ҳайратангез нишон медод. Шавҳари Шридевӣ Бонӣ Капур, продюссери филмҳо аст ва аз ӯ ду духтар боқӣ монд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG