Ин мусобиқа бо ширкати варзишгарони Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид.
Ташкилкунандаи мусобиқаи мазкур Федератсияи миллии муҳорибот дар ринг “UFC”-и Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Раиси ин федератсия Сайидалӣ Уразалиев ба “Озодӣ” гуфт, “мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муҳориботи бидуни қоида миёни варзишгарони ҳирфаӣ ба хотираи кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Олим Одинаев, Масабур Сатторов, Фаррух Зарифов, Зоиршо Қаландаров ва дигар кормандони сохторҳои қудратӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҳалок гаштаанд, баргузор шуд. Варзишгарон дар ҳафт вазн рақобат карданд. Инчунин дар фарҷоми мусобиқа супербойбой ё қувваозмоии олӣ барпо гашт. Ин қувваозмоӣ, ки хеле пуршиддат гузашт, бо пирӯзии варзишгари пуртаҷрибаи русиягӣ Руслан Жемухови 24-сола, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон дар навъҳои муҳорибаи тан ба тан ва муҳорибаи универсалӣ ё умумӣ хотима ёфт. Вай бар варзишгари ҷавони тоҷик Маҳмадуллои Искандар, ки 21-сола мебошад, ғолиб омад. Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа бархе аз варзишгарони мо бар рақибони пуртаҷрибаашон аз Русияву Қирғизистон муқобилияти сахт нишон дода, пирӯзӣ ба даст оварданд. Умуман, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарони ҷавони мо таҷоруби хуб касб карданд, ки дар мусобиқоти минбаъда ба онҳо ба кор меояд.”
Сардовари ин мусобиқа Заур Кануков (аз Ҷумҳурии Кабардину Балқар), раҳбари бахши миллии муҳориботи тан ба тани Русия, зимни сӯҳбат бо “Озодӣ” аз он изҳори хушҳолӣ кард, ки мизбонон барои меҳмонон – ҳайатҳои варзишии Русияву Қирғизистон шароити хуб фароҳам сохтанд. Вай афзуд, “ мусобиқа дар толори зебои варзишии замонавӣ дар сатҳи баланд барпо гашт ва он, бешак, барои баланд шудани маҳорати варзишгарони ҳирфаӣ, бахусус, варзишгарони ҷавони тоҷик кӯмак хоҳад кард. Мо дар ҷараёни ин мусобиқаи байналмилалӣ ба варзишгарони навраси ҳаваскор низ имкон додем, ки рақобат кунанд ва маҳорати худро нишон диҳанд. Сабқати варзишгарони ҳирфаӣ бар асоси низомномаи мусобиқот аз ду раунди панҷдақиқагӣ иборат буд. Дар мавриди бо натиҷаи мусовӣ анҷоми ёфтани қувваозмоӣ барои муайян кардани ғолиб 5 дақиқа замони изофӣ дода мешуд. Ин мусобиқа, ба андешаи ман, барои таҳкими дӯстӣ ва алоқаҳои федератсияҳои миллии кишварҳои ширкаткунандаи ин мусобиқаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.”
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарони Тоҷикистон дар чор вазн, Русия дар се вазн ва Қирғизистон дар як вазн ғолиб шуданд. Инчунин панҷ варзишгари тоҷик, ду қирғиз ва як русиягӣ ҷойҳои дувумро касб карданд.
Ба варзишгароне, ки дар вазнҳои худ ҷойҳои аввалро гирифтанд, сертификат ба маблағи 1000 доллари амрикоӣ ва ба онҳое, ки ҷойҳои дувумро азони худ карданд, сертификат ба маблағи 500-долларӣ супурда шуд. Ба Сӯҳроб Ятимов, варзишгари тоҷик, ки дар вазни беш аз 85 кг ғолиб омад, сертификат ба маблағи 5000 доллар тақдим гашт. Руслан Жемухови русиягӣ, ки дар супербой ғолиб омад, бо сертификат ба маблағи 2000 доллар сарфароз шуд. Варзишгари тоҷик Маҳмадуллои Искандар, ки ҷойи дувумро гирифт, соҳиби сертификат ба маблағи 1000 доллар гардид.
Ғолибони мусобиқа:
Вазни то 60 кг
1.Раҳмонҷон уулу Иброҳим (Қирғизистон)
2.Парвиз Алиев (Тоҷикистон)
Вазни то 65 кг
1.Бахтиёр Абдуллоев (Тоҷикистон)
2.Аҳмад Мирзоев (Тоҷикистон)
Вазни то 70 кг
1.Аслан Хатухов (Русия)
2.Канибек уулу Ирискелдӣ (Қирғизистон)
Вазни то 75 кг
1.Сафовиддин Толибзода (Тоҷикистон)
2.Дониёр Абдибоев (Қирғизистон)
Вазни то 80 кг
1.Ислом Бегидов (Русия)
2.Аҳмадшо Раҳматов (Тоҷикистон)
Вазни то 85 кг
1.Айдӣ Ҳусейнов (Тоҷикистон)
2.Далер Мирзомуродов (Тоҷикистон)
Вазни +85 кг
1.Сӯҳроб Ятимов (Тоҷикистон)
2.Арсен Магомедов (Русия)
Супербой ё қувваозмоии олӣ
1.Руслан Жемухов (Русия)
2.Маҳмадуллои Искандар (Тоҷикистон)