Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Самар" бар "Ҳулбук", бо ҳисоби 2:1


Бозӣ миёни ду дастаи ноҳияи Восеъ - “Самар” ва “Ҳулбук”, ки рӯзи 31-уми октябр баргузор шуд, бо пирӯзии “Самар” бо ҳисоби 2:1 поён ёфт.

Бозии охирини даври 24-уми Лигаи якуми футболи Тоҷикистон миёни ду дастаи ноҳияи Восеъ - “Самар” ва “Ҳулбук”, ки рӯзи 31-уми октябр баргузор шуд, бо пирӯзии “Самар” бо ҳисоби 2:1 поён ёфт.

Ёдовар мешавем, бозиҳои дигари даври 24-ум рӯзи 29-уми октябр баргузор шуданд. Дастаи “Ситора”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар майдони худ бар тими “Бохтар”-и ноҳияи Бохтар бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад, мисли пешин бо 54 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал аст.

Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки бар тими меҳмон - “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, бо 53 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад.

Дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ, ки бидуни бозӣ бо СКИФ-и Душанбе бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуд, бо 49 имтиёз дар ҷойи севум мебошад. СКИФ (Бошгоҳи варзишии Донишкадаи варзиш) аз мусобиқа хориҷ шудааст.

Дастаи “Файзобод”-и ноҳияи Файзобод дар майдони худ аз тими “Барқ”-и шаҳри Норак бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Ситора" (Рӯдакӣ) 22 18 0 4 45-14 54
2. анҷшер" (Румӣ) 21 17 2 2 78-29 53
3.Саройкамар” (Панҷ) 22 16 1 5 66-30 49
4. "Ҳулбук" (Восеъ) 22 16 1 5 59-28 49
5. "Кӯктош" (Рӯдакӣ) 22 15 3 4 44-22 48
6. "Бохтар” (Бохтар) 21 12 3 6 43-28 39
7. "Самар” (Восеъ) 22 11 4 7 40-30 37
8. "Барқ" (Норак) 23 6 1 16 30-57 19
9. "Сабо” (Шаҳринав) 22 5 1 16 25-48 16
10. СКИФ (Душанбе) 22 3 4 15 24-56 13
11. “Файзобод” (Файзобод) 23 4 0 19 24-61 12
12. “Пахтакор” (Қабодиён) 22 3 3 16 16-43 12
13.
Локомотив” (Душанбе)
22
2
1
19
14-62
7

Голзанҳои беҳтарин: Абдуҳалим Боронов (“Панҷшер”) - 19 тӯб, Наим Каримов («Панҷшер») - 16 тӯб, Саймурод Юнусов (“Панҷшер”) - 14 тӯб, Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) - 11 тӯб.

Даври 25-ум
5-уми ноябр (душанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
“Панҷшер” - “Бохтар”
«Бохтар» - «Пахтакор» - 3:0 (техникӣ)
«Сабо» - «Панҷшер» - 0:3 (техникӣ)
«Кӯктош» - «Самар»
«Ҳулбук» - «Ситора»
«Саройкамар» - «Локомотив» - 3:0 (техникӣ)
«Барқ» - СКИФ – 3:0 (техникӣ)

Эзоҳ: дастаҳои “Сабо”-и Шаҳринав, “Локомотив”-и Душанбе, “Пахтакор”-и Қабодиён ва СКИФ-и Душанбе аз мусобиқа хориҷ шудаанд. Рақибони онҳо дар бозиҳои оянда бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG