Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси компютер, қаннодӣ ва дӯзандагӣ дар маҳбаси занона


Мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин Иттиҳоди Аврупо талош доранд, занҳои зиндонии тоҷикро ба таҳсил ва бозомӯзӣ ҷалб кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин Иттиҳоди Аврупо талош доранд, занҳои зиндонии тоҷикро ба таҳсил ва бозомӯзӣ ҷалб кунанд. Як ҳадафи барномае, ки мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд ҳамроҳ бо созмонҳои байналмилалӣ амалӣ намоянд, агар ба шуғли муфид ҷалб кардани занон дар маҳбас бошад, мақсади дигар ин аст, ки онҳо пас аз озод шудан аз паси касбукоре раванд ва дубора ба зиндон барнагарданд.

Дар марҳалаи аввал қарор аст, 150 нафар аз 600 зани зиндонии тоҷик ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шаванд. Дар назар аст, тибқи лоиҳаи «Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» занҳои маҳбаси шаҳри Норак ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши барномаҳои компютерӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ ва ороишгари мӯй ҷалб шаванд.

Гулрӯ Аъзамова, ҳамоҳангсози «DVV International”, Ассосиятсияи таҳсилоти калонсолони Олмон дар Тоҷикистон, ки дар роҳандозии ин барнома саҳм доранд, 27-уми май дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, онҳо талош доранд, бо таъсиси синфхонаҳо ин ҳадафи худро амалӣ намоянд. Ӯ афзуд, барои ҷалби занон ба ин давраҳои омӯзишӣ назарпурсӣ низ анҷом хоҳанд дод.

Хонум Аъзамова гуфт: «Қабл аз он, ки занҳоро ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб кунем сараввал миёни онҳо пурсишномае мегузаронем. Дар асоси пурсишнома ба онҳо дарс дода мешавад. Бояд гуфт, ки ихтисос ба гурӯҳи он зиндониёне омӯхта мешавад, ки ҷиноятҳои сабук содир кардаанд ва солҳои наздик озод мешаванд. Он гурӯҳи занҳое, ки ҷинояти вазнин содир кардаанд ва метавонанд бо омӯзгорон таҳдид намоянд, ба омӯзиш фаро гирифта намешаванд.»

Ҳамчунин, ин хонум афзуд, дар зиндони занонаи Норак барои ба кор ҷалб кардани маҳбусон як корхонаи дӯзандагӣ ва як корхонаи қаннодӣ низ сохта хоҳад шуд. Ба бозор баровардани самараи кори онҳо низ масъалаест, ки бо мудирияти зиндон матраҳ хоҳад шуд.

Улфатмоҳ Аҳмадова
Улфатмоҳ Аҳмадова
Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон аз ин тасмим истиқбол карда, онро судманд медонанд. Улфатмоҳ Аҳмадова, муовини раҳбари муассисаи таҳсилоти калонсолони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бар ин аст, ки бо омӯхтани курсҳои кӯтоҳмуддат, ки хатмкардагонаш соҳиби шаҳодатнома низ мешаванд, занон имкон хоҳанд дошт, пас аз озод шудан аз зиндон бидуни мушкил ҷойи кор пайдо кунанд.

Зеро ба қавли ин хонум, аксаран занҳое, ки пас аз озод шудан аз зиндон дубора даст ба ҷиноят мезанданд, соҳибкасб набудану бекории онҳост: «Ҳоло мо танҳо барои соҳибихтисос кардани занҳои зиндони омодагӣ дорем. Зеро кор дар зиндони Норак нисбатан осонтар аст. Бинобар ин дар ин семинар барои мо аз ҷиҳати равони чӣ гуна муносибат карданро бо маҳбусон омӯхта истодаанд. Агар дар оянда ба мо кафолат диҳанд, ки дар зиндонҳои мардона низ амниятмон таъмин аст шояд ба мардони маҳбус ҳам касб омӯзонем. Аммо дар ҳоли ҳозир гумон мекунам кор дар зиндонҳои мардона миёни мардон каме мушкилтар аст.»

Тасмими боз кардани курсҳои омӯзишӣ ва ҷалби занони зиндонӣ ба таҳсил дар ҳоле садо медиҳад, ки равоншиносон яке аз сабабҳои дубора даст ба ҷиноят задани занҳо пас аз озод шудан аз маҳбасро ба бекории онҳо марбут медонанд. Равоншиносон бар инанд, ки пас аз озод шудани занҳо аз зиндон дар бештар мавридҳо пайвандонашон робитаро ба онҳо қатъ мекунанд, ки аз лиҳози фишорҳои равонӣ зан маҷбур мешавад, дубора ба роҳи хато равад.
Муҳаррам Раҳимова, равоншинос аз вилояти Суғд, ки бо занҳои маҳбус сари кор дорад, мегӯяд: «Дар асоси лоиҳаи солимгардонӣ, ки имрӯзҳо амал мекунад мо ба занҳои аз зиндон озод шуда кӯмаки равонии ройгон мерасонем. Онҳо дар зиндон аз муҳити ҷамъиятӣ дур монда зинаҳои вазнини равониро пушти сар мекунанд. Барои он ки пас аз зиндон онҳо худро чун шахсият дарёфт кунанд ва ба зиндагии солим баргарданд, коре пайдо карда тавонанд бояд равоншиносон ҳамроҳашон кор баранд.»

Барномаи нав инро ҳам дар назар дорад, ки равоншиносон бо занҳои маҳбус сӯҳбат карда, ба онҳо машварат диҳанд ва ҳатто пас аз озод шуданашон ҳам барояшон кӯмаки равонӣ расонанд.
XS
SM
MD
LG