Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши сафирони Аврупо барои эъломи таҳримҳои нав зидди Русия


Сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар робита ба бастаи 14-уми таҳримҳо зидди Русия барои ҳамла ба Украина ба созиш расиданд.

Хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Брюссел Рикард Йозвяк дар ин бора хабар дод. Эҳтимол маҳдудиятҳои нав ба интиқоли гази моеъ ва интиқоли нафти Русия дахл дошта бошанд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, “Euobserver” ва “Reuters” эъломи таҳримҳои нав ба далели мавқеи Олмон ба таъхир афтода буд. Олмон мехост, ширкатҳои аврупоӣ барои нақзи таҳримҳо аз сӯи корхонаҳои зертобеашон дар кишварҳои севум ҷавобгар дониста нашаванд. Йозвяк гуфт, ҷонибҳо рӯзи сешанбе дар ин замина ба созиш расиданд.

Қаблан “Euobserver” бо истинод ба лоиҳаи санад навишта буд, бастаи нави таҳримҳо манъи интиқоли гази моеи Русия ва маҳдуд кардани дастрасии ин кишвар ба технологияҳоеро, ки бо чанд ҳадаф истифода мешаванд, пешбинӣ мекунад.

Эҳтимол ба рӯйхати нави таҳримшудаҳо сароянда Полина Гагарина, бунёдгузори "Русской медной компании" Игор Алтушкин, дабири кулли "Институти рушди интернет" Алексей Гореславский ва собиқ президенти ширкати "Балтика" Таймураз Боллоев шомил шаванд.

Интизор меравад, бастаи нави таҳримҳо дар ҷараёни саммити ИА, ки рӯзҳои 27-28 июн дар Брюссел баргузор мешавад, қабул гардад.

XS
SM
MD
LG