Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи варзишгарони тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ боз шуд


Акс аз бойгонӣ

Кореяи Ҷанубӣ ба сафари гуштигирони тоҷик барои иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳонии самбо иҷозат дод. Сафорати ин кишвар қаблан аз додани раводид ба варзишгарони тоҷик худдорӣ карда буд.

Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон, рӯзи 31-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар гирифтани раводид ба варзишгарони тоҷик Кумитаи ҷавонон ва Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кӯмак кардаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Бозоров, ба мусобиқоти қаҳрамони ҷаҳонии самбо 9 варзишгар ва худи ӯ ба ҳайси мураббӣ мераванд. Аз ҷумла Хушқадам Хусравов, қаҳрамони самбои ҷаҳон низ имсол барои дарёфти медал талош мекунад.

Сармураббии дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон ҷузъиёти гирифтани раводидро ошкор накард. Аммо тибқи иттилои дарёфтӣ, Сафорати Кориёи Ҷанубӣ танҳо баъди гирифтани кафолат аз мақомоти тоҷик, ки варзишгарони тоҷик ҳамагӣ баъди анҷоми мусобиқот ба ватан бармегарданд, ба онҳо раводид додааст.

Масъулони Федератсияи самбои Кореяи Ҷанубӣ қаблан ба ҳамкорони тоҷики худ гуфтаанд, соли 2016 чаҳор гуштигири тоҷик ба Корея рафта, дигар барнагаштанд ва мақомоти он кишвар аз такрори ин рӯйдод хавф доранд. Маҳз ин мушкил сабаб шудааст, ки варзишгарони тоҷик дар гирифтани раводид ба мушкил дучор шаванд. ​

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, соли 2016 дар Кореяи Ҷанубӣ Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои размӣ баргузор гардид ва барои иштирок дар он ҳашт нафар ба сафорат барои гирифтани раводид муроҷиат карданд.

Маҳмуд Абдуллоев афзуд, дар ин миён Олим Зикаев, мураббии гуштӣ бо се шогирдаш дар асоси мактуби Федератсияи самбои Тоҷикистон раводиди Кореяро дарёфт карда, ба ин кишвар сафар карданд. Аммо ба гуфтаи Абдуллоев, Зикаев бо се шогирдаш на ба мусобиқа ҳозир шуданд ва дар бораи бозгаштанашон ба ватан маълумот доранд. Талошҳои зиёди мо барои гирифтани назари Олим Зикаев ва се шогирди ӯ бенатиҷа буд.

Дар Федератсияи самбои Тоҷикистон низ гуфтанд, аз соли 2016 то ин вақт намедонанд, ки Олим Зикаев ва шогирдонаш дар куҷоянд. Ба иттилои Федератсияи самбои Тоҷикистон, Олим Зикаев чанд сол мураббии гуштӣ будааст.

Қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни мардону занон қарор аст рӯзҳои 8-10-уми ноябри имсол дар шаҳри Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шавад.

Солҳои ахир шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳар роҳ талош мекунанд, ки худро ба Кореяи Ҷанубӣ расонанд, ҳарчанд сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе борҳо эълон кардааст, ки бо Тоҷикистон шартномаи корӣ надоранд ва шаҳрвандони ин кишварро барои кор дар ин кишвар қабул намекунанд.

Аммо то кунун чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба воситаи шиносномаи русӣ ва раводид тиҷорати худро ба Кореяи Ҷанубӣ мерасонанд. Муҳоҷирони тоҷик дар Корея мегӯянд, тафтиши қоидаи будубош дар ин кишвар сахт нест ва агар қонуншикании ҷиддие аз муҳоҷир сар назанад, пулис ба онҳо кор надорад.

Омори дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ рафтаанд, маълум нест, чун мақомоти ҳарду кишвар мегӯянд онҳо аксаран ғайрирасмӣ кор мекунанд. Масъулони Вазорати меҳнати Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки барои расмӣ кардани сафари муҳоҷирони тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ талош доранд, вале ин кӯшишҳо то ҳоло бенатиҷа будаанд.

Шарҳҳоро бинед

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG