Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умаралӣ Қувватов раҳо ёфтааст?


Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, Умаралӣ Қувватов, раҳбари Гурӯҳи 24 гӯё имрӯз аз боздошт дар Дубай раҳо ёфт. Вале расман ин хабар ҳанӯз тасдиқ ё рад нашудааст.

Яке аз наздикони Умаралӣ Қувватов рӯзи 26 сентябр ба Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳатто ҳаққ дорад, қаламрави Имороти Муттаҳидаи Арабро тарк кунад. Бархе манобеъи дигари наздик ба Қувватов низ дар бораи раҳо ёфтани ӯ аз боздошт хабар медиҳанд ва мегӯянд, ки ба ӯ барои тарки қаламрави Иморот 3 рӯз фурст додаанд. Вале Ҳамид Дарвеш, вакили мудофеъи Умаралӣ Қувватов дар Дубай рӯзи 26 сентябр дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ аз озод шудани муваккилаш изҳори бехабарӣ кард.

Умаралӣ Қувватов 23 декабри соли 2012 дар Имороти Муттаҳидаи Араб бо дастури Интерпол дастгир шуда буд. Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба дунбол изҳор доштанд, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми сирқати 6 миллион сомонӣ, ё беш аз 1,2 миллион доллар аз ширкати “Фароз” парванда кушодаанд ва таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

Умаралӣ Қувватов дар гузашта аз раҳбарони ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз” – ду ширкати пештоз дар бозори фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистон буд. Ин ширкатҳоро ба Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон марбут медонанд.

Қувватов баъди барканориаш аз раҳбарии ин ширкатҳо тарки Тоҷикистон кард ва тобистони соли 2012 дар Маскав Гурӯҳи 24-ро таъсис дод. Гурӯҳи 24 ба тундӣ аз сиёсатҳои давлати Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекард ва Умаралӣ Қувватов чанд дафъа аз раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон тақозо кард, ки номзадиашро дар интихоботи соли 2013 нагузорад.

Дар посух дар Тоҷикистон алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Ҳамзамон як гурӯҳи табибон, ки иддао доштанд, дар вазорати тандурустии Тоҷикистон кор мекунанд, дар матбуот даъво карданд, ки Умаралӣ Қувватов бемории рӯҳӣ дорад. Аммо худи Қувватов ин ҳамаро башиддат радд карда, мегуфт, Душанбе аз ӯ барои фаъолиятҳои сиёсиаш интиқом мегирад.

Хабарҳои зиддунақиз дар бораи раҳоии Умаралӣ Қувватов дар ҳоле нашр мешаванд, ки қаблан гуфта мешуд, ки додгоҳи Дубай ҳанӯз дар таърихи 22 июл ҳукми истирдоди ӯ ба Душанберо тайъид кардааст. Ин ҳукм ҳанӯз дар моҳи апрел содир шуда буд. Дар миёнаҳои моҳи сентябр хабарҳое ҳам нашр шуд, ки гӯё ӯро ҳанӯз рӯзи 10 сентябр ба Душанбе бурдаанд.

Тайи беш аз 9 моҳе, ки Умаралӣ Қувватов дар Дубай дар боздошт қарор дошт ё дорад, пиромуни ӯву сарнавишташ он қадар хабарҳои зиддунақиз ва гоҳо якдигарро инкоркунандае нашр шуд, ки хабари ахири раҳоияш аз боздоштро низ аксари расонаҳо хеле бо эҳтиёт қабул мекунанд.

Ҳар дафъа вақте чунин хабарҳои зиддунақиз нашр мешуд, баъди чанде худи Умаралӣ қувватов аз худ дарак медод ва воқеъият ё дурӯғи хабарҳои нашршударо мегуфт. Ва ҳоло ҳама гӯш ба қиморанд, ки оё Қувватов инбор аз куҷо аз худ дарак медиҳад ва хабари раҳоияшро оё радд мекунад ё таъйид?
XS
SM
MD
LG