Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзанди Зайд Саидов: Побел кардем, ҳавлӣ рӯфтем..


Мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии Душанбе мегӯянд, пас аз зӯҳри 3 сентябр 4 фарзанд ва домоди Зайд Саидовро аз боздоштгоҳ раҳо карданд.

Маҳмудҷон Қосимов, яке дигар аз 6 нафари ба ҳабс маҳкумшуда субҳи дирӯз аз боздоштгоҳи муваққат вазорати умури дохила раҳо шуд.

Хайрулло Саидов, писари калонии Зайд Саидов шоми 3 сентябр дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ маъмурони боздоштгоҳи муваққати вазорати умури дохила, воқеъ дар канори шӯъбаи пулиси ноҳияи Фирдавсӣ бо онҳо муомилаи хуб доштаанд.

Хайрулло Саидов дар бораи 5 рӯзи ҳабси ӯву бародаронаш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00
Линки мустақим

Хайрулло Саидов: Рӯзи 29 август баъди эълони ҳукм моро ибтидо ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Сомонӣ оварда, ягон ду соат онҷо нигоҳ доштанд. Баъд бо мошинҳои конвой бисёр бадабдаба ва мисли тӯй бурданд ба боздоштгоҳ. Онҷо моро тафтиш карданд, диданд, ки чӣ либос дорем, ин ҳамаро сабт ва дунафарӣ дар се камераи алоҳида ҷудоямон карданд.

Озодӣ: Имкони робита бо берун доштед? Масалан, бо телефон?

Хайрулло Саидов: Не, аслан чунин имконро надоштем. Фақат вақте ғизоямон меоварданд аз хона, аз тариқи ҳамон зиндонбонҳое, ки ғизоро мерасонданд, салом мефиристодем ва онҳо ҳам аз он тараф салом мегуфтанд.

Озодӣ: Яъне таъмини ғизоятон аз хона буд?

Хайрулло Саидов:
Бале, мисле ки ин боздоштгоҳи муваққат аз худаш ғизо намедодааст, ба маҳбусон ва ҳар кас аз хонаводаҳояш меовардааст ғизоро. Худоро шукр, мо аз ин ҳисоб мушкиле надоштем.

Озодӣ: Шароит чигуна буд онҷо? Муносибати зиндонбонҳо чигуна буд?

Хайрулло Саидов:
Акнун, Худоро шукр, то ҳоло мо боре ҳам ба зиндон наафтода будем, ки қиёс кунем ва донем, ки чӣ гуна муносибат мекунанд. Хубу бо эҳтиром буд муносибаташон. Тибқи қоида, як ё ду бор ҳавои тоза мебароварданд,нафас мекашидем, ягон 10-15 дақиқа. Ягон кас ба сари мо дод намезад, мо ҳам сокит будем, ягон қоидаро вайрон намекардем.

Озодӣ: Чӣ шароит дошт камераҳо? Имкони адои намозу ин чизҳо доштед?

Хайрулло Саидов:
Бале, Худоро шукр. Об ҳам буд. Албатта, гоҳе хушк мешуд, вале вақте ки буд, таҳоратамонро мекардем. Ҷойнамоз доштем, намоз мехондем. Қуръон ҳам доштем, мехондем ҳар рӯз.

Озодӣ: Ҳукми ҳабс ба ҳар сурат муҷозот аст. Муҷозоти шумо аз чӣ иборат буд дар онҷо ба ҷуз аз нишастан дар камера?

Хайрулло Саидов:
Куллан дар ҳабс будем. Вале як-ду бор моро бароварданд, як-ду бор ҳавлӣ рӯфтему камтар побел ҳам кардем дар боғчаи шӯъбаи пулис. Аммо аз як тараф назар ба истодан дар дохили камера анҷоми ин корҳо бароямон беҳтар буд. Як нафаси тозатар метавонистем бикашем.


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 29 август 6 иштироккунандаи флешмоби рӯзи 27 августро, ки ба ҷонибдорӣ аз Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон баргузор шуд, ба панҷ рӯзи ҳабс маҳкум кард.

Инҳо Маҳмудҷон Қосимов, муовини раиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав, чор писари Зайд Саидов – Хайрулло, Хусрав ва Хуршед Саидовҳо, Муҳаммадиқболи Зайд ва домоди онҳо Парвиз Хоҷаев мебошанд. Ду нафари дигар – Мавҷуда Соҳибназарова, узви Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ва Вайсиддин Додаров, посбони Маҷмааи тиҷоратии «Пойтахт» ба маблағи 7 маоши ҳадди ақал ҷарима шуданд.

Темур Ҳафизов, муовини раиси ин додгоҳ дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, номбаршудагон бар асоси аризаи шикоятии даҳ нафар, ки аксаран ронандаҳоянд, аз рӯи Кодекси маъмурии Тоҷикистон ба майдаавбошӣ гунаҳкор шуданд ва аз рӯи моддаи 241 – и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон бояд панҷ рӯз дар ҳабси маъмурӣ бимонанд.

Дар варақаи айбдоркунӣ, ки аз номи сарвари шӯъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фотеҳ Қунғуротов ворид шудааст, ширкатдорони флешмоб шиори “Озодӣ ба Зайд Саидов!” – ро ба забон оварда, бо ин роҳ барқасдона осудагии одамонро халалдор ва ҳаракати нақлиётро дар роҳи мошингарди кӯчаи Мирзо Турсунзода халалдор карданд, ки ин нақзи моддаи 460 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аст.

Ба додгоҳ аз онҳое ки аз флешмоб ба пулис шикоят карданд, танҳо Вайсиддин Додаров даъват шуда буд. Аммо ӯ дар мурофиа изҳор дошт, ки суханони ӯро таҳриф кардаанд. Аммо додгоҳ 6 нафарро бо ҷурми ширкат дар флешмоб ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум карда, дуи дигар, аз ҷумла худи Додаровро ҷарима баст.
XS
SM
MD
LG