Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон


Сомон Маҳмадбеков.
Сомон Маҳмадбеков.

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон, ки дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, барандаи медали биринҷӣ гардид.

Ин паҳлавони 25-солаи тоҷик дар рӯзи сеюми мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон – 21-уми май - дар даври аввал Даниил Зубкои фаронсавиро мағлуб кард. Сомон дар даври дуюм ба Франк Де Вит аз Нидерланд пирӯз шуд. Ӯ дар даври ҳаштякниҳоӣ Абдулраҳмон Абдулғании мисриро шикаст дод, аммо дар чорякфинал аз қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2023 Тато Григалашвилии 24-солаи гурҷӣ ноком шуд.

Сомон баъди пирӯзӣ дар даври тасаллобахш ба Давид Карапетяни русиягӣ (аз дастаи бетараф – AIN), барои медали биринҷӣ Димитри Гочилаидзеи 24-солаи гурҷиро шикаст дод.

Бояд зикр намуд, ки ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар ин мусобиқот паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев 17 сол пеш (соли 2007) дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст. Вай дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуда буд.

Зимнан, Сомон Маҳмадбеков соли 2019 ба унвони қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон даст ёфтааст. Ҳамчунин ӯ барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин, соҳиби медалҳои нуқра ва ду биринҷии қаҳрамонии Осиё, медалҳои тилло ва биринҷии Grand Slam ва медали тиллои Гран-Прии Душанбе мебошад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – шаҳри Абузабӣ - 658 варзишгар (349 мард, 309 зан) аз 107 кишвари панҷ қора иштирок доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Абузабӣ 9 варзишгар шомиланд, ки дар ҳамаи 7 вазн миёни мардон рақобат мекунанд: -60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов, -66 кг – Обид Ҷебов, -66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ, -73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода, -81 кг – Сомон Маҳмадбеков, -90 кг – Комроншоҳ Устопириён, -90 кг –Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, -100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов, +100 кг – Темур Раҳимов.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 19-уми май - Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило дар даври аввал аз Мишел Аугустои бразилӣ шикаст хӯрд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 20-уми май – се паҳлавони тоҷик рақобат карданд. Обид Ҷебов дар взни то 66 кило баъди ду пирӯзӣ бар Ари Берлинер аз Иёлолти Муттаҳидаи Амрико ва Мартин Алберто Гаитерои испанӣ ба даври сеюм роҳ ёфт. Аммо Ҷебов дар ҳаштякфинал аз Маттео Пираси итолиёӣ мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм қувваозмоиро ба Эрденебаяр Батзаяи муғул бохт.

Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило дар даври аввал Богдан Иадови украиниро мағлуб кард. Вай дар даври дуюм муқобили Муҳаммад Абдилмавгуди мисрӣ пирӯз шуд. Дар даври ҳаштякниҳоӣ Валид Хяри фаронсавиро шикаст дод. Дар чорякфинал Эмомалӣ бар Эрхембайяр Баттогтохи муғул дастболо гардид. Вале ӯ дар нимфинал аз Такеши Такеокаи ҷопонӣ ноком шуд. Сипас барои нишони биринҷӣ қувваозмоиро ба Лукас Саҳа аз Финляндия бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.

Ҳамин тариқ, дар се рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Абузабӣ панҷ нафар паҳлавонони тоҷик рақобатҳои худро ба поён расонданд.

Боз чаҳор намояндаи Тоҷикистон - Комроншоҳ Устопириён, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду дар взни то 90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) - дар ду рӯзи боқимондаи мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Абузабӣ вориди рақобат мешаванд.

Мусобиқа дар 7 вазн миёни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат гирифтааст. Ба ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон ба ҷуз аз медал, имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ, инчунин ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад: барои ҷойи аввал 26000 евро, барои ҷойи дуюм 15000 евро ва барои ҷойи сеюм 8000 евро.

XS
SM
MD
LG