Як тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербург ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистонро ба фиребкорӣ айбор карда, мегӯяд, бо гуноҳи намояндагии ширкат таҷҳизоти тиббии ӯро дар Русия мусодира кардаанд. Аммо масъулони "Сомон Эйр" баръакс ин нафарро гунаҳкор мекунанд, ки ният доштааст, таҷҳизоти тиббиро ғайриқонунӣ ба Душанбе расонад.
Муҳаммадюнус Саидов, шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон, мегӯяд, нӯҳ моҳ пеш мехост, дар ҳавопаймои "Сомон Эйр" таҷҳизоти тиббиеро ба Душанбе интиқол диҳад. Вай рӯзи 17-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони "Сомон Эйр" дар Санкт-Петербург таҷҳизоти тиббиро аз ӯ гирифта, ваъда додаанд, ки ба Душанбе мерасонанд.
Мушкил, ба гуфтаи Саидов замоне сар шудааст, ки "кормандони "Сомон Эйр" дастгоҳро ғайриқонунӣ ҳамчун бағоҷи мусофир сабт кардаанд". "110 кило баромад ва барои интиқол ба намояндагони "Сомон Эйр" 35 ҳазор рубли русӣ супоридам. Аз байн чанд вақт нагузашта, кормандони гумруки фурудгоҳ дар як ҷой ҷамъ шуданд. Вақте пурсидам, чӣ гап шуд, гуфтанд, мусофиреро боздошт кардаанд, ки мехост, таҷҳизоти тиббиро ғайриқонунӣ аз Русия ба берун барад," -- гуфт Муҳаммадюнус Саидов.
Масъулони ширкати "Сомон Эйр" гуфтаҳои Муҳаммадюнус Саидовро рад карда, худи ӯро ба он айбдор мекунанд, ки талош кардааст, таҷзиҳотро ҳамчун бағоҷи мусофирон ба Душанбе фиристад. Саидов санаде дар даст надорад, ки пардохти 35 ҳазор рублро ба намояндагони "Сомон Эйр" тасдиқ кунад.
"Саидов бо як мусофири хатсайри Санкт-Петербург – Душанбе Ҳусейн Тӯраев маслиҳат карда, бори худро ба ӯ супоридааст. Ҳусейн Тӯраев масъулияти интиқоли борро ба уҳда гирифта, онро ҳангоми қайди билет ҳамчун бағоҷи худ барои интиқол супорид ва дар бораи он маълумот пешниҳод накард," -- омадааст дар ҷавоби хаттии "Сомон Эйр".
Дар санади идораи гумруки фурудгоҳи “Пулково”-и Санкт-Петербург, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, рӯзи 24-уми феврал Ҳусейн Тӯраев, як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони қочоқи таҷҳизоти тиббӣ дастгир кардаанд. Тӯраев феълан дар Тоҷикистон аст, вале нахост дар ин бора суҳбат кунад.
Масъулони ширкати “Сомон Эйр” ва Муҳаммадюнус Саидов ҳар кадом якдигарро ба он гунаҳкор мекунанд, ки таҷҳизотро ба номи Ҳусейн Тӯраев сабт кардаанд. Саидов мегӯяд, вақте Ҳусейн Тӯраев бо сабаби дар қайди ӯ гузоштани таҷҳизоти тиббӣ аз парвоз берун карда шуд, бо талаби намояндагони “Сомон Эйр” барои ӯ билети нав харидааст. Масъулони “Сомон Эйр” дубора билет харидани Тӯраевро тасдиқ карданд, аммо нагуфтанд, ки маблағи билети ӯро кӣ додааст.
Ширкати “Сомон Эйр” дар ҷавобҳои худ ба Радиои Озодӣ ва ба Муҳаммадюнус Саидов фактҳои гуногунро пешниҳод кардааст.
Дар посухи ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфта мешавад, ки Ҳусейн Тӯраев масъулияти интиқоли бори мазкурро ба зиммаи худ гирифта, онро ҳангоми қайди билет ҳамчун бағоҷи хеш ба масъулони ҳавопаймо супоридааст.
Аммо Муҳаммадюнус Саидов мегӯяд, бахши аудити дохилии “Сомон Эйр” дар посух ба ӯ тасдиқ кардааст, ки масъулони ширкат бар хилофи қоидаҳои амалкунанда таҷҳизоти тиббиро ҳамчун бағочи Тӯраев Иброҳим, як кӯдаки панҷсола сабт кардаанд. Саидов бар ин аст, ки ин кор дар ивази 35 000 рубл анҷом дода шудааст. Дар посухи бахши аудити дохилии “Сомон Эйр” гуфта мешавад, номнависи таҷҳизот ҳамчун бағочро сардори намояндагии ширкат дар Санкт-Петербург Кудин В.А. кардааст.
Ба ин қазия Додситонии нақлиётии Тоҷикистон низ дахолат карда, нисбат ба Хисрав Насимов, сардори шуъбаи намояндагии ширкати “Сомон Эйр” барои саривақт баррасӣ накардани муроҷиатҳои Муҳаммадюнус Саидов парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз намудааст.
Бо ин ки ширкати “Сомон Эйр” ва Муҳаммадюнус Саидов якдигарро ба кӯшиши қочоқи таҷҳизот аз Русия гунаҳкор мекунанд, мутахассисон мегӯянд, тартиби интиқоли таҷҳизоти тиббӣ дар ин ҷо вайрон шудааст.
Собир Нозимов, мутахассиси тоҷик, ки таҷрибаи интиқоли таҷҳизоти тиббиро ба Тоҷикистон дорад,мегӯяд, вақте дастгоҳи тиббӣ ҳаҷман бузург аст, набояд ҳамчун бағочи мусофир сабти ном шавад. Ба гуфтаи ӯ, роҳи дурусти интиқоли таҷҳизоти тиббӣ аз хориҷа ба Тоҷикистон ин аст, ки тамоми санадҳо дар бораи номи таҷҳизот, таъйинот ва нархи он, иҷоза барои интиқол ва ғайра ба мақомоти гумрук пешниҳод шуда, маблағи муайян ба гумрук супорида шавад.
"Агар ҳатто ин таҷҳизот аз фурудгоҳи Санкт-Петербург мегузашт, ҳатман онро дар Душанбе боздошт мекарданд. Барои ҳамин, шакли дурусти интиқол ин аст, ки барои фиристодани таҷҳизот иҷозаи мақомоти тандурустиро гирифта, аз назорати гумрукӣ гузаранд. Дар ин сурат мушкиле пеш намеояд”, -- гуфт Собир Нозимов.
Таҷҳизоти тиббии мавриди баҳси "Сомон Эйр" ва Муҳаммадюнус Саидов дар фурудгоҳи "Пулково" боздошта шуда, тасмими ниҳоиро дар ин бора додгоҳ мегирад. Ин дастгоҳ ё ба соҳибонаш баргардонда мешавад ё ба фоидаи давлати Русия мусодира хоҳад шуд.
Қазияи ба номи мусофири дигар сабт кардани таҷҳизот ё маҳсулот дар бахши авиатсияи Тоҷикистон ҳодисаи нав нест.
Моҳи декабри соли гузашта як мусофири ҳавопаймои “Сомон Эйр”-ро дар шаҳри Франкфурти Олмон бо гумони қочоқи 20 кило нос боздошт ва 1700 евро ҷарима карданд. Далер Дӯстов он замон гуфта буд, ки бехабар аз ӯ носро дар фурудгоҳи Душанбе ба номаш сабт карданд ва он дар Олмон дардисарсоз шуд. Додситонии нақлиёти Тоҷикистон баъд аз таҳқиқи ҳодиса гуфта буд, ду корманди фурудгоҳи Душанбе ва ду корманди ширкати “Сомон Эйр” барои ин кор муҷозот шудаанд.