Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Сомон Эйр” хатояшро эътироф кард


Ширкати ҳавоии пештози Тоҷикистон – “Сомон Эйр” гуноҳи худ дар назди мусофирони фаромӯшшудаи хатсайри “Душанбе-Хуҷанд”-ро эътироф карда, ба унвони ҷуброн шарти ин мусофиронро қабул кард.

Ҳамакнун ин мусофирон бояд барои масъулони ширкати ҳавоӣ давраи бозомӯзии беҳбуд додани хизмати муштариёнро баргузор кунанд.

"Мусофирони фаромӯшшуда"

Абдумалик Қодиров, яке аз “мусофирони фаромӯшшуда” дар пойтахти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вай бояд ҳамроҳи Рустам Гулов рӯзи 14 январ ба сафари хидматӣ озими шимоли кишвар мешуданд. Аммо сафари онҳо сурат нагирифт, зеро ба тааҷҷуби онҳо,

“Сомон Эйр” ширкатест, ки ҳамвора дар фикри мизоҷонаш аст ва ба ҳар як мусофир арҷ мегузорад. Мо аз ҳодисаи рухдода мутаассифем, ки боиси нороҳатии чанде аз мусофиронамон шудааст.

ҳавопаймо як соат пеш аз вақти муайяншуда ба Хуҷанд парвоз карда, қисме аз мусофирони дигарро низ дар ҳайрат гузошт. Ин хабар базудӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва ба мавзӯи доғе табдил шуд.

Намояндаи ширкати ҳавоӣ дар Фейсбук шарҳ додааст, ки кормандони маркази тамоси “Сомон-Эйр” талош кардаанд бо ин мусофирон аз тариқи телефон дар тамос шаванд, вале муваффақ нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки нафарони зикршуда шахсони саршиноси расонаӣ мебошанд ва ҳамвора тавассути телефон ё паёмрасонҳо дар тамос ҳастанд.

Дар ниҳоят бархе аз мусофирон дар он рӯз натавонистанд ба Хуҷанд парвоз кунанд. Ба онҳо пешниҳод шуд, ки билети худро баргардонанд ё интизори парвози дигар дар рӯзи баъдӣ шаванд. Маъмулан, чунин пешниҳодро ширкатҳои ҳавоии ҷаҳон дар ҳоле ироа мекунанд, ки ба сабабҳои мухталиф, ба унвони мисол, ба далели номусоидии вазъи ҳаво, парвоз наметавонад сурат бигирад. Аммо дар мавриди парвоз ба Хуҷанд ҳолати ғайримаъмулӣ рух дод – мусофиронро фаромӯш карданд ва ба ин далел онҳо наметавонистанд умедвори ҷуброни дигаре бошанд.

Мулоқот бо масъули "Сомон-Эйр"

Рустам Гулов ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ӯро якҷо бо Абдумалик Қодиров 15 январ муовини аввали мудири кулли ширкати ҳавоӣ Сӯҳроб Ҷӯраев ба ҳузур пазируфт ва сабаби пеш аз вақти муайяншуда анҷом додани парвоз дар ин хатсайр эълон кард: ин тасмим чанд рӯз қабл гирифта шуда буд ва сабабаш зарурати анҷоми “таҳқиқоти бароскопӣ” (ин мафҳум аз забони ҳамсӯҳбат навишта шудааст) будааст. Маънии ин таҳқиқот ба мусофирони норозӣ ба таври возеҳ тавзеъ дода нашуд. Аммо, ба гуфтаи онҳо, худи ҳамон рӯз ва дар ҳамон соат ҳавопаймои ширкати ҳавоии “Тоҷик-Эйр” парвоз кард ва ин далели он аст, ки сабаби пеш аз вақти муайяншуда парвоз кардани “Сомон Эйр” ба вазъи ҳаво иртиботе надорад.

Дар маркази матбуотии фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе зикр карданд, ки 14 январ дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон ҳеҷ гуна таҳқиқоти бароскопӣ ё пажӯҳиши дигаре сурат нагирифтааст. “Дар ҳар сурат, агар ҳавопаймо дар фурудгоҳ таҳқиқоте анҷом бидиҳад, баргузории он ба навъе сурат мегирад, ки ба нақшаи парвозҳо халал ворид насозад, - гуфт сухангӯи фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова. – Ин парвоз дар масири Душанбе-Хуҷанд дар ҷадвали парвозҳои фурудгоҳ аз қабл бо дархости ширкати ҳавоӣ ба соати 18.00 ба нақша гирифта шуда буд”.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ин ду фаъоли ҷамъиятӣ, ки тренерони ҳирфаӣ дар арсаи расонаҳои замонавӣ ва фанновариҳои SMM мебошанд, барои масъулони ин ширкати ҳавоӣ давраи бозмӯзии намунавӣ доир мекунанд. Ин давраи бозомӯзӣ ройгон анҷом дода шуда, саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар беҳбуди хизматрасонии ин ширкат дониста мешавад.

"Сомон-Эйр": 10 мусофир аз парвоз монд

Дар ширкати ҳавоӣ ба Радиои Озодӣ вазъи рухдода ин тавр шарҳ доданд: “Сомон Эйр” ширкатест, ки ҳамвора дар фикри мизоҷонаш аст ва ба ҳар як мусофир арҷ мегузорад. Мо аз ҳодисаи рухдода мутаассифем, ки боиси нороҳатии чанде аз мусофиронамон шудааст. Вобаста ба умури фаннии қаблан тарҳрезишуда тасмим гирифта шуд, ки вақти парвоз дар масири Душанбе-Хуҷанд як соат барвақтар анҷом дода шавад.

Боиси таассуфи мост, ки 10 мусофири ин хатсайр натавонистанд ба Хуҷанд парвоз кунанд, зеро ба онҳо натавонистем дар бораи тағйири вақти парвоз хабар бидиҳем. Ба ҳамаи ин мусофирон пешниҳод шуд, ки метавонанд дар ҷойи харидориашон билетҳои худро бозпас бидиҳанд ё бо парвози баъдӣ ба Хуҷанд сафар кунанд. Бо ин вуҷуд, мо барои нороҳатии мусофирон узрхоҳӣ мекунем ва ба иттилои шумо мерасонем, ки феълан дар ширкати ҳавоӣ санҷиши хидматӣ дар робита ба ин ҳодиса идома дорад ва дар пайи натиҷаи он гунаҳкорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт”.

Бояд зикр кард, ки дар қоидаҳои танзимкунандаи байналмиллалии мусофиркашонии ҳавоии IATA вазифаҳои ширкати ҳавоӣ дар мавриди тағйири вақти парвоз, ки ба он ҳаққ дорад, мушшахас карда нашудааст.

Дар таҷрибаи ҷаҳонии мусофиркашонии ҳавоии низоми “овербукинг” (overbooking – «фурӯши беҳад зиёд») истифода мешавад. Ин фурӯши ҳадди ақали зиёди билет барои ҳавопаймо дар хатсайри дақиқ мебошад. Заминаи ҳуқуқии истифода аз ин низом қоидаҳои қабулшудаи Созмони байналмиллалии мусофиркашонии ҳавоӣ (IATA) мебошад. Дар ин қоида зикр шудааст, ки вақти парвоз дар билет ва нақшаи парвозҳо “ҳатмӣ намебошанд”.

Муқарарроти байналмилалӣ чӣ мегӯяд

Дар ин қоида гуфта мешавад, ки интиқолдиҳанда бидуни огаҳӣ метавонад мусофирро ба интиқолдиҳандаи дигар бидиҳад ё навъи ҳавопайморо иваз кунад. Ҳатто метавонад дар сурати зарурӣ нишастҳо дар фурудгоҳҳои воқеъ дар масири парвозро бидуни огаҳии мусофир тағйир бидиҳад.

Аммо ширкатҳои ҳавоӣ, ки ба мизоҷонаш арҷ мегузорад, дар ин ҳолатҳо талош мекунад то ҳадди имкон нороҳатии мусофиронро ҷуброн кунад ва ҳар ширкати ҳавоӣ дар ин замина қоидаҳои худро дорад. Бархе аз ширкатҳо барои мусофиронаш меҳмонхонае пешниҳод мекунад ё бастаи ҷубронпулиҳо, назири сабти мусофир тавассути CIP-толорҳоро ироа мекунанд. Бархе аз ширкатҳо, агар ҳавопаймои онҳо имкон диҳад, барои мусофирон билети парвоз тавассути толори мусофирони тиҷоратиро низ дареғ намедоранд. Ин ҳама пешниҳодҳо дар сурати дархости аввалия ва бидуни “талошҳову муҳорибаҳо” ироа мешаванд.

Дар мавриди “Сомон Эйр” мушкили “овербукинг” мушоҳида нашудааст ва ҳамаи дардисарҳо ба саривақт огаҳӣ надодани мусофирон марбут буд. Дар сомонаи ширкати ҳавоӣ зикр шудааст, ки “Сомон Эйр” нахустин ширкати ҳавоӣ дар Тоҷикистон ва севумин ширкат дар Осиёи Миёна аст, ки санади узви фахрӣ дар IATA гирифтааст. “Мо аз чунин дастовард ифтихор дорем! Узвият дар IATA имкон медиҳад дар фаъолияти худ мо аз фанновариҳои нав барои беҳбуди хизматрасониҳои мусофирон ва роҳандозии меъёрҳои нави кории худ истифода кунем”, - навиштааст мудири кулли ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” Томас В. Халлам II.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои ҳавоии тоҷикии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо дар ду соли ахир борҳо мавриди интиқоди шадиди мусофирони норозӣ қарор гирифта, ҳатто ба лаҳни миллӣ сазовори лақабҳои таҳвиномез ҳам шудаанд.

Дар бештаре аз маворид сабаби интиқодҳо нишастҳо дар фурудгоҳҳои масири парвози Қазоқистон ва Туркманистон барои пур кардани маводди сӯхтӣ, таъхирҳои тӯлонии оғози парвозҳо бидуни пешниҳоди ғизо ва шароити зарурӣ барои кӯдакон ва ғайра мебошанд.

Дар ин ду ширкат ивазшавии мунтазами раҳбарият мушоҳида мешавад. Дар “Сомон Эйр” асосан мудирони хориҷиву дар “Тоҷик Эйр”-и давлатӣ кадрҳои миллие, ки онҳоро раҳбари ҳукумати Тоҷикистон таъйин мекунад.

XS
SM
MD
LG