Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди таҳрим рад шуд. ҲСДТ ба интихобот меравад.САДО


Акс аз анҷуманҳои пешини ҲСДТ.
Акс аз анҷуманҳои пешини ҲСДТ.

Масъулони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки интихоботи порлумонии моҳи мартро таҳрим (бойкот) накунанд ва дастикам бо ҳашт номзад дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намоянд. Анҷумани ҳизб рӯзи 5-уми январ дар Душанбе баргузор шуд.

Пештар як гуруҳ аз аъзои ҲСДТ гуфта буданд, ки гарави интихоботӣ, нақзи густардаи ҳуқуқи мардум, фасоди идорӣ, вазъи буҳронии иқтисод ва суистифодаи мансабдорону сарватмандон аз қонун онҳоро водор мекунад, аз иштирок дар интихобот даст кашанд.

Баъзе аз афроду гуруҳҳои наздик ба ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин иддаоро бахусус дар бораи монеаи асосӣ будани гаравпулии интихобот беасос дониста буданд.

Шокирҷони Ҳаким, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 5-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо аксари раъйи вакилони анҷуман мувофиқи мақсад дониста шуд, ки ҳизб дар интихоботҳо иштирок кунад ва барномаҳои худро дар бораи сиёсати дохилӣ ва мушкилиҳои дигар пешниҳод намояд."

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00
Линки мустақим


Ба қавли ӯ, барномаи пешазинтихоботии ҲСДТ асосан ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақкими ниҳодҳои демократӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ таъкид мекунад.

Рӯйхати номзадҳои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон номи Раҳматилло Зоиров, Шокирҷони Ҳаким, Маҳмурод Одинаев, Дилбар Самадова, Бахтиёр Насруллоев ва се нафари дигар, аз ҷумла ду намоянда аз вилояти Хатлонро дар бар мегирад.

Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, ба онҳо чанд рӯз фурсат додаанд, ки санадҳои заруриро дар бораи вазъи саломатӣ, дороӣ ва талаботи дигари қонунгузорӣ пешниҳод кунанд ва масъалаи маблағи гаравпулиро низ баррасӣ намоянд. Ӯ бо таваҷҷуҳ ба гаравпулии интихоботӣ, ки барои як нафар 5800 сомонӣ муқаррар шудааст, мегӯяд, мумкин аст, баъзеҳо чунин қудратро надошта бошанд ва эҳтимоли кам шудани номзадҳо ҳаст.

Аммо айни замон гуфт, "ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки чанд нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ худро пешбарӣ кунанд."

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар интихоботҳои гузаштаи порлумонӣ бо чанд номзади худ иштирок карда, вале ба иттилои расмӣ дарсади зарурии раъйи мардумро ба даст наовардааст. Мақомоти ҳизб мегӯянд, ки раъйи онҳоро "дуздиданд".

Бархе аз мунтақидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин боваранд, ки ҳузури намояндагони ҳизб гузоришҳои мақомотро дар бораи то ҳадде демократӣ ва бо иштироки мухолифин гузаштани интихобот тақвият мебахшад. Тарафдорони мақомот баръакс мегӯянд, ҳизби сотсиал-демократ чанд сол боз фаъолияти чашмрас надорад ва зоҳиран аз ин фурсат барои муаррифии бештари худ истифода карданист.

Ҳизби сотсиал-демократ дар ҳоле барои иштирок дар интихобот эълони омодагӣ кард, ки президенти Тоҷикистон ва раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ ҳанӯз ба дархости раиси ҳизб посух надодаанд. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, моҳи декабри соли 2019 аз президент ва раиси Додгоҳи конститусионии Тоҷикистон хоста буд, ки гаравпулии интихоботро аз байн баранд ва шароити баробарро барои иштироки ҳама қишрҳои ҷомеа дар интихобот фароҳам оваранд.

Гаравпулии интихобот 5800 сомонӣ аст. Мақомот мегӯянд, ҳизбу номзадҳои пирӯз дар интихобот гарави додаашонро пас мегиранд, вале онҳое, ки интихоботро бохтанд, пулҳояшонро низ аз даст медиҳанд.

Ҳизби сотсиал-демократ яке аз ҳафт ҳизби сабтиномшуда дар Тоҷикистон аст, ки тақрибан 8,5 ҳазор узв дорад. Ба қавли масъулонаш аз ин шумора ҳудуди 6 ҳазор нафар дар муҳоҷирати корӣ буда, тақрибан якуним ҳазори дигар дар Душанбе ба ҳайси омӯзгори мактабу донишгоҳ, ҳуқуқшинос ва иқтисоддон кор мекунанд.

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти имсол баргузор мешавад. Намояндагони ҳизбҳо ва афроди алоҳида барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон рақобат мекунанд. Вакилон дар панҷ сол як бор интихоб мешаванд.

XS
SM
MD
LG