Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштирок ё таҳрими интихоботи 2020? Интихоби мушкили ҲСДТ


Яке аз ҷаласаҳои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон. Моҳи октябри соли 2018

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ба интихоботи порлумонии моҳи марти соли оянда расман оғоз бахшида, аз ташкили 46 ҳавза хабар доданд, Ҳизби сотсиал - демократ масъалаи иштирок кардан ё таҳрим (бойкот)-и ин маъракаро баррасӣ дорад. Шӯрои сиёсии ҳизб рӯзи 10-уми декабр дақиқ мекунад, ки ба интихоботи моҳи март равад ё онро нодида гирад. Баъзе аз таҳлилгарон гуфтанд, таҳрими интихобот ба натиҷагирии он аз сӯи созмонҳои ғарбӣ таъсир дорад, вале аз эҳтимол дур аст, ки дар дохил чизеро иваз кунад.

Масъалаи дар интихобот иштирок кардан ё накардани Ҳизби сотсиал-демократ бори аввал рӯзи 5-уми декабри имсол бо ҳузури аъзои раёсати он баррасӣ шуд, аммо тавре раиси ҳизб Раҳматилло Зоиров хабар дод, "ба натиҷае нарасиданд". Муҳокима дар Шӯрои сиёсӣ идома мекунад.

Зоиров бо нашри изҳороти расмӣ гуфт, ҷонибдорони таҳрими интихобот дар дохили ҳизб нақзи густардаи қонунҳо, фасоди идорӣ, "ҳеч" шудани ҳуқуқи мардум, вазъи буҳронии иқтисод ва кор кардани қонунҳо танҳо ба фоидаи мансабдорону сарватмандонро далел пеш овардаанд.

Аммо ин фақат мушкилоте набудааст, ки баъзе аз аъзои ҲСДТ мехоҳанд, бо таваҷҷуҳ ба он ба интихобот нараванд.

Шокирҷони Ҳаким, муовини аввали раиси ҳизб, рӯзи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "гаравпулие, ки қонунгузор муқаррар намудааст, воқеиятҳои иқтисоди миллӣ ва сатҳи зиндагии аксари мутлақи шаҳрвандон ва бахусус зиёиёну рӯшанфикронро ба назар намегирад. Ва дар муддати панҷ сол, яъне аз ин интихобот то интихоботи дигар намояндагони аҳзоб, бахусус ҳизбҳои дигарандеш ба телевизион ва нашрияҳои давлатӣ дастрасӣ надоранд. Танҳо аз фаъолияти як ҳизб ва раҳбарияти он гузориш дода мешавад."

Вай айни замон далели тарафдорони иштироки ҳизб дар интихоботро чунин баршумурд: "Ҳизби сиёсӣ бояд дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ иштирок кунад, аз ҳузураш дарак диҳад ва дар ташаккули афкори сиёсӣ саҳми арзанда дошта бошад. Ҳангоми баҳс бо намояндагони ҳизби ҳоким камбудҳоро бигӯяд."

Ҳизби ҳоким ва нирӯҳои сиёсии наздик ба ҳукумат ба эҳтимоли иштирок кардан ё таҳрими интихобот аз тарафи ҳизби мухолифи сотсиал-демократ вокуниш накардаанд. Мақомот дар гузашта ҳамвора гуфтаанд, ки ҲСДТ аз пуштибонии зиёди сокинон бархурдор нест.

Интихоботи порлумонӣ рӯзи 1-уми марти соли 2020 баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора фармони раиси ҷумҳур содир ва охири ҳафтаи гузашта ҷаласаи аввали Кумисюни марказии интихобот доир гардид.

То ин дам раҳбарони чанде аз ҳизбҳо эълом кардаанд, ки дар интихоботи ояндаи порлумонӣ иштирок мекунанд.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, 13 номзадро бар асоси рӯйхати ҳизбӣ ва 19 нафарро аз ҳавзаҳои интихоботӣ пешбарӣ менамоянд ва ба гирифтани даҳ курсӣ дар порлумони оянда умед доранд.

Меъроҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳам пештар эълон кард, ки тасмим доранд, 8 нафарро дар интихоботи порлумонӣ номзад кунанд.

Ҳизбҳои ислоҳоти иқтисодӣ, сотсиалистӣ ва кишоварзӣ, ки ҳоло дар порлумон намоянда доранд, низ барои иштирок ва пешбарии номзадҳо моиланд, аммо ҳанӯз дар бораи шумораи номзадҳо чизе нагуфтаанд. Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон хеле пештар хабар дод, ки ба омодагӣ ба интихобот оғоз кардааст.

Дар ин миён танҳо Ҳизби сотсиал -- демократи Тоҷикистон эҳтимоли таҳрим ё бойкоти интихоботро баррасӣ дорад. Ин ҳизб дар гузашта дар интихоботҳои порлумонӣ иштирок ва ба иттилои раҳбарияташ раъйи заруриро барои гирифтани курсӣ дар порлумон соҳиб шуда буд, вале ба иддаои онҳо дар ҳаққашон ноадолатӣ шудааст. Мақомот мегӯянд, ин ҳизб ҳеч вақт марраи панҷдарсадиро нагузаштааст.

Ҳоло ин суол дар миён аст, ки агар ҲСДТ ба интихоботи ояндаи порлумонӣ равад, чиро ба даст хоҳад овард ва чиро аз даст хоҳад дод ва агар таҳрим кунад чӣ? Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 8-уми декабр гуфт, "дар ҳарду ҳолат ҳизб то ҷое муаррифӣ хоҳад шуд".

"Мардум то ҷое ин ҳизбро фаромӯш кардаанд. Солҳои охир фаъолияташ намоён набуд. Агар иштирок кунанд, ба гумонам, ягон дастоварди назаррас нахоҳад дошт. Фикр намекунам, битавонанд дар порлумон ҷой гиранд. Аз тарафи дигар, фикр намекунам, рақобат бо ҳизбҳои наздик бо ҳукумат осон бошад. Агар таҳрим кунанд, ягон таъсири ҷиддӣ нахоҳад дошт. Дигаргунӣ намешавад," -- шарҳ дод ӯ.

Бо ин ҳол, Муллоҷонов гуфт, ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ягона ҳизби мухолиф аст, ки қонунӣ фаъолият дорад.

Интизор меравад, нақшаи ҳафт ҳизби сиёсии Тоҷикистон ва шахсиятҳои алоҳида барои иштирок дар интихобот то моҳи январи соли оянда маълум шавад. Давоми ду моҳи дигар онҳо ба таблиғу мулоқот бо интихобкунандаҳо машғул хоҳанд шуд.

То ин дам созмону кишварҳои ғарбӣ интихоботҳои Тоҷикистонро озоду демократӣ эътироф накардаанд. Баръакси ҳукумати Тоҷикистону кишварҳои Шӯравии собиқ ва Чин, ки ба ин интихоботҳо баҳои баланд додаанд ва аз ҳамаи норасоӣ ё қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот чашм пӯшидаанд.

Агар шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG