Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собир Валиев гуфт, ки ба Тоҷикистон баргашт ва "афв" шуд


Собир Валиев

Собир Валиев, узви пешини "Гурӯҳи 24" ва Анҷумани нирӯҳои созанда, ки қаблан бо ду банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон (терроризму ифротгароӣ) муттаҳам мешуд ва номаш дар рӯйхати сиёҳи Бонки Миллӣ буд, иддао дорад, мақомот ӯро аз ҷавобгарӣ озод кардаанд. Вай тақрибан ду ҳафта пеш аз хориҷ ба Душанбе баргашт.

Валиев рӯзи 20-уми феврал дар Фейсбук номаи Вазорати корҳои дохилиро бо имзои муфаттиш, полковник Х.Ғоибзода, нашр кард, ки дар он гуфта шудааст Додситонии кул ҳам барои афви ӯ розист.

Мақомот расман қазияро шарҳ надодаанд.

Созмонҳои байналмилалӣ ва мухолифoни тоҷик дар хориҷа ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Собир Валиев дар зери нома дар Фейсбук бо забони русӣ навишт, ки бозгашти ӯ ихтиёрӣ буд ва "бо мусоидати бевоситаи Раёсати тафтишоти ҷиноии Тоҷикистон" сурат гирифт. Вай навишт, аз 20-уми феврал "ҳама гуна пайгардаш хотима ёфт" ва умед дорад, ки "метавонад ба кишвар ва мардуми худ фоидаовар бошад".

Радиои Озодӣ рӯзи панҷшанбе бо Собир Валиеви 32-сола ба воситаи Фейсбук дар тамос шуд. Ӯ дар ҷавоби хаттӣ гуфт, "озод аст" ва "дар ҳалқаи наздикон".

Вай афзуд, рӯзи 8-уми феврал ба воситаи ҳавопаймои Истанбул-Душанбе ба Тоҷикистон баргаштааст, аммо ба дархости Радиои Озодӣ дар бораи сабабҳои бозгашташ чизе нагуфт.

Собир Валиев ин номаро дар Фейсбук нашр кард
Собир Валиев ин номаро дар Фейсбук нашр кард

Собир Валиев моҳи марти соли 2015 дар пайи қатли раҳбари пешини "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов дар Истанбул, муовини раиси ин созмон интихоб шуд. Моҳи августи ҳамон сол бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Кишинёв, пойтахти Молдова, дастгир гардид.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Human Rights Watch аз мақомоти Молдова тақозо карда буданд, ки Валиевро ба мақомоти Тоҷикистон надиҳанд. Ӯ тақрибан як моҳро дар боздоштгоҳи пойтахти Молдова паси сар кард ва баъдан бо қарори додгоҳи ин кишвар озод гардид.

Валиев дар чанд гирдиҳамоии тарафдорони ин созмон дар Истанбул ва кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава иштирок ва суханронӣ кардааст.

Ин сиёсатмадори ҷавон то чанд соли пеш яке аз чеҳраҳои шинохташуда дар миёни мухолифони тоҷик дар хориҷа ба ҳисоб мерафт, аммо ду сол пеш аз ҳайати созмонҳои сиёсии мухолифи ҳукумат дар хориҷа канор рафт.

"Гурӯҳи 24" як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки бо қарори Додгоҳи олии ин кишвар аз 9-уми октябри соли 2014 мамнӯъ ва экстремистӣ эълон шудааст. Фаъолони созмон бо иттиҳомоти мақомот розӣ нестанд ва мегӯянд, фаъолияти сиёсии онҳо ба хотири пешрафти Тоҷикистон нигаронида шудааст. Фаъолияти "Гурӯҳи 24" дар хориҷ аз Тоҷикистон идома дорад.

Бозгашти Собир Валиев ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли гузашта дар як қазияе, ки баъдан моҷаро барпо кард, фаъоли дигари мухолифони тоҷик Шарофиддин Гадоев ногаҳон дар Душанбе пайдо шуд ва зери навори видеоии ВКД Тоҷикистон гуфт, "ихтиёран ба Тоҷикистон баргаштааст".

Баъд аз раҳоӣ ва бозгашт ба Аврупо, Гадоев дар нишасти хабарӣ дар Амстердам гуфт, ки моҳи феврали соли 2019 дар Маскав зӯран боздошт шуда, бо ҳавопаймо ба Душанбе бурда шуд ва дар онҷо мавриди шиканҷа қарор гирифт.

Шарофиддин Гадоев, ки ҳоло раиси ҷунбиши "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" аст, мегӯяд, ба фаъолиятҳои сиёсии худ идома медиҳад.

Соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноии кишвар тағйироте ворид кард ва ба онҳое, ки бар асоси моддаҳои марбут ба терроризм ва экстремизм гумонбар мешаванду дар хориҷа қарор доранд, ваъдаи афв дод.

Мақомот мегӯянд, афви гумонбарон ба шарте татбиқ мешавад, ки ин афрод собиқаи ҷиноӣ надошта бошанд ва ибрози пушаймонӣ кунанд. Чанд нафари гумонбар ба узвият дар созмонҳои мамнуъ ба Тоҷикистон баргаштанд, вале на ҳамаи онҳо озод шуданд.

Наимҷон Самиев, собиқ узви ҲНИТ, ки охири моҳи ноябри соли 2018, ба қавли наздикон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, дар Чеченистон "дуздида шуд" ва ба Тоҷикистон баргашт, бо ҳукми додгоҳ дар вилояти Суғд ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Ӯ низ мисли бархе дигарон дар навори видеоӣ гуфт, "касе ӯро боздошт накардааст" ва "аз Маскав ихтиёрӣ ба Душанбе омада, худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кардааст".

Коршиносони умури сиёсӣ мегӯянд, ин ҳолатҳо намояндагони мухолифонро барои бозгашт ба кишвар эҳтиёткор ва боварӣ ба ваъдаи мақомотро камтар кардааст.

Намояндагони мақомот мегӯянд, дар миёни бозгаштагон Файзуллоҷон Сафаров, Фирӯзшо Лоиқов, Меҳрубон Сатторов, Оятулло Гиляев ва дигарон ҳастанд, ки то ин замон ҳукумати кишварро мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекарданд ва ба далели собиқаи ҷиноӣ надоштан ҳоло дар озодӣ ҳастанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG