Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 соли телевизиони мустақили СМ-1


СМ-1 - Симои мустақили якум дар шимоли Тоҷикистон нахустин телевизиони хусусӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки 16 апрел аз таъсис ва пахши намоишҳояш 20 сол пур шуд. 6 сол қабл радиои мансуби ин ширкат “Пайванд” низ рӯи мавҷи ФМ омада буд.

Қабл аз СМ-1 дар оғози солҳои 1990-ум телевизиони хусусии дигаре бо номи “Темурмалик" рӯи майдони фаъолият омада, вале баъд аз муддате аз байн рафтааст. Аз ин ҷо метавон СМ-1-ро байни 7 телевизиони

Телевизиони СМ-1 барои сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи маркази вилояти Суғд 18 соат дар шабонарӯз намоишҳо пахш мекунад.

хусусӣ дар маркази вилояти Суғд “аз ҳама дарозумр” номид, ки шебу фарозҳои роҳи як расонаи мустақил дар Тоҷикистонро паси сар гузошта, на танҳо аз байн нарафт, балки радиои худро низ фаъол намуд.

Телевизиони СМ-1 дар Хуҷанд солгарди таъсиси худро дар ҳоле истиқбол мегирад, ки мушкилоти молӣ ва рақобати шадид гиребонгири расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон аст ва дар ин гуна шароит рӯи амвоҷ будан кори саҳлу осон нест.

Барномаҳои пуртарафдор

“Хабар”, ток-шоуи “Печутоби замон” (собиқ “Офтоби меҳрубонӣ”) ва барномаи “Ормон” аз намоишҳоест, ки миёни сокинон барои ин расона миёни 7 телевизиони дигари маҳаллӣ чеҳраи хосе сохтааст.

«Офтоби меҳрубонӣ» аз нахустин ток-шоу дар вилояти Суғд аст, ки аз соли 2005 тариқи мавҷи телевизиони СМ-1 манзури бинандагон мегардад. Муҳаббат Муродова, гардонандаи ин намоиш мегӯяд, то моҳи августи соли 2017 беш аз 400 барнома, дар мавзуъҳои муҳими иҷтимоӣ бо ширкати табақаҳои мухталифи ҷомеа пахш гардид. Ва соли 2017 номи худро ба «Печутоби замон» иваз кард.

“Ормон” дигар аз намоишҳои миёни сокинони маҳаллӣ сербинандаи СМ-1 аст. Ин барнома кӯдакони бемори табобаташон мушкил ва гаронарзишро аз хонаводаҳои камбизоат дарёфт ва аз зиндагии онҳо қисса мекунад. Ба қавли Парвина Азизова, таҳиягари ин намоиш то кунун тавассути бунёди хайриявии “Ормон” 20 кӯдаки бемори сахт аз оилаҳои нодор ҷарроҳӣ шуданд ва сиҳат ёфтанд. Ҳамчунин, бо маблағҳои ҷамъоварда тавассути барномаи “Ормон” ба беш аз 200 оилаи камбизоат ёриҳои молӣ расонидаанд.

Телевизиони замонавӣ ва посухгӯ ба иқтисоди бозаргонӣ

Таҳлилгар Неъматулоҳи Мирсаид дар тӯли 20 сол ба по рост истодани телевизиони СМ-1-ро ба мудирияти “посухгӯ ба талаботи замони иқтисоди бозаргонӣ” рабт медиҳад. Ӯ мегӯяд: “Аз сӯи дигар, барномаҳояшон дар сатҳи нисбатан баланд қарор дорад. Онҳо тавонистанд дар расонаи худ журналистон, коркардонҳо ва таҳиягарони боистеъдод ва бомаҳоратро ҷамъ оваранд, корашон пеш рафт. Чун кормандонашон дилбохтаи касби худ ҳастанд, душвориҳоро таҳаммул карданд ва як фазои хуби фаъолияти эҷодӣ сохтанд.

Коршинос Тилав Расулзода мегӯяд, СМ-1 аз камшумор телевизионҳои маҳаллии хусусӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз соли гузашта соҳиби дафтар ва студияҳои дорои технологияҳои забту таҳияи намоишҳо муҷаҳҳази худ гардид. Дар ҳоле ки аксари кулли телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ дафтар ва студияи худӣ надоранд ва ба иҷора мегиранд:

“Ин шароити хуб минбаъд ба СМ-1 дар рақобат бо телевизионҳои дигар ва таҳияи намоишҳои ҷолиб бартарӣ медиҳад. Агар аз ин имконот хуб истифода кунанд ва доираи фарогирии амвоҷи худро фарохтар кунанд, дар фазои иттилоотии минтақа ҷойгоҳи хосе пайдо хоҳанд кард.”

Ӯ афзуд, вале СМ-1 ҳарчанд дар пахши хабарҳои доғ, инъикос ва бозгӯи масоил ва мушкилоти иҷтимоии ҷомеа аз дигар расонаҳои маҳаллӣ пешгом аст, аз матраҳ кардани масоили муҳиму доғ аз эҳтиёт кор мегирад ва бад-ин тартиб муносибаташ бо мақомот дар ҳоли эътидол нигоҳ доштааст. Дар ҳоле, ки дар шароити имрӯзии Тоҷикистон бидуни муносибати хуб ва ҳамкорӣ бо мақомот фаъолият бурдани расонаҳои хусусӣ мушкил дорад.

Бозори ТВ ва радиоҳои мустақил

Дар ҳоли ҳозир дар маркази вилояти Суғд ба ҷуз шабакаи давлатии телевизиони вилоятии “СТВ”, 7 телевизиони хусусӣ низ фаъол аст. Ҳамчунин, 7 радио низ аз маркази вилояти Суғд ва бархе шабонарӯзӣ барнома пахш мекунанд.

Телевизиони СМ-1 барои сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи маркази вилояти Суғд 18 соат дар шабонарӯз намоишҳо пахш мекунад.

Таҳлилгарон ва коршиносони маҳаллӣ дар умури матбуот дар вазъи мушкили иқтисодӣ афзудани шумораи телевизиону радиоҳои маҳаллиро ба судовар будани онҳо марбут медонанд, ки бо пахши рекламаву суруду мусиқиву дигар гуфтору намоишҳои фармоишӣ маблағ ба даст меоранд ва ба по рост меистанд.

Ин дар ҳолест, ки теъдоди нашрияҳои чопӣ дар вилояти Суғд бо таъсири бӯҳрони молӣ рӯ ба коҳиш дорад. Дар соли 2016 ду нашрияи мустақили чопи Хуҷанд – “Вароруд” ва “Дам” дар пайи мушкилоти иқтисодӣ фазои иттилоотии минтақаро тарк гуфтанд.

XS
SM
MD
LG