Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

60 соли TV дар Тоҷикистон. Шабакаҳо зиёд шуданд, бинандаҳо чӣ?


Рӯзи 3-уми октябр аз фаъол шудани нахустин шабакаи телевизионии Тоҷикистон 60 сол сипарӣ шуд. Дар ҳоле ки масъулони шабака фаъолияти худро муҳим медонанд, коршиносон ба ин назаранд, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз бозтоби масоили доғи ҷомеа худдорӣ мекунанд.

Хӯҷамурод Гулмуродов, сокини шаҳри Ваҳдат, ба ин назар аст, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз бозтоби воқеиятҳои кишвар сарфи назар мекунанд ва асосан машғули таблиғи дастовардҳоянд. Вай рӯзи 3-юми октябр гуфт, дар наздикии манзилаш дар шаҳри Ваҳдат зери пуле соҳили рӯдхона ба партовгоҳ табдил шуда, муҳит ва зиндагии сокинонро ногувор кардааст. Вай мехоҳад, шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон чунин ҳолатҳоро нишон диҳанд ва дар ислоҳи камбудҳо саҳм бигиранд.

"Ба назди масъулони Телевизиони Тоҷикистон рафта, хоҳиш кардам, ки ба мушкили мо расидагӣ кунанд. Ваъда доданд, ки хабарнигору наворбардорро мефиристанд. Аммо касе наомад. Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон танҳо машғули тавсифи дастовардҳои ҳукумат ҳастанд ва ба мушкили мардум коре надоранд", -- афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар Тоҷикистон аз 60-умин солгарди таъсиси нахустин шабакаи телевизионӣ, яъне ТВТ, таҷлил карданд. Намоишҳои нахустин шабакаи телевизионии Тоҷикистон дар соли 1959 ҳамагӣ 3 дақиқа буда, вақти боқимондаи 2,5-соатӣ асосан бо филмҳои мустанад пур карда мешуд. Аммо, ҳоло Телевизиони Тоҷикистон ба таври шабонарӯзӣ фаъол аст ва тавассути моҳвора дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дастраси бинандаҳост.

Субҳиддин Шамсиддинзода, мудири шабакаи Телевизиони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки телевизиони феълӣ аз шабакаи 60 сол қабл ба куллӣ фарқ мекунад. Вай мӯътақид аст, ки роҳбарияти кишвар, аз ҷумла, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба рушди арсаи телевизион таваҷҷуҳи вижа медиҳад.

"Телевизиони замони шӯравӣ аз телевизиони солҳои истиқлол фарқи бузург дорад. Маҳз, бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат фаъолияти Телевизиони Тоҷикистон бамаротиб беҳтар карда шуд. Ҳатто, кофист таъкид созем, ки дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон танҳо як шабакаи телевизионӣ буд, ҳоло бошад танҳо миқдори шабакаҳои сартосарӣ ба 9 расидааст", -- мегӯяд Шамсиддинзода.

Бобоҷон Икромов, раиси пешини Кумитаи радио ва телевизиони кишвар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз дастовардҳои шабакаҳои телевизионии кишвар ситоиш кард ва гуфт, ки "замони тилоӣ"-и телевизиони Тоҷикистон ба даҳаи 1980 рост меояд. Дар он замон ба гуфтаи вай, масоили мубрами иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон дар телевизион баррасӣ мешуданд.

Дар посух ба ин суол, ки феълан сифати барномаҳои телевизиониро чӣ гуна арзёбӣ мекунад, Бобоҷон Икромов гуфт, ки ҳоло 9 шабакаи сартосарӣ вуҷуд дорад, аммо тамошобин нест ва бештари сокинон барномаҳои моҳвораии шабакаҳои хориҷиро тамошо мекунанд. Ба гуфтаи Икромов, то замоне, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба баррасии мавзӯҳои доғи ҷомеа рӯй наоваранд, тамошобини тоҷик пойбанди шабакаҳои хориҷӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон омори расмиро, ки гӯё 98 дарсади аҳолии кишвар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро тамошо мекунанд, зери суол мебарад.

"Ман ба ин омор сахт шубҳа дорам. Нахуст, Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ аст ва дар бархе аз минтақаҳои фиристандаҳои қавӣ барои пахши мавҷи телевизионҳои Тоҷикистон вуҷуд надорад. Дуввум, мӯҳтавои барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон то ҳадде бад аст, ки тамошобини тоҷик тамошои барномаҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла, Русияву Афғонистонро авлотар медонанд. Ба ин далел, 98 дарсад будани тамошобини шабакаҳои телевизионҳои Тоҷикистон аслан ба ҳақиқат наздик нест",- гуфт Нуриддин Қаршибоев.

Аммо Набӣ Юсупов, роҳбари созмони ҷамъиятии "Машваратҳои расонаӣ" мегӯяд, иддаои мақомот дар бораи тамошои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз сӯи 98 дарсади аҳолӣ комилан нодуруст аст. "Тибқи пажӯҳиши мо 98 дарсади аҳолӣ ба қабули мавҷҳои телевизионҳои Тоҷикистон дастрасӣ дорад, аммо на ҳамаи онҳо ин шабакаҳоро тамошо мекунанд. Ҳисобҳои мо нишон доданд, ки тақрибан 50 дарсади аҳолӣ шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро тамошо мекунанду бас", -- гуфт Набӣ Юсупов.

Дар чанд соли охир Ҳукумати Тоҷикистон шабакаҳои нави телевизионии "Сафина", "Ҷаҳоннамо", "Баҳористон", "Синамо", "Варзиш", "Футбол", "Шаҳнавоз" ва ғайраҳоро роҳандозӣ кард. Ба гуфтаи соҳибназарон, бархе аз ин телевизионҳо, аз ҷумла телевизиони "Варзиш" миёни тамошобинони тоҷик нуфузе касб кардааанд ва бархе дигар ҳанӯз бинандаи зиёд надоранд. Ҳангоми маъракаҳои калони давлатӣ ҳамаи онҳо якбарномаро пахш мекунанд, ки низ таваҷҷуҳи бинандаро коҳиш медиҳад.

Ба гуфтаи онҳо, бештаре аз барномаҳои телевизионии шабакаҳо ба бозтоби сафарҳо ва суханрониҳои роҳбари кишвар ва "дастовардҳо"-и Тоҷикистон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ рабт доранд. Дар ҳоле, ки мунтақидони давлати Тоҷикистон ин "дастовардҳо"-ро зери суол мегузоранд.

Шарҳҳоро бинед (18)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG