Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

60 нафар дар ҳабси абад ва омӯзиши кормандони зиндон


Дар Маркази такмили ихтсисои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия барои кормандони зиндонҳо давраи омӯзишие дар мавзуи «Истифодаи ҳабси якумра ҳамчун алтернативаи асосии ҳукми қатл дар Тоҷикистон» баргузор мешавад.

Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе рӯзи ҷумъаи 13 сентябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин иқдом ба ибтикори созмони Penal Reform International (PRI) дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати рушди байнулмилалии Бритониёи Кабир рӯзҳои 16 ва 17 сентябр сурат мегирад"

Ба гуфтаи хонум Абдуллоева, "мақсади асосии тренинг ё давраи омузӣ, такмили дониши кормандони муассисаҳои ислоҳӣ дар робита ба меъёрҳои байнулмилалӣ дар мавриди шахсоне мебошад, ки ба ҳукми қатл ё ҳабси абад маҳкум шудаанд, мебошад."

Қарор аст, кормандони зиндонҳои Тоҷикистон муддати ду рӯз донишу малакаи худро дар ин замина такмил диҳанд, ки ба онҳо мутахасисон аз Бритониёи Кабир ва Украина ва ҳамчунин худи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон омӯзиш медиҳанд.

Саул Мектепбаев, раиси минтақавии созмони Penal Reform International (PRI) дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, "мутаассифона, дар риштаи ҳуқуқшиносӣ ва макотиби олии махсусгардонидашудаи кишварҳои мо усули кор бо шахсонеро, ки ба муҳлати тӯлонӣ ва ё ҳабси якумра маҳкум шудаанд, намеомӯзонанд. Дар ҳоле ки кор бо ин гурӯҳи маҳкумшудагон донишҳои муайян, хусусан, донистани меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсонро тақозо мекунад. Дар шароити маҳбаси дурдаст ва нигаҳдории ҷудогонаи маҳбусон, бо назардошти хусусиятҳои ҷиноёти содиркардаи онҳо, омӯзиши доимии кормандон ягона роҳест, ки таъмини ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва фаъолияти дурусти маҳбасро кафолат дода метавонад»

Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 60 нафар маҳкум ба ҳабси абад ҳастанд ва соҳибназарони умур мегӯянд, афзоиши теъдоди шахсоне, ки ба муддати тӯлонӣ ё ҳабси абад маҳкум шудаанд, ба низоми маҳбасҳо таъсир мерасонад.

Тоҷикистон дар соли 2004-ум, пас аз баҳсҳои тӯлонии будан ва ё набудани “ҷазои олӣ”, билохира ба ҳукми қатл моратория эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд. Дар санади Афви байналмилалӣ омадааст, Тоҷикистон дар соли 2011 ба ҳеҷ кас ҳукми қатл надода ва касеро ҳам эъдом накардаст. Аз сӯи дигар, зиндониёне, ки барои як умр маҳбус шудаанд, аз тарафи давлат афв намешаванд.

Бо онки ҳукми қатл дар Тоҷикистон иҷро намешавад, вале бархӯрд ба зиндониёне, ки ҳукми абад гирифтаанд, дигар нашудааст. Наздикони афроди маҳкум ба ҳабси абад аз он шикоят доранд, ки ҳукумат ҳуқуқи ин маҳбусонро маҳдуд мекунад.
XS
SM
MD
LG