Ин масъулон мегӯянд, пули истифодаи нерӯи барқи ин идораву муассисаҳо тавассути вазорати молия пардохт мешавад, аммо азбаски то кунун пардохт нашудааст, шабакаҳои барқ тасмим гирифт, ки интиқоли барқ ба корхонаву идораҳои қарздорро қатъ кунад.
Бахром Рустамов, сардори бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳрдории Кӯлоб низ ба радиои Озодӣ гуфт, "як ҳафта боз Маркази фарҳангии ҷавонон барқ надорад. Сабаби асосӣ он аст, ки идораи молияи шаҳр маблағи барқро барои ин марказ ҷудо накардааст." Вай мегӯяд, "ин вазъ ба он боис шуд, ки бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳрдории Кӯлоб чорабиниҳоеро, ки ба муносибати ҷашни Истиқлол дар назар гирифта буд, натавонист баргузор кунад."
Ба иттилоъи масъулони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Кӯлоб. танҳо ин муассиса аз шабакаи барқ беш аз 51 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.
Шарҳҳоро бинед (2)
Боз кардани шарҳи бештар