Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳо ба истеъфои раиси ФИФА ё тағйири макони Ҷоми ҷаҳонӣ-2018


Раиси ФИФА дар нишасти хабарӣ дар робита ба парвандаи фасод.
Раиси ФИФА дар нишасти хабарӣ дар робита ба парвандаи фасод.

Вазорати умури хориҷии Русия боздошти мансабдорони кумитаи Федерасюни байнулмилалии футбол (ФИФА)-ро аз тарафи Додситонии Швейтсария таҳти танқид қарор дод.

Русия боздошти мансабдорони Федерасюни байнулмилалии футбол (ФИФА)-ро "як мавриди дигари татбиқи ғайримашрӯи қонуни Иёлоти Муттаҳида дар берун аз қаламрави он" номид. Вазорати умури хориҷии Русия аз Вашингтон даъват кард, талошҳои, ба гуфтаи он, "доварӣ дар берун аз марзҳои худро бас ва низоми байнулмилалӣ ва аз сӯи умум пазируфташудаи қонунгузориро риоят кунад". Он ҳамчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳабси мансабдорони ФИФА ба эътибори ҷаҳонии ин ниҳод таъсир нахоҳад дошт.

Изҳороти Русия дар ҳоле садо миедиҳад, ки Додситонии кулли Швейтсария рӯзи 27 май зидди 14 нафар бо гумони сӯиистифода ва шустушӯи пул дар робита ба пардохти “ҷоизаҳо” дар ивази ба даст овардани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018, ки дар Русия доир мешавад, ва Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ки Қатар мизбонаш мебошад, парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Ҳафт тани онҳо дар Сюрих боздошт шудаанд.

Дар ин байн раиси Анҷумани футболи Бритониё Грег Дюк гуфт, раҳбари ФИФА Зепп Блаттер бояд бидуни таъхир аз мақомаш истеъфо диҳад. Иттиҳодияи созмонҳои футболи Аврупо, УЕФА, ба таъхири шашмоҳаи интихоботи раҳбари ФИФА даъват намуд, аммо Конфедерасюни футболи Осиё аз Блаттер ҳимоят намуд ва гуфт, интихобот бояд дар вақти таъиншуда, 29 май баргузор гардад. Раиси пешини УЕФА даъват кард, ки сабқаи Ҷоми ҷаҳонии соли 2018 на дар Русия, балки Бритониё баргузор гардад.

ФУРӮШУ ХАРИДИ ФУТБОЛ

Додситонии Швейтсария дар баёнияаш гуфт, онҳо дар ин маврид иттилоъ ва аснодеро аз шабакаи компутарии ФИФА - Иттиҳодияи федерасиюнҳои футболи ҷаҳон – мусодира кардаанд. Кумитаи тадорукотии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 гуфтааст, дар пажӯҳиши парванда бо мақомоти Швейтсария ҳамкорӣ хоҳад кард.

Ин хабар соате баъд аз он нашр шуд, ки субҳи 27 май идораи адлияи Швейтсария (FOJ) аз боздошти 7 мақоми футбол бо дархости мақомоти Амрико хабар дод. Гуфта мешавад, ин афродро дар пешорӯи анҷумани солонаи ФИФА дар шаҳри Сюрих дастгир кардаанд ва онҳо мунтазири баррасии парвандаи истирдодашон ба Амрикоянд.

Мақомот мегӯянд, амалиёти боздошти ин афрод аз сӯи пулиси Швейтсария субҳи 27 май дар меҳмонхонаи пуршукӯҳи “Baur au Lac” дар шаҳри Сюрих сурат гирифтааст.

Идораи адлияи Швейтсария дар як баёнияи расмӣ гуфт, мақомоти Амрико бар ин гумонанд, ки ин афроди боздоштшуда дар маҷмӯъ ба маблағи миллионҳо доллар пора додаанду гирифтаанд. Дар баёния омадааст, идораи додситонии ҳавзаи шарқии шаҳри Ню-Йорки Амрико мавридҳои порагирӣ ва порадиҳии ин 7 нафар аз авоили солҳои 90 то имрӯзро таҳқиқ мекунад.

ИТТИҲОМОТИ ВАШИНГТОН

Дар Вошингтон, Вазорати адлияи Амрико гуфт, ки дар маҷмӯъ 9 мақоми ФИФА ва 5 мудирашро ба фасод ва қасди ҷиноят айбдор мекунад. Вазорати адлияи Амрико ҳамчунин аз Хулио Роха, як масъули бахши рушди ФИФА ва Юҷинио Фигуередо, ноиби президенти ФИФА ва узви кумитаи иҷроияи ин созмонро дар ҷумлаи гумонбарон дар ин парванда ном бурдааст. Дар баёнияи вазорати адлияи Амрико омадааст, қароргоҳи Федеросиюни футболи Амрикои шимоливу марказӣ ва ҳавзаи Кариб дар шаҳри Майамии Амрико мавриди кофтукоб қарор дода мешавад.

Шарҳи Энтонӣ Веселовский, шореҳи Радиои Озодиро инҷо тамошо кунед:

Боздошти мақомдорони ФИФА чӣ паёмад хоҳад дошт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00

Идораи адлияи Швейтсария мегӯяд, гумонбарон - намояндагони расонаҳо ва ширкатҳои варзишӣ - дар схемаҳои порадиҳӣ ба вакилони анҷумани ФИФА ва мақомоти дигар даст доштаанд ва сухан дар бораи беш аз 100 миллион доллар меравад: “Дар иваз, бовар меравад, ки онҳо ҳаққи инъикос, бозорёбӣ ва спонсорӣ дар робита ба мусобиқоти футбол дар Амрикои Лотиниро ба даст меоварданд.”

ВОКУНИШҲО ДАР ТОҶИКИСТОН

Фаридун Солиев, сухангӯи Федеросиюни футболи Тоҷикистон рӯзи 27 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайъати Тоҷикистон дар анҷумани солонаи ФИФА дар Сюрих ширкат хоҳад варзид, вале онҳо барои шарҳи моҷарои фасод дар ин ниҳоди ҷаҳонии футбол омода нестанд: "Ин кори ФИФА аст. Аз Тоҷикистон касе узви Кумитаи иҷроияи ФИФА нест ва ҳеҷ гоҳ набуд. Аз тамоми қораи Осиё ҳамагӣ як нафар - президенти Конфедеросиюни футболи Осиё узви Кумитаи иҷроия буд ва ахиран бо пайвастани ду муовини президенти АФС шумори аъзои осиёии ин Кумитаро ба се нафар расонданд. Ба назари ман, қазияро бояд худи ФИФА шарҳ бидиҳад, на федеросиюнҳои миллӣ."

ФИФА чанд барномаи кумак ба футболи Тоҷикистонро сармоягузорӣ мекунад. Аз ҷумла бо маблағгузории ФИФА дар Норак ва Данғара майдонҳои футбол сохта шуда ва дар Душанбе майдони дуюми варзишгоҳи марказӣ бозсозӣ гардидааст. Танҳо дар соли 2014 ва танҳо дар чорчӯби барномаи "Гол" ФИФА ба Тоҷикистон барои тармими майдонҳои футбол, бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи ФИФА, 687 000 доллар ёрӣ кардааст. Студияи телевизионии сайёри Федеросиюни футболи Тоҷикистон низ бо кумаки молии ФИФА харида шудааст.

Анҷумани солонаи ФИФА дар Сюрих рӯзи 29 май оғоз мешавад. Қарор аст, дар ин анҷуман интихоботи навбатии президенти ФИФА сурат бигирад. Раҳбари кунунии ин созмон Зепп Блаттер худро барои бори панҷум ба ин мақом пешбарӣ кардааст.

Ҷеффри Вебб, ноиби президенти ФИФА ва президенти Федеросиюни футболи Амрикои шимоливу марказӣ ва ҳавзаи Кариб (CONCACAF) аз ҷумлаи мансабдорони баландпояеянд, ки дар чорчӯби ин парванда боздошт шудаанд.

ЗИДДИ БЛАТТЕР ШУБҲАЕ НЕСТ

Сухангӯи ФИФА Валтер де Грегорио гуфт, Блаттер ва дабири кулли ФИФА Ҷером Валк дар миёни боздоштшудаҳо нест: “Ӯ яке аз нафарони боздоштшуда нест. Ӯ ба ин ягон дахл надорад.” Сухангӯи ФИФА ҳамчунин гуфт, ин ниҳоди нозири масоили футболи ҷаҳон “талош дорад, то вазъро рӯшан кунад.” Аммо ба ақидаи ӯ, ин қазия нишон медиҳад, ки ФИФА “дар роҳи дуруст қарор дорад.”

Рӯзномаи амрикоии “New York Times”, дар ҳамин ҳол, хабар дод, ки яке дигар аз боздоштшудаҳо президенти Федеросиюни футболи Коста-Рика Эдуардо Ли мебошад, ки тоза моҳи март ба узвияти ниҳоди иҷроияи ФИФА пазируфта шуд ва бояд расман рӯзи 29 май ба ин ниҳод мепайваст.

Ин нахустин моҷарои марбут ба фасод дар ФИФА нест. Дар матбуот дар бораи чигуна ба Русия расидани ҳаққи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 ва чигуна ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022-ро ба даст овардани Қатар то кунун ҳам ҳадсҳои мухталифе баён мешуд. Дар соли 2011, дар пешорӯи интихоботи қаблии президенти ФИФА Муҳаммад Бин Ҳаммом, президенти фақти Конфедеросиюни футболи Осиё, ки яке аз рақибони Зепп Блаттер маҳсуб мешуд, дар пайи чунин як моҷарои марбут ба харидуфурӯши овозҳои вакилони анҷумани ФИФА маҷбур шуд, аз мақомаш истеъфо дода, номзадиашро ҳам пас бикашад.

ҚАЛАМРАВИ ФИФА

ФИФА 209 федеросиюни футбол, футзал ва футболи соҳилӣ(пляжный футбол)-ро муттаҳид мекунад. Аз соли 1998, инак 17 сол боз раҳбарии ин бузургтарин созмони футболи дунёро Блаттер дар даст дорад.

Дар интихоботи имсола бо Зепп Блаттер се муддаии дигар – футболбози дар гузашта маъруфи португалӣ Луиш Фигу, раиси Иттиҳодияи футболи Ҳолланд Михаэл Ван Праг ва шоҳзода Алӣ бин Ал-Ҳусейн, бародари малики Урдун Абдуллоҳ вориди рақобат шуда буданд. Аммо Ван Праг ва Фигу номзадиашонро гирифтанд. Қабл аз ин моҷаро бисёри нозирон мегуфтанд, бо он низоме, ки Блаттер тайи 17 соли раҳбариаш дар дохили ФИФА бино кардааст, канор задани ӯ аз мақоми президентӣ кори саҳл нест. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки моҷарои боздошти якбора 6 мақоми футбол ба ин низоми сохтаи Зепп Блаттер дар футболи ҷаҳонӣ чӣ таъсир хоҳад гузошт ва боз сари кадоме аз бузургони футболро хоҳад хӯрд?

Сухангӯи ФИФА де Грегорио гуфт, Блаттер дар мавриди ин қазияҳо ҳанӯз хомӯш аст, вале “дар ҷои кораш рақс накарда истодааст.” Аммо де Грегорио ҳар навъ эҳтимоли лағви интихоботи рӯзи 29 майи президенти ФИФА дар пайи ин ду моҷарои фасодро рад кард ва гуфт, ин овоздиҳӣ рӯзи ҷумъа дар анҷумани солонаи ФИФА баргузор мешавад.

Як видео аз бойгонии Озодӣ дар бораи сафари Блаттер ба Тоҷикистон дар соли 2014:

XS
SM
MD
LG