Намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дархост кард, ки Шӯрои Амният рӯзи панҷшанбеи 22-юми феврал барои баррасии вазъияти бӯҳронӣ дар Ғутаи шарқӣ воқеъ дар наздикиҳои шаҳри Димишқ, нишаст баргузор намояд. Ҳамзамон дабири кулли СММ хостори поён додан ба "дӯзахи рӯи замин" дар ин минтақа шуд.
Василий Небензия, сафири Русия рӯзи чаҳоршанбе ба аъзои Шӯрои Амнияти СММ гуфт, ки баргузории ҷаласаи кушод ба ҳама тарафҳо иҷоза медиҳад, ки роҳҳоеро барои берун рафтан аз вазъияти феълӣ", пешниҳод намоянд. Вай афзуд, "бо таваҷҷуҳ ба нигарониҳое, ки имрӯз аз он хабардор шудаем, зарурӣ аст, ки чунин нишасте баргузор шавад."
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳудуди 400 ҳазор нафар дар минтақаи Ғутаи шарқӣ дар муҳосира қарор доранд. Ин минтақа аз соли 2013 аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ муҳосира шудааст.
Суханони сафири Русия пас аз изҳороти дабири кулли СММ ироа шуд, ки ба аъзои Шӯрои Амнияти СММ гуфт, 400 ҳазор сокини Ғутаи шарқӣ дар "дӯзахи рӯи замин" ба сар мебаранд. Антонио Гуттериш хостори қатъи фаврии даргириҳо дар ин минтақа шуд.
Дабири кулли СММ гуфт, "ин як фоҷеа аст, ки ҳар рӯз дар пеши чашми мо густариш меёбад. Мо наметавонем иҷоза диҳем чунин чизи даҳшатбор ҳамин тавр идома кунад". Оқои Гуттериш гуфт, аз пешнависи қатъномае, ки ҳама аъзо тавофуқ кунанд -- оташбаси якмоҳа дар Сурия ва иҷозаи фиристодани кӯмакҳои башардӯстона ва ҳамчунин хуруҷ аз минтақа барои дарёфти кӯмакҳои тиббӣ, ҳимоят мекунад.
Ба гуфтаи дипломатҳо, Шведсия ва Кувайт ду ҳафта пеш ин тарҳро пешниҳод карданд, вале музокирот дар мавриди он ба сахтӣ пеш рафт, чун Русия ҳозир набуд аз оташбаси матраҳшуда дар ин пешнавис, ҳимоят кунад. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба аъзои Шӯрои Амният гуфт, "ман ба таври комил аз ин тарҳ ҳимоят мекунам ва бовар дорам, ки Ғутаи шарқӣ наметавонад аз ин бештар мунтазир бимонад."
Бо афзоиши амалиёти нерӯҳои ҳукумати Сурия дар Ғутаи шарқӣ, ки аз сӯи Русия ҳимоят мешаванд, вазъият дар ин минтақа бӯҳронӣ шудааст. Тибқи гузоришҳо, аз рӯзи якшанбе то ба ҳол 300 ғайринизомӣ кушта шудаанд.
Сафири Шведсия дар Шӯрои Амният гуфт, умедвор аст ҳамин панҷшанбе барои расидан ба оташбас дар Сурия, раъйгирӣ анҷом шавад. Сафири Шведсия дар посух ба ин пурсиш ки оё дар ин масъала ваҳдати назар вуҷуд дорад ва кишварҳо ба ин пешнавис раъй хоҳанд дод, гуфт, "инро ҳанӯз намедонам."
Русия қаблан аз ҳаққи ветои худ дар мавриди Сурия дар Шӯрои Амният истифода кардааст. Охирин пешнависе, ки миёни аъзо тақсим шудааст, мегӯяд, 72 соат пас аз қабул шудани қатънома, бояд оташбас барқарор шавад ва 48 соат пас аз он ҳам иҷозаи фиристодани кӯмакҳо ва хуруҷ аз минтақа барои дарёфти хадамоти тиббӣ, дода шавад.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳудуди 400 ҳазор нафар дар минтақаи Ғутаи шарқӣ дар муҳосира қарор доранд. Ин минтақа аз соли 2013 аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ муҳосира шудааст. Бино бар гузоришҳо, нерӯҳои ҳукумати Сурия ва муттаҳидони он, ки аз пуштибонии Эрон ва Сурия бархӯрдор ҳастанд, дар талош ҳастанд минтақаҳои аслии зери контроли мухолифонро ба тасарруфи худ дароранд.
Ҳукумати Сурия мухолифони худро ба таври умумӣ "гурӯҳҳои террористӣ" ном мебарад. Ҷанги дохилии Сурия, ки бар асари он садҳо ҳазор нафар кушта ва беш аз ними аҳолии ин кишвар овора шуданд, яке аз густурдатарин бӯҳронҳои минтақавӣ ва байнамилалӣ ба ҳисоб меравад ва инак ҳафт сол боз идома дорад.