Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сироҷиддин Аслов бо сафари расмӣ ба Чин меравад


Октябри соли 2014 Сироҷиддин Аслов дар Пекин дар ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой иштирок кардааст
Октябри соли 2014 Сироҷиддин Аслов дар Пекин дар ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой иштирок кардааст

Рӯзҳои 23-24 июл вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин сафар мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафари расмиеро ба Чин анҷом медиҳад. Як манбаъ аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин хабарро дар сӯҳбат хабар ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард.

Аз ин пеш Лу Кан, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Чин низ ба расонаҳо гуфтааст, ки “Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафари расмӣ рӯзҳои 23 ва 24 июл ба Чин ташриф меорад.”

Ба гуфтаи ин манбаъ, сафари расмии Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати ҳамтои чиноияш – Ван И сурат мегирад. Густариши муносиботу ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳори мухталиф аз мавзуоти матруҳаи дидору гуфтугӯҳои Сироҷиддин Аслов бо мақомоти чинӣ унвон мешавад.

Сафари расмии Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Чин дар ҳолест, ки вазири умури хориҷаи ин кишвар Ван И моҳи июли соли гузашта меҳмони Душанбе буд ва дар ин сафар барномаи сафари раиси ҷумҳурии Чин Си Ҷинпингро ба Тоҷикистон ҳамоҳанг кард.

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон моҳи октябри ҳамон сол бо як сафари корӣ ба Пекин, пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карда буд. Ин сафари Сироҷидин Аслов ба Пекин ба манзури ширкат дар Конфронси чоруми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иштирокчии раванди Истанбул барои Афғонистон (Қалби Осиё) буд. Аммо дар ҷараёни ин сафари корӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин вохӯриҳои дуҷонибаро бо шахсони расмии Чин, намояндагони давлатҳои “Қалби Осиё”, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ анҷом дод.

Ҷумҳурии мардумии Чин аз бузургтарин кишвари сармоягузори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз 2,1 миллирад қарзи хориҷии кишвар 911 миллионаш ба Чин рост меояд. Чин ҳамчунин ба Тоҷикистон 6 миллиард доллар ваъда кардааст, ки Душанбе ин кӯмакҳоро барои пешрафти бештари иқтисодаш мехоҳад равона кунад.

XS
SM
MD
LG