Варзишгари тоҷик Шоира Зулқайнарова дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни кишварҳои тавлиди нафт, ки дар Ханти-Мансийски Русия баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг бар намояндаи Украина Мария Борутса пирӯз шуд, вале дар даври ниманиҳоӣ аз Любов Пашинаи русиягӣ шикаст хӯрд.
Дар ин бора Мирзо Шамсиев, сармураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, рӯзи 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ хабар дод. Вай гуфт, дар ин мусобиқа, ки барои бори 13-ум ба хотираи аввалин кашшофи нафти Югорск Фармон Салмонов байни мардону занон сурат гирифт,145 муштзан аз 20 кишвар (Олмон, Финляндия, Сербия, Булғористон, Полша, Украина, Молдова, Литва, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Чин, Шветсия, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистан, Туркманистон ва Марокаш) ширкат доштанд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистонр панҷ мард – Файзмамад Малахбеков (52 кг), Асрор Воҳидов (56 кг), Асомиддин Бурҳонов (69 кг) , Наврӯз Ҷафоев (81 кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (91кг) ва ду зан – Мавзуна Чориева (60 кг) ва Шоира Зулқайнарова (75 кг) дохил буданд.
Вале ба ҷуз Шоира Зулқайнарова, дигар муштзанҳои тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.
Ба гуфтаи Мирзо Шамсиев муштзанҳои тоҷик соли 2016 барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза хоҳанд бурд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни кишварҳои тавлиди нафт дар Ханти-Мансийски Русия як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Шавкатҷон Раҳимов дар вазни то 64 кг бо медали нуқра ва Меҳроҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Чанд сол боз ин роҳбар маъқул нест, вай роҳбар маъқул нест , гузарондед акнун. Мисли қирғиз рушд дар ҳиҷову доим талаби барканорӣ
Барои чи дар давраи райосати файзов вазият тинч буд? Мн ах он дарак медихад, ки раиси кунуни аз мардум ва барои мардум нест. Президент бояд хубаш уро ва раиси шахрро аз вазифа дур кунад
Халк дар азоб бе сохиби, мардум дар гариби чон мекананд ки пул рои кунам ба курсе ки 1000 рубл 194 сомон шудааст ба мардум 162 то 167 сомон медихан . Мардум аз кучо тарафдори кунад шумоёнро урток давлатдоро.
дигар сухан карда намешад да ин давлат - худо накарда як хукуматира танкид кунед... тамоми авлодта нест мекунан - ай сталин бадтар шудай ин ахвол
инхо хама кумунистхое астан ки дар он даврон натонистан ба макоме расанд - акнун аз беконунию бечорагии халк истифода мекунанду худшона ба курси баста мондаанд - курсиро факат бо хун ва бо чанг холи мекунанд; кайфу сафо мекунанд вакте ки 90 фоизи халк нимгурусна хоб мераван, офшорхисобхо бо миллиардхо доллар доранд вакте ки маощи миена 100 долар аст дар кишварощон... аз хама аламовараш халк мисли муш тарсончак шудааст - хатто аз танкид метарсанд.