Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳҷоизаи мусобиқаи Наврӯзиро паҳлавон аз Роғун соҳиб шуд

Субҳиддин Халилзода
Субҳиддин Халилзода

Субҳиддин Халилзода, паҳлавон аз шаҳри Роғун, ки дар мусобиқаи гуштии миллӣ (гуштигирӣ) бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Шодмон Ризоевро аз Кӯлоб мағлуб кард, соҳиби шоҳҷоиза – мошини сабукрав – гардид.

Мусобиқаи гуштии миллӣ (гуштигирӣ) 22-юми март дар муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Мусобиқа бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи миллии гуштигирии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои варзишии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷаҳонии гуштигирӣ доир гардид.

Дар мусобиқа гуштигирон аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доштанд, ки дар байни онҳо паҳлавонони маъруфи тоҷик, ба мисли бародарон Хуршед ва Ҷаҳонгир Маҷидовҳо, Ҳақназар Назаров, Муллораҷаб Халифаев, Шарифҷон Назриев, Мансур Раҳмонов, Шодмон Ризоев, Субҳиддин Халилзода, Дадахон Қурбоналиев, Ҳамроз Раҷабов, Масъуди Аҳмадзод, Абубакри Акобир, Наврӯз Каримзод ва дигарон буданд.

Мусобиқа аз рӯйи қоидаҳои варзиши суннатӣ доир гардид, яъне ғолиб танҳо дар сурати рақибашро ба тахтапушт хобондан бо баҳогузории “ҳалол” муайян карда мешуд. Барои ҳар як рақобат даҳ дақиқа ва барои рақобати ниҳоӣ бист дақиқа муқаррар шуда буд.

Ғолибони ҳар давр соҳиби туҳфаҳои молӣ гардиданд. Ба ғолиби мутлақи мусобиқа шоҳҷоиза - мошини сабукрави “Электромобил” – тақдим шуд, ки нархаш 140 ҳазор сомонӣ мебошад.

Бояд гуфт, паҳлавононе, ки рақобатҳояшон бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт, аз туҳфаҳо бенасиб монданд. Чунин рақобатҳо, ки хеле зиёд сурат гирифт, ҷолибияти мусобиқаро коҳиш медод.

Барои шоҳҷоиза ду паҳлавони 24-сола – Субҳиддин Халилзода аз шаҳри Роғун ва Шодмон Ризоев аз шаҳри Кӯлоб рақобат карданд. Ба Субҳиддин муяссар шуд, ки рақибашро ба тахтапушт хобонда, пирӯз гардад.

Субҳиддин Халилзода, ки хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад, соли 2022 дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни ҷавонон дар шаҳри Еревани Арманистон дар вазни 71 килограмм мақоми дуюмро касб намуда, бо медали нуқра сарфароз гаштааст.

Субҳиддин аз синни 12-солагӣ зери роҳбарии мураббиҳо Иззат Худоиев ва Абдураҳмон Абдуллоев дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ ба тамрин пардохтааст.

Ӯ дар намуди самбо шаш карат қаҳрамони Тоҷикистон миёни наврасону ҷавонон мебошад. Дар баробари самбо вай, инчунин, дар намудҳои ҷудо, кураш ва гуштии миллӣ (гуштигирӣ) ба натиҷаҳои баланд даст ёфтааст.

– Орзуи ҳар як варзишгар қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, ҷаҳон ва қора шудан аст. Ман ҳам истисно нестам, зеро вақте болои суфаи ифтихорӣ мебароӣ, ба шарафат Суруди миллии кишварат садо медиҳад ва ашки шодӣ беихтиёр ҷорӣ мешавад, ҳазорон нафар ба хотири ҳунари волоят каф мезанад, сарат баланд ва дилат ором мегирад. Он замон эҳсос менамоӣ, ки кӯшишу заҳматҳоят бесамар набудаанд, – мегӯяд Субҳиддин Халилзода.

Ин паҳлавон борҳо дар мусобиқоти Наврӯзӣ пирӯз шудааст. Чунончи, вай моҳи апрели соли гузашта дар мусобиқаи гуштигирӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барандаи шоҳҷоиза – мошини сабукрав - шуда буд.

Мусобиқаи гуштигирӣ бахшида ба Наврӯз боз дар як қатор шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Чунончи, 23-юми март дар ноҳияи Данғара, 24-уми март дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 25-уми март дар ноҳияи Ёвон ва 27-уми март дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи гуштии миллӣ бо иштироки паҳлавонони номдор аз манотиқи мухталифи кишвар доир хоҳад шуд.

Мардуми тоҷик анъанаҳои бостонӣ ва хеле бойи варзишӣ дорад. Ба навъҳои варзиши миллӣ ба ғайр аз гуштигирӣ, инчунин камонварӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ, асптозӣ, найзаандозӣ, пойгаи давандаҳо, тирандозӣ, дастхобонӣ ва ғайра шомиланд. Гуштии миллӣ дар байни ин намудҳо мақоми хос дорад ва баргузории сабқати паҳлавонӣ яке аз суннатҳои Наврӯзист.

Ҳамасола дар Тоҷикистон 22-юми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии гуштигирӣ таҷлил карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки соли 2022 ба гуштии миллӣ – «гуштигирӣ» - мақоми байналмилалӣ дода шуд. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, гуштии миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

XS
SM
MD
LG