Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шогирди Манижаи Давлат "хомӯшӣ"-и аҳди коронавирусро шикаст. ВИДЕО


Зулайхо Маҳмадшоева: "Намебахшам"

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони шинохта ва аз шогирдони Манижаи Давлат, баъд аз хомӯшии дароз дар ҳади коронавирус, маҷмӯи таронаҳои навашро бо номи “Намебахшам” пешниҳоди ҳаводорон кард. Маросим шоми 16-уми ноябр дар Душанбе баргузор шуд.

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони 26-солаи тоҷик, пеш аз муаррифии маҷмӯи таронаҳояш ба Радиои Озодӣ гуфт, мехост, консерти хурде барпо кунад, аммо бо сабаби бемории ҳамагир тасмимаш иваз шуд: "Барои ман ҳам осон набуд, ки дар ин шабурӯз клипу тарона омода кунам, аммо кӯшиш кардам, заррае ҳам бошад, дили мухлисонро шод кунам."

Маҳмадшоева гуфт, дар таҳияи таронаҳояш кумаки овозхон Манижа Давлатова, ки солҳо боз аз саҳна канор рафтааст, кам нест. Ӯ, ки дар миёни ҳаводорон чун шогирди Манижаи Давлат муаррифӣ мешавад, гуфт, Манижаро ба ин маросим даъват кард, аммо ширкат кардан дар он ихтиёрӣ буд.

“Манижаи Давлат дар таҳияи албом ва корҳои эҷодӣ ба ман кумаки зиёд кард ва мекунад. Оҳанги таронаи “Намебахшам” аз Манижа аст, ки номи албомро низ ҳаминро мондем”, -- шарҳ дод ӯ.

Вай ҳангоми муаррифии таронаҳояш дар ҳузури овозхонҳо гуфт, барои расидан ба саҳнаи ҳунар як роҳи душворро пушти сар кардааст ва аз касе мадад напурсидааст. Хонандаи оҳангҳои маъруфи “Зу-зу”, “Мамнунам” ва дигарон соҳиби ду фарзанд аст. Мегӯяд, эҳсос мекунад, ки масъулияти модарӣ зеҳну андеша ва ҳам нигоҳи ӯро ба зиндагиву ояндааш хеле тағйир додааст.

Беҳрӯз Зеваров, продюсери Зулайхо Маҳмадшоева, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди маҳдудиятҳо дар кору эҷод дар пайи ҳамагирии коронавирус Зулайхо тавонист маҷмӯи таронаҳояшро омода кунад. “Ҳоло дар садади таҳияи як дует бо овозхони узбекистонӣ Озода Нурсаидова аст, ки рӯзҳои наздик тақдими ҳаводорон мешавад”, -- гуфт ӯ.

Дар баробари овозхонҳо, дар ин маросим Ораш Алоӣ, пизишки эронии муқими Амрико, ҳам иштирок дошт. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, суруду тарона дар ин рӯзҳои барои мардум мушкил метавонад кумак кунад, то рӯҳияи болида дошта бошанд.

“Ҳунармандон метавонанд, бисёр нақши муҳим дошта бошанд, дар баробари бемориҳое, ки мушкили иҷтимоӣ аст. Суҳбату паёмҳои онҳо ба сиҳативу равонии одамон дар замони пандемия кумак мекунад”, -- гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, пизишки эронии муқими Амрико вазъи вобаста ба коронавирусро дар Тоҷикистон “дар ҳоли ҳозир хуб” арзёбӣ кард, аммо гуфт, “мардумро зарур аст қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд. Дар акси ҳол вазъияти хуби феълӣ метавонад дар фасли зимистон бад шавад.”

Зулайхо Маҳмадшоева тақрибан даҳ сол пеш ба рӯйи саҳнаи ҳунар омадааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо б инед:

Зулайхо Маҳмадшоева "Намебахшам"-ро дар Душанбе муаррифӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Овозхонҳо ва оҳангсозону мутрибони тоҷик, ки ҳар сол серкор буданд ва бо баргузории барномаҳои ҳунарӣ ва иштирок дар тӯю маъракаҳои мардум даромади зиёде ба даст меоварданд, ҳоло бештари вақти худро дар хона мегузаронанд. Онҳо мегӯянд, аҳди коронавирус ба кору эҷоди онҳо низ бетаъсир намонд.

Дар пайи паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, мақомот аввал дастур доданд, ки барои беҳбуди вазъ баргузории маросими арӯсӣ ва консертҳо ба таъхир гузошта шаванд. Дертар танҳо барои баргузории маросими арӯсӣ бо иштироки кам одамон ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ иҷозат доданд.

Тоҷикистон ҳафт моҳ пеш мавҷудияти бемории ҳамагирро дар кишвар эътироф кард. Ба иттилои расмӣ, аз он замон то кунун 11 ҳазору 649 кас бемор шуда, 85 кас ҷон бохтаанд. Мақомот мегӯянд, беш аз 11 ҳазор кас шифо ёфтанд. Мутахассисон омори расмиро зери шубҳа мегузоранд ва миқёси беморӣ ва талафот аз онро бештар аз омори расмӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG