Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш ҷудокори тоҷик ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифтанд


Бозиҳои олимпии Порис-2024 аз 26 июл то 11-уми август баргузор мешаванд
Бозиҳои олимпии Порис-2024 аз 26 июл то 11-уми август баргузор мешаванд

Шаш ҷудокори тоҷик соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Порис-2024 шудаанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии «Ховар» бо такя ба Эргаш Маҳмадбеков, муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.

Шаш ҷудокори тоҷик соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Порис-2024 шудаанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии «Ховар» бо такя ба Эргаш Маҳмадбеков, муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.

Дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар намуди ҷудо аз номи Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳруз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов иштирок мекунанд.

Ба қавли манбаъ, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама зиёд ҷудокорони Узбекистон ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 роҳ ёфтаанд. Аз ин кишвар 7 мард ва 4 зан ба ин мусобиқаи бонуфуз мераванд.

Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса аз 26 июл то 11-уми август дар пойтахти Фаронса шаҳри Порис баргузор хоҳанд шуд.

Ба ғайр аз ҷудо, варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии Порис-2024, панҷ роҳхати дигар гирифтаанд, ки сетоаш ба риштаи бокс, яктоӣ ба таеквондо ва гуштии озод марбут аст.

XS
SM
MD
LG